goodwell
Тавбаи марди майзада
06.09.2026
Oila.tj
64

Салом, хонандагони азиз! Ман марди 67-сола ва падари ҳафт фарзанд ҳастам. Имрӯз мехоҳам қиссаи зиндагии худро нақл кунам, то шояд хатои ман барои дигарон сабақ шавад.

Дар ҷавонӣ ба доми майхорагӣ афтодам. Рафиқони бад маро ба нӯшидани арақ одат кунонданд. Кам-кам чунин шуд, ки дигар бе шароб як рӯз ҳам худро тасаввур карда наметавонистам. Падару модарам одамони обрӯманд буданд. Падарам борҳо маро насиҳат кард, ҳатто вақте ки сухан таъсир накард, маро мезад, аммо ман боз ба майхона мерафтам. Баъд аз мастӣ дар кӯчаву хоку лой хобида, ба хона бармегаштам.

Номи ман ҳамчун майзада дар деҳа баромад. Духтардорҳо ҳатто шунидани хостгории маро намехостанд. Модарам бо ҳазор умед хостгорӣ мерафт, вале ҳама рад мекарданд. Ниҳоят, аз деҳаи дурдасте духтараке ба издивоҷ бо ман розӣ шуд.

Волидонам гумон доштанд, ки баъди оиладор шудан ақлам ба сарам медарояд. Аммо хато карданд. Ман ҳамсари меҳрубонамро озор медодам, маст ба хона омада, ҳатто даст ба ӯ мебардоштам. Пули коркардаамро ба арақ ва айшу ишрат сарф мекардам. Ҳамсарам бошад, ҳамаи сахтиҳоро таҳаммул карда, ҳафт фарзандро ба воя расонд.

Солҳо гузаштанд. Падару модарам низ аз дунё рафтанд. Ман мондам ва оилае, ки солҳо ба дӯши ҳамсари бечораам буд.

Рӯзе духтари калониамро ба ҷавони босаводу аз оилаи обрӯманд хостгор шуданд. Ҳамин вақт ба худ омадам. Фикр кардам, ки мабодо домод рӯзе духтарамро барои доштани падари майзада сарзаниш кунад. Аз ҳамон рӯз арақро тарк карда, аз Худованд барои гуноҳҳоям омурзиш хостам.

Шукри Худо, баъди ин ба духтари дуюмам низ хостгор баромад. Акнун мехоҳам боқимондаи умрамро бо обрӯву одамгарӣ гузаронам ва фарзандонамро сархам насозам.

Ман дер фаҳмидам, ки як одати бад метавонад на танҳо ҳаёти худи инсон, балки сарнавишти тамоми оилаашро вайрон кунад.

МУҲАММАДЗУҲУР, ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД