sebiston july new
Таъсиси телевизион дар Донишгоҳи миллӣ
490

Бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ Телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ) ифтитоҳ гардид.

Дар расми кушодашавӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар устодону шогирдон иштирок карданд. 

Дар робита ба дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати бунёдкоронаву маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Студияи таълимии телевизиони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо  дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва раёсати Донишгоҳию миллии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода шуд, ки барои омода намудани кадрҳо ва чеҳрахои нави телевизион саҳми худро хохад гузошт.

Студия бо техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, фаъол шудани он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосири ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ шаванд.

Таъсиси чунин телевизион ба сифати таҳсилот дар самти журналистикаи телевизионӣ таъсири мусбат мерасонад. Зеро, шаклҳову усулҳои нави таълимӣ яке аз талаботҳои асосии асри иттилоотӣ ба шумор меравад.

Ҳадафҳои асосии телевизиони донишгоҳӣ таълими амалии донишҷӯёни касби журналистӣ, ҳамкорӣ бо ВАО-и электронии шаҳриву вилоятиву ҷумҳуриявӣ, татбиқи лоиҳаҳои барои донишҷӯён ва омӯзгорон аз ҷиҳати иҷтимоӣ аҳаммиятдошта, инъикоси ҳаёти донишгоҳ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон, ҷалби донишҷӯён ба инъикоси набзи ҳаёти донишгоҳ ба шумор меравад.

Ба донишҷӯён шароит фароҳам оварда шудааст, ки технологияи тайёр кардани барномаҳои телевизиониро ба таври васеъ дар донишгоҳ омӯзанд ва бо донишҳои амалӣ ба истеҳсолот раванд. Шогирдон дар ин студияи замонавӣ имкон доранд, ки филмҳои таълимӣ, роҳнамоии касбӣ, презентатсияҳо ва роликҳои рекламавӣ таҳия намуда, тариқи васоити элетронии ахбор ҳунари худро муаррифӣ намоянд.

Таъсиси ин телевизион дар рушди журналистикаи соҳавӣ таъсир гузошта, дар Донишгоҳи миллӣ аз рӯи даҳҳо ихтисос ҷавонон соҳибкасб мешаванд ва ба онҳо садҳо нафар олимону устодони варзида таълим медиҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД