Arzon march 2024
ТАҶОВУЗГАР БЕ ҶАЗО НАМОНД
4401

Бинобар иттилои дафтари матбуотии суди шаҳри Душанбе, рӯзи 9-июл ҳукми зиндони Зиёев Юсуф Раҷабалиевич барои таҷовузи духтарчаи 3-сола дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

Мувофиқ ба иттилои манбаъ, бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин гардидааст:

“Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол, инчунин бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд”-оварда шудааст дар иттилоия.
Ба ҳамин минвол, додгоҳи пойтахт муӣобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъин карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чанд муддат қабл дар деҳаи лӯлинишини Кӯчабоғи ҷамоати деҳоти Сомон, ки дар наздикии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, духтараки ноболиғи 12 - сола баъди таҷовуз шуданаш аз ҷониби марди 42 - сола кӯдак таваллуд карда буд. Дар ин бора раиси Ҳизби сотсиал - демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукаш иттилдоъ дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД