formula55
Таътил такроран дароз шуд
742

 

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бо назардошти сард омадани ҳаво ва идома ёфтани он, инчунин, бо мақсади ҳифзи саломатии тарбиятгирандагону хонандагон дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ таътили зимистонаи хонандагон то 20 январи соли 2023 тамдид карда шуд.

 

Гуфта шуд, ки машғулиятҳо дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ аз 20-уми январ оғоз мегарданд.

 

"Соатҳои дарсии дар давоми таътил иҷронашуда тибқи ҷадвали алоҳидаи тасдиқгардидаи дарси иловагӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби таътили баҳорӣ ва тобистона ҷуброн карда мешавад",-омадаст дар хабари Вазорат.

 

Қаблан, ин ниҳод таътилро то 16-ум тамдид карда буд.
 
Инчунин хонед:

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД