goodwell
Тоҷикистон дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» иштирок мекунад
26.06.2026
Oila.tj
77

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи ноябри имсол дар мусобиқаи «King’s Cup 2026» иштирок мекунад.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 дар рўзҳои FIFA дар моҳи ноябр дар мавсими 52-юми мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки дар Тайланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Барои ба даст овардани ҷом дастаҳои Тоҷикистон, Тайланд, Уммон ва Баҳрайн мубориза мебаранд. Тибқи низомномаи мусобиқа, пас аз қуръакашӣ дастаҳо ба ду ҷуфти даври ниманиҳоӣ тақсим мешаванд. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар финал бо ҳам рақобат мекунанд, дастаҳои мағлуб барои ҷойи сеюм ба майдон мебароянд.

Мусобиқаи «King’s Cup 2026» аз 9 то 17-уми ноябр дар Тайланд баргузор хоҳад шуд. Соли 2022 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чиангмай ғолиби ин мусобиқа шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД