toyota motors
Тоҷикистон Чемпионати Осиё оид ба боксро бо 3 медал ҷамъбаст кард
13.04.2026
Oila.tj
100

Дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон Чемпионати Осиё оид ба бокс ба анҷом расид. Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳои марҳили ниҳоӣ баргузор шуданд. Дар ин марҳилаи мусобиқа кишвари моро Парвиз Каримов дар вазни то 90 кг намояндагӣ кард.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, намояндаи асосии Тоҷикистон дар финал Парвиз Каримов буд, ки дар вазни то 90 кг баромад намуда, соҳиби медали нуқра гардид. Ин дастовард таърихӣ ба ҳисоб меравад, зеро ин аввалин медали нуқраи Тоҷикистон дар мусобиқаҳои таҳти сарпарастии World Boxing мебошад.

Ҳамчунин, дар Улан-Батор Миҷгона Самадова (57 кг) ва Некрӯз Салимов (80 кг) барои Тоҷикистон медалҳои биринҷиро соҳиб шуданд. Дар умум, Тоҷикистон бо 3 медал, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ мусобиқаро ба анҷом расонид, ки нишондиҳандаи мусбати рушди бокси кишвар арзёбӣ мешавад.

Дар мусобиқа мураббиҳо Саидхуҷа Мамуров ва Хуршед Ҷӯраев роҳнамои ҳайати бокси Тоҷикистон буданд.

Дар мусобиқаи мазкур намояндагони 25 кишвар ва наздики 230 муштзан ширкат намуданд.

Муваффақияти муштзанҳои тоҷик дар Улан-Батор нишон медиҳад, ки бокси Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор дошта, метавонад дар арсаи байналмилалӣ натиҷаҳои боз ҳам беҳтар ба даст орад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД