Oila 5 years
Тоҷикистон ҳамчун кишварии озод аз бемории вараҷа эътироф шуд
491

Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳиномаи кишвари озод аз бемории вараҷаро тақдим кард.

Рӯзи 18 май дар остонаи ҷаласаи солонаи Ассамблеяи ҷаҳонии тандурустӣ дар Женева (Швейтсария) Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, доктор Тедрос Адҳаном Гебрейесус, мулоқот кард ва ӯ гувоҳиномаи расмии кишварии озод аз бемории вараҷаро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон супурд.

Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2023, пас аз қарори директори генералии СҶТ ва дар асоси тавсияи Гурӯҳи мустақили машваратии техникӣ оид ба решакан кардани вараҷа гувоҳиномаи кишвари озод аз бемории вараҷа дода шуд. Додани гувоҳинома аз решакан кардани вараҷа дар кишвар, пас аз талошҳои устувори пешгирӣ ва назорати ин беморӣ, шаҳодат медиҳад.

Вараҷа як бемории сироятӣ мебошад, ки аз ҷониби як намуди махсуси хомӯшакҳо - "Anopheles" паҳн карда мешавад. Ин беморӣ ба ҳаёти инсон таҳдид мекунад ва махсусан барои кӯдакони навзод, то панҷсола, занони ҳомила, сайёҳон ва одамоне хатарнок аст, ки гирифтори бемориҳои музмин мебошанд ва системаи масунияти суст доранд. Ин рӯзҳо вараҷа дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бемории эндемикӣ аст. Аз ин рӯ, кишварҳое, ки ҳамчун кишварҳои озод аз бемории вараҷа тасдиқ шудаанд, бояд ҳушёр бошанд, то аз хуруҷи такрории вараҷа дар қаламравҳои худ пешгирӣ кунанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то солҳои 1960 шумораи зиёди ҳодисаҳо мушоҳида мешуд ва мақомоти кишвар ба авҷи эпидемияи ин беморӣ дар ибтидои солҳои 1990 вокуниш нишон дод. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тариқи омӯзиши мутахассисон дар соҳаи бемории вараҷа, мушоҳида ва назорати хомӯшакҳои паҳнкунанда ва ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирӣ ва бартарафсозӣ чорабиниҳои лозимро анҷом дод.

Маблағгузорӣ ва талошҳои кишвар дар сиёсати тандурустии давлатӣ ҷиҳати решакан кардани ин беморӣ ва нигоҳ доштани мақоми озод аз бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омили муҳимтарин буд. Тадбирҳои асосии пешгирикунанда аз пошидани заҳрдоруҳои зидди ҳашарот дар дохили хонаҳо, баланд бардоштани зарфияти кормандони соҳаи тиб, ки дар ташхиси барвақт, равонасозӣ, табобат ва пайгирии ҳолатҳои вараҷа нақши калидӣ доранд, иборат буданд.

Системаи миллии назорати электронии бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ошкор кардани ҳолатҳои нав ва баргузор кардани тафтишоти фаврӣ барои назорати паҳншавии ин беморӣ муҳим буд.

Ғайр аз он, кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар рафъи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тавассути расонидани муолиҷа ва иттилооти мустақим ба ҷомеаҳо дар бораи пешгирии бемории вараҷа ва таъмин кардани ошкорсозии барвақт ва табобати ҳамаи ҳолатҳо нақши муҳим бозӣ кардааст. Аз ин рӯ, муваффақияти решакан кардани бемории вараҷа аз аҳамияти ёрии аввалияи тиббию санитарӣ шаҳодат медиҳад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шарикони рушд вазифадор шуданд, ки кӯмаки аввалияи тиббию санитариро минбаъд низ пурзӯр намоянд ва баёнияи муштаракро таҳия намуда, дидгоҳи умумиро дар бораи амалҳо ва афзалиятҳои зарурӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Барои нигоҳ доштани мақоми кишвари озод аз бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки мақомоти масъул ҳамеша ҳушёр бошанд. Ин беморӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамчун бемории эндемикӣ боқӣ мемонад ва барои пешгирӣ ва мубориза бо вараҷа, махсусан дар посгоҳҳои сарҳадӣ афроди омӯзонидашуда ва маводҳои лозим барои озмоишро тақозо мекунад.

Дар Тоҷикистон чор намуди хомӯшакҳо мавҷуданд, ки метавонанд паразитҳои вараҷаро ба одамон интиқол диҳанд. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки системаҳои қавӣ ва устувори мушоҳида ва назорати паҳнкунандаҳо дар тамоми сатҳҳо дар кишвар нигоҳ дошта шаванд.

Ғайр аз ин, таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, маблағгузории системаи тандурустӣ ва сармоягузорӣ ҷиҳати омодагӣ ва вокуниш дар ҳолатҳои фавқулодда барои пешгирӣ аз паҳншавии дубораи вараҷа, инчунин дигар бемориҳои тавассути ҳашаротҳо ва ҳайвонот паҳншаванда ва сироятӣ, ки ба саломатии аҳолӣ хатари зиёд доранд, муҳим мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД