arzon replenishment
Тифл дар батни модар сағера шуду...
1280


Муҳаммад Одинаеви 27-сола, сокини ноҳияи Айнии вилояти Суғд буда, дар низоъҳои марзӣ бо қирғизҳо пайи дифоъи марзу буми Ватан қаҳрамонона ҳалок шуд.

Ин ҷавони шуҷоъ Донишгоҳи Олии ҳарбии Тоҷикистонро соли 2017 хатм карда, баъди хатми донишгоҳ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ ба фаъолият шурӯъ кард ва то дами маргаш ба ҳайси капитан кор мекард.

Муҳаммад қатори даҳҳои қурбониёни дигари низоъ ва ҷанги сарҳадӣ дар нимаи моҳи сентябр дар вақти иҷрои вазифааш- ҳимояи саҳарди Тоҷикистон аз тири нохалафони қирғиз кушта шуд. Ин ҷавонмарди ормонӣ соҳиби як духтарча буд ва вақте ки ҷонашро пайи дифоъи Ватан нисор кард, занаш дар батнаш тифли 7-моҳа дошта, фарзанди дуюмашонро интизорӣ мекашиданд, вале афсӯс, сад афсӯс, ки дидани рӯйи падар ба ин тифлаки бетолеъ муяссар нагашт...
Аз нақли тағои шаҳид
Тавре ки тағои Муҳаммади ғӯррамарг Муқим Шапиров ба мо нақл кард, ҳоло ҳамсари Муҳаммад арафаи ба дунё овардани тифли дуюм қарор дорад, вале афсӯс, ки Муҳаммад рӯйи фарзанди дуюмашро надида, зери хоки сард рафт. Модари Муҳаммади ноком Шарифамоҳ Одинаеваи 45-сола, ки соҳиби се фарзанд буда, ин ҷавони шуҷоъ фарзанди калониаш буд, шабу рӯз дар мотами писараш хун мегиряд.
“Ба пойи бачааш хоре халад, модар беқарор мешавад, акнун шумо тасаввур кунед, ки вақте шаҳбачаи рустамбозуяшро зер хок мекунанд, модар чи қадар дард мекашад. Як пораи дилаш, нахустфарзанди ҷияни ман дар ҳифзи Ватан шаҳид гашт. Муҳаммадҷони паҳлавони мо дар синни ҳамагӣ 27-солагӣ қурбонии ҷанги сарҳадӣ гашрта, дар дили пайвандонаш, махсусан дар дили модараш доғи ҷигарсӯзе ниҳод, ки ҳеҷ гоҳ шифо нахоҳад ёфт. Аз рӯзе, ки тобути ғарқи хуни писарашро оварданд, кори ҷиянам Шарифамоҳ фақат гиряву нола аст, аз субҳ то шом во балам гӯён, сарашро ба дару девор зада мегиряду мегиряд. Дар давоми 25-26 рӯз чунон хароб афгор ва рангу рӯяш заъфаронӣ шудааст, ки шинохта намешавад. Намедонам чи гуфта ӯро тасаллӣ диҳем. Аз фарзандаш пештар падарамонро (худо раҳмат кунад) ба хок супурда будем. Марги падарро таҳаммул накарда, ҷигарпорааш вафот кард. Худо рӯзи апаам-Шарифамоҳро ҳатто ба душман нишон надиҳад”-мегӯяд Муқим Шарипов.
Оилаи Одинаевҳо мисли ҳазорон хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷирати меҳантӣ рӯз мебаранд. Моҳи август додараи Муҳаммади ҷавонмарг- Сипеҳр Одининаев низ барои пайдо кардани қути лоямут руй ба муҳоҷират оварда буд, вале моҳи сентябр хабари шум-ҷанги сарҳадӣ ва марги бародарашро фаҳмида хун гиристу бо қарзу қавола фаврӣ ба ватан омада расид, то рӯйи сарди бародарашро бубинад ва дар паҳлӯи падару модари фарзандгумкардааш бошад.
Падари Муҳаммадҷон-Муллоҳусейн Одинаев усто буда, дар деҳа баъзе корҳои сохтмониро ба сомон мерасонад, вале баъди марги писараш чунон афсурдаю руҳафтода шудааст, ки дасту дилаш ба ягон кор пеш намеравад. Ин марди баркамол пинҳонӣ аз зану фарзандонаш хун мегиряд, аммо тақдирро тадбир карда намешавад...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД