Ҳамлагари маъруфи дастаи «Бавария» ва капитани тими миллии Англия Гарри Кейн барандаи ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2026 гардид. Ин ҷоиза, ки яке аз муҳимтарин мукофотҳои инфиродӣ дар ҷаҳони футбол ба шумор меравад.
Тӯби тиллоӣ рӯзи 26 октябр дар маросими тантанавӣ дар шаҳри Лондони Британияи Кабир ба ӯ супурда шуд. Ин панҷумин бозигари англис аст, ки ба чунин дастоварди бузург ноил мегардад.
«Тӯби тиллоӣ» чист ва ба кӣ дода мешавад?
«Тӯби тиллоӣ» (Ballon d’Or) ҷоизаи бонуфузи байналмилалии футбол аст, ки маҷаллаи фаронсавии France Football соли 1956 таъсис додааст. Ҳадафи он қадрдонии футболбозоне мебошад, ки дар тӯли мавсими футбол бо маҳорати баланд, натиҷаҳои назаррас ва саҳми арзанда дар муваффақияти дастаи худ фарқ мекунанд.
Ин ҷоиза ҳар сол ба футболбозони беҳтарини мард ва зан тақдим мешавад. Ғолибон дар асоси овоздиҳии ҳайати доварон муайян мегарданд. Ҳангоми интихоб, пеш аз ҳама, маҳорати инфиродии бозигар, дастовардҳои ӯ дар мавсим, саҳмаш дар бозии даста ва риояи принсипҳои бозии одилона ба назар гирифта мешаванд.
Бори аввал кӣ соҳиби «Тӯби тиллоӣ» шуд?
Нахустин барандаи «Тӯби тиллоӣ» футболбози англис Стэнли Мэттюс буд. Ӯ соли 1956 ин ҷоизаро ба даст овард. Дар солҳои аввали таъсисёбӣ ҷоиза асосан ба футболбозони аврупоӣ дода мешуд. Баъдтар қоидаҳо тағйир ёфтанд ва имкони гирифтани он ба бозигарони дигар кишварҳо низ фароҳам омад. Дар тӯли таърихи ин ҷоиза садҳо футболбози машҳур барои ба даст овардани он мубориза бурдаанд. Аз ҷумла, Лионел Месси, Криштиану Роналду, Йоҳан Кройф, Мишел Платини ва Марко ван Бастен аз шахсиятҳои барҷастаи таърихи он ба шумор мераванд.
Лионел Месси бо ҳашт маротиба ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» рекорддори ин ҷоиза мебошад. Криштиану Роналду бошад, панҷ маротиба соҳиби он шудааст.
Харри Кейн — барандаи «Тӯби тиллоӣ»-и соли 2026
Харри Кейн яке аз ҳамлагарони машҳури футболи муосир ва капитани тими миллии Англия мебошад. Ӯ 28 июли соли 1993 дар шаҳри Лондони Британияи Кабир таваллуд шудааст.
Кейн фаъолияти худро дар футбол дар низоми ҷавонони клуби «Тоттенҳэм» оғоз карда, баъдан ба яке аз нишонзанҳои беҳтарини ин даста табдил ёфт. Ӯ бо маҳорати баланди зарба задан, интихоби мавқеи дуруст, бозии дастаҷамъона ва қобилияти эҷоди имкониятҳои голзанӣ машҳур аст.
Соли 2023 Кейн аз «Тоттенҳэм» ба клуби олмонии «Бавария» гузашт. Ӯ дар ҳайати ин даста низ нишондиҳандаҳои баланди голзанӣ ба даст оварда, мавқеи худро ҳамчун яке аз ҳамлагарони пешсафи Аврупо мустаҳкам кард.
Муваффақияти ӯ дар соли 2026 бо нишондиҳандаҳои назарраси инфиродӣ ва дастовардҳои даставӣ алоқаманд буд. Дар ин мавсим ӯ ба «Бавария» унвони қаҳрамони Бундеслигаи Олмон, Ҷоми Олмон ва Суперҷоми Франс Беккенбауэрро ба даст овард. Ҳамчунин, тими миллии Англия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 мақоми сеюмро ишғол кард. Ин натиҷа аз беҳтарин дастовардҳои Англия дар Ҷоми ҷаҳон пас аз қаҳрамонии соли 1966 ба шумор меравад.
Ҳамин тавр, гирифтани ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» барои ҳар як футболбоз дастоварди бузург ба ҳисоб меравад. Ин мукофот на танҳо маҳорати баланди инфиродӣ, балки заҳмат, устуворӣ ва саҳми бозигарро дар рушди футбол инъикос мекунад.
Абдуғаффор Шодиев