arzon replenishment
Табобати духтури тоҷик аз хориҷӣ чӣ фарқ дорад?
765

 

Абдулло Шарипов, ҳаҷвнигори тоҷик, ки бар асари беморӣ се фарзандашро аз даст дода буд, барои саломат мондани писараш Аҳмадҷон, ки аз бемории остеомелит ранҷ мекашад, мубориза бурда истодааст.

image_2023-05-30_14-07-24

Бори аввал духтурони тоҷик ба Аҳмадҷон ташхиси устухонхӯрак (остеомелит) гузоштанд ва барои он ки ин фарзандашро низ аз даст надиҳад, писараш Абдуллоро ба Ҳиндустон бурда, ҷарроҳии аввалашро дар онҷо гузаронд. Ҳунарманд аз табобат ва нигоҳубини духтурони ин кишвар розӣ буд ва умед дошт, ки дигар аз ин беморӣ осоре намондааст, аммо баъди чанд муддат дарди фарзандаш дубора хуруҷ карда, давоми ду сол боз се маротибаи дигар ҷарроҳӣ шуд. Тавре ки худи Абдулло Шарипов зимни суҳбат бо мо қайд кард, эҳтимол дорад, ки бори дигар писараш ҷарроҳӣ шавад. 

image_2023-05-30_14-02-31 

“ Барои гардонидани варами пояш қатрадорҳо таъин мекунанд. Духтурон мегӯянд, ки агар ба қатрадоруҳо тавонем варами пойро гардонем, дигар ҷарроҳӣ намекунем. Аз рӯи гуфтаи онҳо ин беморӣ, бояд муддати ду солу шаш моҳ моҳ табобат карда шавад, писари ман бошад, нав 1 солу 4 моҳ шуд, ки табобат гирифта истодааст...”

image_2023-05-30_14-04-20

Абдулло Шарипов аввалину охирин нафаре нест, ки барои саломатии фарзандаш Барномаи видеоӣ бо Абдулло Шарипов талош дорад.Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари афроди бемор дошта имрӯзҳо кӯшиш мекунанд, ки наздиконашонро барои табобат ба хориҷи кишвар баранд.

Қаҳрамони дигари мо Санавбар Ҳалимова муддати 5 сол боз аз бемории бурселёз ранҷ мекашад. Ӯ бори аввал бо сӯзишу дарди пойҳо соли 2018 ба табибон муроҷиат намуда буд. Баъд аз муоина ва ташхиси тарбодшиносон муайян гардид, ки дар зери устухони зону оби ҷамъшуда мавҷуд будааст. Ҳамин тавр ӯро ба табобат фаро гирифтанд, вале тавре ки худи Санавбар нақл кард, дард муввақатан зери таъсири доруҳо кам шуда, баъди чанд вақт дубора хуруҷ намуд. Санавбар намедонад аз куҷо аз ин беморӣ сироят ёфтааст, зеро баъди муайян шудани бемориаш ҳамаи говҳои хонаашонро аз муоинаи духтурони ҳайвонот гузарониданд, аммо дар онҳо ин беморӣ пайдо накарданд.

Акнун фарзандони Санавбар мехоҳанд ӯро барои муоинаи дақиқ ва табобати натиҷабахш ба кишвари ҳамсояамон Ӯзбекистон бубуранд.  

Саволи матраҳ ин аст, ки чаро шахсони бемор дошта солҳои охир кӯшиш мекунанд, ки маризони худро барои табобат ба хориҷи кишвар бибаранд, дар ҳоле, ки дар ҷумҳурии худамон имрӯз шумораи зиёди беморхонаҳои давлатӣ ва клиникаҳои хусусӣ мавҷуданд, ки бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ муҷаҳаз гардонида шудаанд ва табибони соҳибтаҷриба низ ба кор ҷалб шудаанд?! Талаботи маризонро сатҳу сифати хизматрасонӣ қонеъ намесозад ё онҳо ба тибибони худӣ эътимод надоранд?

photo_2023-05-30_11-36-22

Шамсиддин Қурбонов, Раиси Бунёди рушди тибби хусусии Тоҷикистон, ҳамзамон Муассиси “Маркази тиббии НАСЛ”, табиби репродуктолог, дотсент, номзади илми тиб мегӯяд, дар кишварамон садҳо клиникаҳои давлатию хусусӣ фаъолият мекунад, ки ҳамаи ниёзҳои мардумро бароварда месозанд, аммо хадамотсозӣ кори якрӯзаву яксола нест.

“Тақрибан 20 соли пеш барои намудҳои зиёди хизматрасониҳои тиббӣ мардум маҷбур буданд ба хориҷи кишвар сафар кунанд, хушбахтона имрӯз аксари ин хизматрасониҳо дар кишвари худамон дастрас ҳастанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки мардум набояд барои муоина ва табобат ва ё барқарорсозии саломатиашон ба хориҷи кишвар нараванд. Бигузор раванд, бинанд ва муқоиса кунанд. Он вақт шояд бештар ба қадри мутахассисони маҳалӣ мерасанд”-мегӯяд Шамсиддин Қурбонов.

image_2023-05-26_12-44-55Аламхон Ахмедов, доктори илмҳои тиб, профессор майли мардуми тоҷикро ба табобат дар кишварҳои хориҷӣ ба норасоии кадрҳо дар соҳаи тиб нисбат медиҳад.

“Вақте сартабиб нияти гирифтани ин ё он дастгоҳии тиббиро мекунад, бояд то расидани дастгоҳ муттахассис омода кунад, на ин ки баъди расидан ва насб кардани дастгоҳ ва ба кор шуруъ кардан аз паи ҷустуҷӯйи муттахассис шавад. Дар чунин ҳолат бо сабаби нофаҳмӣ эҳтимоли корношоям кардани дастгоҳ вуҷуд дорад. Ман инро аз таҷриба мегӯям”-қайд кард ҳамсӯҳбати мо.

Аъламхон Ахмедов зимни сӯҳбат гуфт: “Ҳукумати кишвар дар сатми тандурустӣ ҳамаи корро карда истодааст ва ба даҳҳо миллион сомонӣ дастгоҳҳои рақамии муосир аз қабили томаграфияи компютерӣ, рентгенӣ рақамӣ, ташхиси ултрасадоии замонавӣ барои муассисаҳои тиббӣ хиридорӣ карда шудаанд, аммо барои дар сатҳи зарурии истифода бурдани онҳо мутахассисони хуб лозиманд.”

Профессор Аламхон Ахмедов аз он изҳори нигорӣ кард, ки имрӯз заҳматҳои табибони тоҷик, дастовардҳои онҳо таблиғ намешавад ва мардум аз мавҷудияти табибони ҳозиқи тоҷик, ки дар сатми ҷарроҳиҳои нодир ҳамто надоранд, бехабаранд.  

“Камбудии табибони мо дар ин аст, ки нисбати дастовардаҳояшон таблиғоту ташвиқот намебаранд. Мо дар конфронсҳо шоҳиди он мешавем, ки чи қадар ҷарроҳиҳои хубро ба анҷом мерасонанд, аммо онро таблиғ намекунанд. Ҳамин кор ба роҳ монда шавад ва мардуми мо аз пешравиҳои табибони худамон огаҳи пайдо кунанд, фикр мекунам дигар барои табобат ба кишварҳои хориҷ камтар мераванд”.

Ёдрас мешавем, ки танҳо дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ бо иштироки Президенти кишвар 15 иншооти соҳаи тандурустӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД