sebiston july new
Тангаҳои нав ба муомилот бароварда шуданд
1537

Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки тангаҳо бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва 20, 50 дирам, барориши соли 2023 ба муомилот бароварда шуданд.

Гуфта шудааст, ки ин тадбир бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иқтисодиёт бо нишонаҳои пулӣ андешида шудааст.

"Тибқи қарори мазкур, муқаррар шудааст, ки тангаҳои «сомонӣ» бо арзиши номиналии 1, 3, 5 сомонӣ ва «дирам» бо арзиши номиналии 20 ва 50 дирам, барориши соли 2023 дар қатори тангаҳои дигари Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар муомилот қарор доранд, баробар гардиш менамоянд", - навиштааст сомонаи БМТ.

Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкили шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани тангаҳои барориши соли 2023 бо арзиши номиналӣ тибқи тартиби муқарраршуда тадбирҳои зарурӣ меандешад, иттилоъ медиҳад манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД