Arzon march 2024
ТАҚЛИД БА ҚАҲРАМОНИ ФИЛМИ МУДҲИШ САБАБИ МАРГИ АРӮС ШУД!
1875

Дар Москав як духтари 25 - сола дар рӯзи маросими арӯсиаш аз олам даргузашт. Сабаби марги духтараки маҳрум доштани аллергия аз чормағзи дохили шоколад гуфта мешавад. Соли 2018 низ дар як филми даҳшатангез қаҳрамони асосии он аз хӯрдани шоколади чормағздор фавтидааст.

Мисли ин филм, зани ҷавоне низ дар Москав вафот кард. Ӯ вақте шириниро бо донаи чормағз мехӯрд, яку якбора ҷисмашро ларза фаро гирифт ва мисли ҳамон манзарае, ки духтар дар филми даҳшатнок иҷро карда буд, ҷон дод. Ба хотири наҷот додани арӯс мошини “Ёрии таъҷилӣ” ва гурӯҳи эҳёгарӣ даъват карда шуд, аммо бадбахтона онҳо духтарро наҷот дода натавонистанд.

Ба назари равоншиносон баъзе нафарон чун филми даҳшатнок тамошо мекунанд, сахт метарсанд ва дар натиҷаи аксуламалҳои он филм мефавтанд. Онҳо ҳодисаву ҳолатҳои дар филмҳо рухдодаро ба қисматашон монанд мекунанд ва дар натиҷаи сахт бовар кардан ба қаҳрамонҳои филм беҳуда курбон мешаванд.

Тибқи иттилои расонаҳо хешовандони шахси фавтида пешхизмати тарабхонаро ҳушдор додааст, ки арӯс аз чормағз аллергия дорад, аммо ҳангоми фармоиши хӯрокҳо ӯ шоколади ба чормаз супориш додааст, ки ин сабаби маргаш шуд. Дар сабти камераҳо дида мешавад, ки дар болои миз чанд дона ширинии чормағзӣ гузошта шуда буд ва арӯс аз ин ширинӣ тановул карда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД