Formula july 2024
Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатиро ба Британия, Корея ва Арабистон мефиристад
655

 

Фоҷиаи ҷигарсӯзи дар “Крокус-Сити Холл” рӯйдода мисли вулқоне гашт, ки то ба ҳол ҷӯшу хурӯши он ҳеҷ ором намегирад. Ҳамарӯза дар паҳнои интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва васоити дигари ахбори омма даҳҳо хабарҳои пурҳангома паҳн мешаванд, ки баъди ин ҳодисаи нохуш вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ниҳоят бад шуда, онҳо сари ҳар қадам гирифтори фишор ва таҳқир гашта истодаанд. Мегӯянд, аксари муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба таҳлука афтида, даста-даста ба Ватан баргашта истодаанд ва рӯзҳои охир пайдо кардани чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Душанбе бениҳоят душвор шудааст...

Ин овозаю ҳангомаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

Вазъи воқеъии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия чи гуна аст?

Оё намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия дар ин рӯзҳои душвор муҳоҷирони тоҷикро дастгирӣ мекунанд?

Сари ин мавзӯи муҳим мо бо Нурулло Ғафуриён, масъули бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон суҳбат доштем ва фишурдаи муҳовараи худро манзури шумо мегардонем.

- Нурулло, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Россия намояндагиҳои худро дорад. Пас аз ин ҳодисаи нохуш теъдоди муроҷиаткунандагон ба намояндагиҳо то кадом андоза зиёд шудааст? Мегуфтед, ки муҳоҷирон бештар бо кадом масъалаҳо муроҷиат мекунанд?

- Намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират, фаъолияти худро дар самти баррасии арзу дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, вохӯрӣ бо субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати мусоидат барои бо кор таъмин намудани муҳоҷирон, чораандешӣ барои пардохти музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷониби корфармо, расонидани машварат ва ёрии амалии ҳуқуқӣ, мусоидат барои бекор кардани қарорҳои судӣ оид ба депортатсияи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лағви манъи вуруди муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳолати доштани асосҳои ҳуқуқӣ, вохӯрӣ бо мақомоти қудратии Федератсияи Россия, ҳамкорӣ бо диаспораҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони муқими Россия ба роҳ монда, дар шароити кунунӣ низ динамикаи фаъолияти он тағйир наёфтааст. Мавзӯи муроҷиати муҳоҷирони меҳнатӣ- ва умуман шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қариб бетағйир боқӣ монда, онҳо бештар барои дарёфти ҷойи кор, ҳолатҳои пардохт нагардидани музди меҳнат, гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ва лағви манъи вуруд ба Федератсияи Россия муроҷиат мекунанд.

- Барои минбаъд пешгирӣ кардани чунин ҳодисаҳои нохуш чи корҳо анҷом дода мешаванд?

- Қабл аз ҳама бояд таъкид кард, ки таҳаммули он рӯзҳо танҳо барои Федератсияи Россия ва халқи рус душвор нест, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан тоҷикон, ки бо халқи рус пайванди таърихию фарҳангӣ доранд, душвор буда, аз Пешвои миллат то сокинони кишвар ҳамаи тоҷикон ғамшарики пайвандону наздикони қурбониҳои он фоҷиаи нагин мебошанд. Барои пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла ҳар як намояндагӣ аз тамоми муроҷиаткунандагон даъват ба амал меорад, ки аз иштирок дар дилхоҳ муноқиша худдорӣ намоянд ва ба ахбори ғайрирасмии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд, ба ҳолати таҳлука наафтанд...

- Мушаххас гуфта метавонед, ки ҳодисаи нохуши дар “Крокус Сити Холл” рӯйдода ба ҳаёти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия чӣ таъсир расонд ва вазъият минабъд чи гуна хоҳад буд?

- Вазъияти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки будубош ва фаъолияти худро расмӣ гардонидаанд, қариб бетағйир мондааст ва ягон ҳолати мубҳам онҳоро таҳдид намекунад. Аммо эҳтимолияти минбаъд зиёд шудани чораандешиҳо нисбати муҳоҷироне, ки фаъолияти ғайрирасмӣ ва ғайриқонунӣ доранд, вуҷуд дорад. Аз ҳамин хотир, муҳоҷирони меҳнатии моро зарур аст, ки ҳамеша қонунгузории кишвари зисти муваққатиро эҳтиром ва риоя намоянд.

- Мегӯянд имрӯзҳо муҳоҷирони тоҷик гурӯҳ-гурӯҳ Русияро тарк карда истодаанд ва ёфтани чиптаи ҳавопаймо аз Маскав ба Тоҷикистон бениҳоят душвор шудааст. Ин овозаҳо то куҷо ҳақиқат доранд?

- Рафту омади шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия хусусияти доимӣ касб кардааст. Шаҳрвадони Тоҷикистон ба Россия натанҳо ба муҳоҷират, балки барои табобату солимгардонӣ, таҳсилоту такмили тахассус ва саёҳату меҳмонӣ низ сафар мекунанд. Ба ҳамин хотир аст, ки рафту омади тоҷикон ба хориҷа аз ҳама бештар маҳз ба Федератсияи Россия рост меояд. Баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ба Ватан низ чандон падидаи нав нест. Бе ҳодисаҳои ахир ҳам ҳамарӯза ҳазорон нафар муҳоҷирон ба Тоҷикистон бар мегаштанд ва то кунун ин нишондиҳанда чандон тамоюли афзоиш надорад.

- Муҳоҷироне, ки имрӯзҳо дар Русия бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ба куҷо бояд муроҷиат намоянд?

- Ҳангоми дучор омадан бо мушкилиҳо ва дигар ҳолатҳои ногувори пешбининашаванда муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, ки дар суроғаи шаҳри Москва, гузаргоҳи Гранатный, 13 ҷогир шудааст, муроҷиат намоянд ё ба телефони 8(495) 690-41-86 занг зананд. Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик метавонанд ҳамчунин ба намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли алоҳии Тоҷикистон дар Русия бо рақами тел:+7(495) 9679844 аз 9.00 то 18.00 ва дар шаҳри Маскав ба рақамҳои +7(926) 462-62-01, +7 (903) 597-12-13 занг зада, кӯмак пурсанд. Маълумот дар бораи суроға ва рақамҳо барои тамос бо ин сохторҳо дар сомонаҳои расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти муҳоҷират ва Намояндагиҳои вазорат дар Федератсияи Россия низ дастрас мебошанд.

- Маслиҳати шумо ба тоҷиконе, ки новобаста ба авзоъ мехоҳанд ба Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ раванд?

- Муҳоҷирон пеш аз ҳама, бояд ба таҳлука наафтанд. Кӯшиш кунанд, ки сари вақт будубош ва фаъолияти меҳнатии худро дар Русия ба расмият дароранд. Ба хабарҳои ғайрирасмии ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд. Ба фиреби миёнаравҳо дода нашаванд ва аз иштирок дар дилхоҳ бенизомиҳо худдорӣ намоянд.

- Мегӯянд, минбаъд Русия бештар муҳоҷирони меҳнатро ба таври мутташакалона қабул мекунад. Рост аст?

- Бале, тавре таҷрибаҳо нишон медиҳанд, беҳтарин роҳи таъмини кафолати бехатарӣ ва муваффақияти кори муҳоҷирон ин ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин ё он давлат мебошад. Муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки тариқи муассисаҳои давлатӣ - Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа, Марказҳои машваратӣ ва омодагии қабл аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор – ширкатҳои хусусӣ ба Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо сафар кунанд.

- Муҳоҷирати муташаккилона чӣ бартариҳо дорад?

- Аввалан, дар сурати ба таври мутташакилона сафарбар гаштани муҳоҷирони меҳнатӣ бехатарии онҳо аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Дуюм: таъмини муҳоҷирони меҳнатӣ бо бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои барасмиятдарории фаъолияти меҳнатӣ дар ин ҳолат бар дӯши субъекҳои хоҷагидоре мебошад, ки муҳоҷиронро қабул мекунанд. Сеюм: Ба муҳоҷирон таъминоти иҷтимоӣ ва шароити бехатари меҳнат кафолат дода мешавад. Чорум: ҳаҷми музди меҳнат пешакӣ муайян шуда, фиребгариҳо камтар мешаванд.

- Ширкатҳои Русия имрӯзҳо низ барои ҷалби муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ба кор дархост мефиристанд ё дигар чандон майл надоранд?

- Маврид ба таъкид аст, ки новобаста аз ҳодисаи ахир дархостҳои ширкатҳои ҷониби Россия барои ба кор ҷалб намудани муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шудааст.

- Дар сурати коҳиш ёфтани раванди муҳоҷират ба Русия Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии худро ба кадом кишварҳо фиристода метавонад?

- Гуногунсамтсозии муҳоҷират яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа дар соҳаи муҳоҷират маҳсуб мегардад. То ин вақт ҳам барои сафарбар намудани муҳоҷирони меҳнатӣ ба дигар кишварҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда, шумораи муайяни муҳоҷирон ба Британияи Кабир ва кишварҳои Аврупо фиристода шуданд. Барои минбаъд васеътар кардани сарҳади муҳоҷират ва фиристодани муҳоҷирони тоҷик ба кишварҳои дигар айни замон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сохторҳои марбутаи давлатҳои Аморати Муттаҳидаи Араб, Британияи Кабир, Венгрия, Руминия, Болгария, Туркия, Қатар, Литва, Латвия ҳамкориро ба роҳ мондааст. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба низоми шуғли Кореяи Ҷанубӣ ворид гашт ва ба наздикӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи расман дар Кореяи Ҷанубӣ фаъолият намуданро соҳиб мешаванд.

- Барои суҳбати ҷолиб як ҷаҳон ташаккур!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД