Arzon march 2024
Таронаҳои наврӯзӣ
21.03.2022
Оила
1127

Биё, Наврӯз бар кошонаи мо офтоб овард
Биё, Наврӯз бар кошонаи мо офтоб овард,
Ба шоми интизоронаш чароғи моҳтоб овард.
Замини пир оҳанги ҷавонӣ мекунад имрӯз,
Баҳори нозанинаш боз ёде аз шубоб овард.
Чӣ нӯшин аст ширинхандаҳои духтари бодом,
Ки нозе аз хумор оварду шарме аз гулоб овард.
Суруди рӯд равшан кард хоби кӯҳсоронро,
Вуҷуди сабзаву гул даштро дар инқилоб овард.
Дили санг об шуд аз нолаҳои мутриби борон,
Ки аз абрешими зулфони резонаш рубоб овард.
Ба базми гул чиноре нӯшбоде гуфт мастона,
Муборак бод Наврӯзе,ки мастонро шароб овард!

 

Оғӯш пур аз ёсаман, хуш омадӣ,Наврӯзи ман
Оғӯш пур аз ёсаман,хуш омадӣ,Наврӯзи ман,
Ороста боғу чаман, хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Мӯҳри ҷавонӣ мезанӣ андар замири қалбҳо,
Бо ишваҳо бе як сухан, Хуш омадӣ, Наврӯзи ман.
Имсол аз ҳар солаӣ зеботару ҷаззобтар,
Гулчеҳраву гулпераҳан,хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Нози туро бардоштан фарз асту суннат баҳри ман,
Нозукадо, нозукбадан, хуш омадӣ,Наврӯзи ман.
Аз остон то осмон гул мекунад олам ҳама,
Васфи ту дар ҳар анҷуман,хуш омадӣ,Наврӯзи ман !

Наврӯзи ноз омад, гул ноз мекунад боз
Наврӯзи ноз омад, гул ноз мекунад боз,
Бо ноз сураташро пардоз мекунад боз.
Бо шарми духтарона,бо лаҳни дилбарона,
Оҳанги ошиқона оғоз мекунад боз.
Шевотарин тарона,Ширинтарин Фасона,
Аз Шираи забонаш овоз мекунад боз.
Бо шавқи роз гуфтан,бо шеваи шукуфтан,
Чашмони ошиқонро ӯ боз мекунад боз.
Дар тан либоси атлас чун духтарони наврас,
Бо боли орзуҳо парвоз мекунад боз.
Эй мутрибон навозед,эй ошиқон бисозед,
Гул ноз мекунад боз, эъҷоз мекунад боз!

Ба диёрам чи хушо боз баҳор омадааст
Ба диёрам чи хушо боз баҳор омадааст
Ба фазояш бинигар турна қатор омадааст.
Гули наврузи ба му карда бубин дилбаракон,
Ёри ман ҷилвакунон масту хумор омадааст.
Булбулон масти тамошои гули сурху сафед,
Мавсими ошик,ию бусу канор омадааст.
Лаби хушкидаи ман майли лаби борон аст,
Бусаборон ба сарам лайлу нах,ор омадааст.
Ба тамошогаҳи ёр омадаем, ёр куҷост?
Ошиқонро на пайи сабру қарор омадааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД