Тақдими ”Шоҳнома” ба мардуми Ховалинг
124

Шоҳасари безаволи Абулқосим Фирдавӣ - «Шоҳнома» ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон расид. Дар 5 ҷамоати ноҳия ба 7833 оила ин китоби арзишманди таърихию адабӣ ба ҳар як оила аз номи Сарвари давлат тақдим карда шудааст.

Тақсими “Шоҳнома” бо иштироки намояндагони Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, масъулони соҳаҳои маорифу фарҳанг ва фаъолони ҷомеа ба роҳ монда шуда, сокинон ин иқдоми Пешвои миллатро ҳамчун рамзи таваҷҷуҳи давлат ба фарҳанг, адабиёт ва худшиносии миллӣ бо ифтихору сипос пазируфтаанд.

Ин иқдом ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдими “Шоҳнома” ба аҳолӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва водии Рашт оғоз ёфта, ҳоло дар тамоми гӯшаву канори мамлакат идома дорад.

Сокинони ноҳияи Ховалинг ҳангоми соҳиб шудан ба туҳфаи Сарвари давлат изҳор доштанд, ки «Шоҳнома» ҳамчун мактаби бузурги хирад ва мардонагӣ барои ҳар хонанда манбаи ифтихор аз гузашта ва илҳомбахш барои оянда мебошад. Онҳо иброз намуданд, ки Пешвои миллат бо ин иқдоми беназир дар таҳкими худшиносӣ ва эҳёи фарҳанги миллӣ боби тозае боз намуданд.

Ин ташаббуси фарҳангпарварона дар баробари дигар иқдоми маънавии Сарвари давлат, аз ҷумла тақдими асари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров - «Тоҷикон» ба ҳар хонадон ба таҳкими ҳувияти миллӣ, болоравии маърифати фарҳангӣ ва бедории фикрии ҷомеа мусоидат менамояд.

Мардуми фарҳангдӯсти ноҳияи Ховалинг бо ифтихор таъкид карданд, ки ин туҳфаи пурғановати Пешвои миллат рамзи эҳтиром ба таърихи пурифтихори ниёгон ва пайванди устувор байни гузашта, имрӯз ва ояндаи давлатдории миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар идомаи татбиқи ин ташаббуси маънавии миллӣ инчунин соли 2026 Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор хоҳад гашт. Ин озмун, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ доир мегардад, бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва омӯзиши ҳамаҷонибаи осори адабии ниёгон ташкил мешавад.

Сарпарасти озмун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои мукофотонидани ғолибон аз Фонди захиравии Президент 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД