Тими миллии Тоҷикистон шомили 100-гонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА гардид
21.01.2026
Oila.tj
124

Тими миллии Тоҷикистон мавқеи худро дар раддабандии нави ФИФА, ки 19-уми январ дар сомонаи расмии ин созмон нашр шуд, беҳтар кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар муқоиса бо нашри қаблӣ даста як зина боло рафт ва ҳоло бо 1224.93 хол дар ҷойи 100-ум қарор дорад. Тоҷикистон айни замон байни дастаҳои Осиё дар ҷойи 17-ум аст.
Дастаи миллии Тоҷикистон бозии навбатии худро 31-уми март дар шаҳри Ҳисор анҷом медиҳад. Яккачини кишвар дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо мунтахаби Филиппин рақобат мекунад.
Ёдовар мешавем, ки дар зинаи аввали раддабандии ФИФА тими мунтахаби Испания ҳамоно қарор дорад. Аргентина, Фаронса, Англия ва Бразилия панҷгонаи беҳтаринҳоро дар раддабандӣ ишғол мекунанд.
Нашри раддабандии навбатии ФИФА 1-уми апрел ба нақша гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД