arzon replenishment
Таёта KEMRI ба Фондарё парид
307

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз сар задани садамаи ҳалокатбор дар ноҳияи Айнӣ хабар додааст.

Ин ҳодисаи фалокатбор дирӯз, тахминан соатҳои 7:15 дақиқа дар мавзеи оби Хуиҷи шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе –Чаннок дар километри 123,800 сар зада, мошини сабукрави тамғаи Таёта KEMRI аз баландии 180 метр ба Фондарё паридааст.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи наҷотдиҳандагон фавран ба макони ҳодиса сафарбар карда шуданд, вале бадбахтона наҷот додани мусофирони мошин аз марг ба онҳо муяссар нагаштааст. Ду мард ва як зан, ки дар дохили мошини ба дарё парида буданд, бар асари ин ҳодисаи нохуш ҷони худро аз даст додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД