formula
Тири оҳ қисми 1
1788

 Мегӯянд, ки гузаштаатро фаромӯш кунӣ, ояндаатро сохта наметавонӣ, вале афсӯс одамӣ хислате дорад, ки рӯзҳои бадро зуд фаромӯш мекунад. Имрӯз дар растаи нонфурӯшону дар мағозаю рӯи хони мардум анвои гуногуни хӯрданӣ, аз ҷумла қурси хуршедию хушбӯи нонро дида, ёдам ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ меравад, ки мардум ба хотири як пора нон тайёр буданд якдигарро зери мушту лагад гиранд.

Дар шаҳрҳо ҳолатҳое буд, ки мардум дар навбати нон ҷонашонро аз даст медоданд. Дар деҳот мардум ба ҷои гандум, зироатҳои ҳархеларо аз алафҳои бегона тоза накарда, орд карда истеъмол менамуданду заҳролуд шуда, варам карда, ҷони ширинашонро аз даст медоданд.

Дар ҳамин айёми сахту вазнин ҷони мардумро аз гуруснагӣ, ёрии башардӯстона раҳонд, ки аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ба Тоҷикистон чун давлати ҷангзада фиристода мешуд.

Дар ду-се моҳ як бор ин ташкилоти бонуфуз ба мардум маводи озуқаворӣ меоварданд, ки бисёрии он барои ятимону бепарасторон дода мешуд, мутаассифона дар ҳамин айём низ ашхосе ёфт мешуданд, ки аз нони даҳони беваю ятимон ва пирони барҷомонда мезаданд. Ҳодисае аз он рӯзгор ҳеҷ гоҳ аз хотирам намеравад ва дербоз мехостам онро рӯи коғаз биёрам…

                                 Раиси лабкашол

Дар деҳаи дурдасти Зарқабо низ касофати ҷанг расида буд, ҳарчанд ин деҳаи оддияки назарногир майдони ҷанг набуд, вале гуруснагию қашшоқӣ чун дуди сиёҳ ба хонаҳои мардум сар халонда, онҳоро гирёну маҳзун намуда буд.

Дар ҳамин айём, ки аксари раисони машҳуру пуштибонони мардумро силоҳбадастон кушта буданд ё онҳо гуреза шуда ба Афғонистон рафта буданд, Пирӣ раиси деҳаи Зарқабо интихоб гардид.

Номи раис аслан Пирмуҳаммад буд, вале аз хурдӣ ӯро кутоҳтар ҳамту Пирӣ мегуфтанд, азбаски мард лабҳои ғафси кашол дошт, дар ғайбаш Пирии лабкашолаш низ мегуфтанд. Пирӣ акнун савори «Москвич»-и кӯҳнаи шаллақаш, ки дар деҳа ягона нақлиёт ҳисоб мерафт, бо кару фар мегашт. Занони шӯхи деҳа, ки ҷанг низ зевари зарофатгӯиро аз онҳо набурда буд, ба раис байт низ монда буданд:

Дунё, ки ба дасти нокасон розӣ шид.

Қозиё мурданду лабкашол қозӣ шид.

Ё

Дар Заринқабо бӯи бушол (як навъ гиёҳ) афтодай.

Раисӣ ба дасти лавкашол афтодай!

Ин шӯхиҳои занҳо ба гӯши Пирӣ расанд ҳам, худашро бепарво нишон медод, вале дар дил кина гирифта мегашт...

                                                                         давом дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД