formula
Таърихи ихтирои сӯзандору
988

 

Сӯзандору соли 1853 ихтироъ шуда, соҳиби патент гардид. Онро дар як вақт ду табиб аз кишварҳои гуногун бе огоҳӣ аз ҳамдигар ихтироъ кардаанд. Яке духтури ҳайвонот аз Фаронса Шарл Габриэл Праваз ва дигаре табиб аз Шотландия Александр Вуд мебошанд.

Байтор Праваз медонист, ки ҳангоми муолиҷа ҳайвон ором намеистад. Ба ӯ асбобе лозим буд, ки доруро ба хун гузаронад. Александр Вуд бошад, мехост бо беморон усули ҷарроҳии бедардро таҷриба намояд ва пайи ихтирои сӯзандору шуд.

Он замон барои сабук кардани дард ба мариз морфий медоданд ва на ҳар меъда онро сабук мепазируфт. Зарурат пайдо шуд, ки онро тавассути сӯзандору ба хун фиристанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД