solinav
Табассум боиси пайдоиши ожанги рӯй мешавад?
721

Оё медонед, ки табъи хуш ҳам ҷиҳатҳои манфии худро дорад?

Шахси асабиву бадҷаҳлро аз чеҳраи пурожанг ва абрӯвони гиреҳаш шинохтан мумкин аст. Ин тоифа аксаран аз рехтани мӯй низ шикоят мекунанд. Рафту шумо шахси ҳамешахандон бошед ҳам, барои шумо низ чанд хабари ногувор дорем. Маълум мешавад, ки чеҳраи ҳамеша моили табассум ё тааҷҷуб низ боиси пайдо шудани чинҳои рӯй мегардад.

Тааҷҷуби доимӣ

Дар бораи он ки табассум ва одати дар ҳама кор тааҷҷуб намудан ба пӯсти рӯйи шумо таъсири худро мегузорад, бо нишон додани акси актриса Эмилия Кларк иктифо мекунем. Ин бону ба андозае мимикаи фаъоли рӯй дорад, ки аллакай дар синни 34-солагӣ пешонияш пур аз ожанг шудааст. Агар шумо низ аз ҷумлаи бонувони умре дар тааҷҷуб қарордошта бошед, пӯсти пешониро пайваста маҳс кунед.

Ханда ҳам доруст, вале...

Нафарони хушчақ-чақро аз рӯйи чинҳои чуқури атрофи чашмашон шинохтан мумкин аст. Бо камоли майл хандиданро давом додан гиред, малҳамҳои муосир чинҳои мимикии шуморо бартараф месозанд.

Боз як сабаби пайдо шудани ожанг дар ин мавзеи рӯй одати чашмҳоро нимпӯш кардани инсон аст. Агар шумо аз ҷумлаи чунин нафарон бошед, ба назди духтури чашм рафта, айнак гиред.

Табассуми васеъ

Албатта бо рафтани синну сол дар пӯсти атрофи лабу бинӣ чинҳо пайдо мешаванд, вале табассуми васеъ боиси пайдоиши бармаҳали чунин чинҳо мегардад. Аз таҳти дил хандиданро идома диҳед, вале дар баробари ин, маҳс кардани пӯсти ин мавзеъ ва молидани малҳами нармкунандаро фаромӯш насозед.

Оромӣ, танҳо оромӣ!

Аз нуқтаи назари физиологӣ пӯсти мо ва системаи асаб бо ҳам алоқамандӣ доранд. Маҳз аз ҳамин хотир, пӯсти ҳамвору солим нишонаи ҳолати хуби равонӣ ба шумор меравад.

Мусаллам аст, ки зиндагӣ бе мушкиливу руҳафтодагӣ намешавад, вале бо ин ҳолатҳо мубориза бурдан мумкин аст. Барои ором кардани асабҳо ва болидаруҳӣ бо варзиш машғул шуда, бештар дар ҳавои тоза сайругашт намуда, мусиқӣ гӯш кунед.

Муҳаббат шифо мебахшад

Мегӯянд, ки ошиқон дар рӯйи худ нур доранд ва ин гуфта воқеан дуруст аст. Тавре собит гардидааст, дар ҷисми нафарони ошиқ сатҳи ҳормони окситотсин зиёд мешавад. Окситотсин (ҳормони муҳаббат) боиси хубтар шифоёбии яраҳо, ба эътидол омадани кори рӯдаву меъда, солимии мушакҳо гашта, сатҳи ҳормони кортизолро, ки онро ҳормони стресс меноманд, кам месозад.

Яъне, вақте зан ошиқ мешавад, зеботару ботароват мегардад ва аз ҳама гуна изтиробу фишори руҳӣ эмин мемонад. Аз ин рӯ, ҳамеша ошиқ бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД