Arzon march 2024
Тими миллии Тоҷикистон бо футболбозони Аморати Муттаҳидаи Араб рақобат мекунад
1290


Рақиби Тими миллии Тоҷикистон дар даври 1/8 финалии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” муайян шуд.

Футболбозони мо рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон бо Тими Аморати Муттаҳидаи араб қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Бозии Тими миллии Тоҷикистон бо футболбозони Аморати Муттаҳидаи Араб рӯзи якшанбе, 28-январ дар варзишгоҳи Аҳмад ибни Алии шаҳри Доҳа дар назар дошта шудааст. Бозӣ соати 19.00 бо вақти маҳаллӣ ва соати 21.00 бо вақти Душанбе оғоз хоҳад ёфт.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки аз рӯйи натиҷаи бозиии гурӯҳӣ дар мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” Тими миллии Тоҷикистон бо 4 хол дар гурӯҳи “А” дар зинаи дуюм қарор дорад. Тими Аморати Муттаҳидаи Араб бошад дар гурӯҳи “С” зинаи дуюмро ишғол намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД