Таваҷҷуҳ ба ҳамлагари "Бавария" Ҳарри Кейн зиёд шудааст
12.02.2026
Oila.tj
66

Таваҷҷуҳ нисбати ҳамлагари англиси бошгоҳи "Бавария"-и Мюнхен Ҳарри Кейн аз ҷониби бошгоҳҳои Арабистони Саудӣ ба назар мерасад.

Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба Kicker хабар дода, меафзояд, ки дастаҳои пештози Арабистони Саудӣ, аз ҷумла "Ал-Аҳлӣ" ва "Ал-Иттиҳод" аз ҷумлаи тимҳои эҳтимолии харидори ин ҳамлавар мебошанд. Гуфта мешавад, ки роҳбарияти бошгоҳи олмонӣ тасмим гирифтааст ин ҳамлагарро нигоҳ дорад, аммо нуқтаи харидории иборат аз 70 миллион евро дар созишнома ба бозигар имкон медиҳад, ки пеш аз эътибор пайдо кардани ин нуқта ба роҳбарият расман дар бораи нияти рафтанаш хабар диҳад.

Ин мавсим Кейн дар 35 бозии "Бавария" дар ҳама мусобиқаҳо 38 гол задааст. Шартномаи кунунии бозигари англис бо дастаи шаҳри Мюнхен то тобистони соли 2027 муҳлат дорад. Тибқи иттилои сомонаи Transfermarkt, арзиши тахминии ӯ 65 миллион евро мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД