formula
Тоҷик дар Амрико барои писараш самолёт харид!
575


Як марди тоҷик дар Амрико ҳавопаймои хурди омӯзишӣ харидааст, то ки ба фарзандаш ҳавонавардиро ёд диҳад.

Абдураззоқ Абдуллоев, зодаи Тоҷикистон ва муқими Амрико аст. Идора кардани ҳавопаймо барои ин тоҷики амрикоӣ як саргармӣ будааст, вале писараш Аҳмадҷон ҷиддан ба омӯзиши ҳавонавардӣ машғул шуданист.
Писари ин марди тоҷик, ки нав ба синни 17-солагӣ қадам ниҳодааст, акнун метавонад, ҳавопаймоеро, ки падараш барояш харидааст, идора кунад.
Дар Амрико барои ҳавонаварди касбӣ шудан кас бояд ҳади ақал 1500 соат ҳавопайморо идора ва парвоз кунад. Аз ин ҳисоб на камтар аз сад соаташ бояд парвоз дар ҳавопаймои дорои ду муҳаррик бошад. Дар омӯзишгоҳҳои ҳавонавардии Амрико арзиши як соат парвоз ҳудуди 150 доллар нарх дошта, на ҳама тавони пардохташро доранд.
Тавре ки Бомдод менависад, Абдураззоқ Абдуллоев барои омӯзиши ҳавонавардӣ ба писараш роҳи осонтареро пайдо карда, ҳавопаймои “Сessna 172 skyhawk” харидааст ва Аҳмадҷон ҳоло молики он аст. Абдураззоқ Абдуллоев мегӯяд, “ҳавопаймои мазкур бештар барои омӯхтан, яъне махсус барои таҷрибаомӯзӣ сохта шудааст.”

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД