Arzon march 2024
Толеъномаи 15 декабри 2019, якшанбе
1654

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рўз таъмири хона, харидани асбобњои техникї ва либоси навро маслињат намедињем. Аз шамол хўрдан эњтиёт шавед, эњтимоли бемор шуданатон зиёд аст. Аз робитаи нодаркор худдорї намуда, пул ќарз нагиред ва бо дўстон масъалањои молиявиро њаллу фасл накунед, вагарна њам дўстиятон анљом меёбаду пул њам кор карда наметавонед. Нафароне, ки бо дӯстдоштаашон қаҳрӣ буданд, оштӣ мешаванд.

Савр (21 апрел-22 май)

Аз робита бо ҳамкорон ё роҳбарият дурӣ ҷӯед. Уҳдадориҳоятон зиёд гашта, қуввати зиёдатонро мегиранд ё маблағи пулиро аз даст медиҳед. Дар муносибатҳои ошиқона бењбудӣ дида мешавад, вале хабари ногаҳонӣ боиси он мегардад, ки дӯстдоштаи худро фаромӯш мекунед. Даромади хуби пулї эҳтимол дорад.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рўз маслиҳат ва миёнаравии дӯстон, дастгирии нафарони воломақом айни муддао мегардад. Эҳтимол бо ишқи деринатон вомехӯред. Ба зихнагӣ роҳ надињед, вагарна даромади пулии ночиз ба даст меоред. Саломатии худро фаромўш накунед, асабонияти пайваста ба саломатиятон зарар мерасонад, як ќисми уњдадорињои худро ба дўши дигарон гузоред.

Саратон (22 июн- 22 июл)

Дар ин рўз уҳдадорињои навро ба дӯш нагиред. Корҳои муҳим боиси он мегардад, ки шахси дўстдоштаро фаромўш мекунед. Даромади пулӣ имкон дорад, вале табъатон худ ба худ тағйир ёфта, эњтимоли бо шахси дўстдошта муноқиша карданатон вуљуд дорад. Бо нафарони ношинос суҳбат накунед, вагарна дучори мушкилињо мегардед.

Асад ( 23 июл- 23 август)

Рўзи душвор аст. Имкониятњои худро ба назар гирифта амал кунед, аз робитаҳо худдорї намоед. Эҳтимоли сарфи беҳудаи пул вуҷуд дорад, бо сабабњои бароятон номаълум имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медињед. Бегоҳирўзӣ бо нафаре аз хешовандон ё аъзоёни оила муноқиша имкон дорад. Аз рӯи як гапи ночиз бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон имкон дорад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз бо фикру андешањои худ дар танҳоӣ ва оромӣ будан мехоҳед. Рӯзи хубест барои ба анљом расонидани корҳои ба таъхирмонда. Хобҳоятон амалӣ мешавад, қобилияти пешгӯӣ кардани ҳодисањоро пайдо мекунед, аз ин рў бо амри дил амал кунед. Саломатӣ ташвиш намедиҳад, вале эҳтиёткориро талаб мекунад. Барои изҳори муҳаббат рӯзи бобарор аст.

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Рўзи мушкил аст. Ба маслињату миёнаравии дўстон, дастгирии нафарони воломаќом умед набандед, эњтимоли фиреб хўрданатон зиёд аст. Хоњиши бароњат сохтани манзили зист боиси сарфи пули зиёд мегардад. Аз њад зиёд дил бастан ба ширинї боиси фарбењ шуданатон мегардад. Меҳрубониву дилёбии шумо дӯстдоштаатонро пару бол мебахшад. Аз нафароне, ки гирифтори бемории зуком ҳастанд, дурӣ ҷӯед.

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Дар ин рӯз аз натиљаи кори якҳафтаинаи худ қаноатманд намегардед. Эњтимол нақшаву ниятњоятон оид ба истироњат амалӣ намешаванд. Бо наздикони худ ошкоро бошед. Дар масъалаҳои пулӣ сарфакор шавед. Банду буғумҳои худро аз ҷароҳат бардоштан эҳтиёт кунед. Хусусан пойҳоятонро аз латхўрӣ њифз намоед. Дар муносибатҳои ошиқона навигарӣ дида намешавад.

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар ин рўз аз сафар кардану робита бо нафарони ношинос худдорӣ намоед. Фориғболӣ нисбати саломатї ё кори фишоровар боиси асабхаробї ё бемории дигар мегардад. Дар љодаи касбу кор маблағи калони пулиро аз даст медињед. Агар нияти бо нафари воломаќом шинос шуданро дошта бошед, ин корро ҳамин рӯз ба анҷом расонед. Бемориҳои пайдошударо бо худтабобаткунӣ рафъ карда наметавонед.

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Дар ин рӯз кор ва вохўрињои корӣ қувваи зиёдатонро талаб мекунад. Босабру таҳаммул бошед, зеро мушкилињои молиявї сар мезананд. Мењнатдўстӣ ва иродаи мустањкаматон њодисањои манфии рўзро кам месозанд. Хариде карданатон лозим меояд, ки тамоман дар нақша надоштед. Баъди нисфирӯзӣ каме нотоб мегардед, вале зуд ҳолатон хуб мегардад.

Далв (21 январ- 20 феврал)

Рўзи бобарор аст, мушкилињои молиявї бобарор анљом меёбанд. Сафару саёҳатҳо бобарор мешаванд. Ба мушкилињои ночиз диққат додану хавотир шуданро маслиҳат намедиҳем. Либоси нав харидан ва ба назди табиби дандонпизишк рафтанатон хуб нест. Эҳтимоли бо зане муноќиша карданатон вуҷуд дорад.

Ҳут (21 феврал- 20-март)

Дар ин рўз эҳтимоли фаромўшхотир шудану ба фориғболӣ роҳ доданатон вуҷуд дорад. Бемор шуданатон имконпазир аст. Барои табобат ба мутахассиси ботаҷриба муроҷиат кунед. Табобатро ба таъхир нагузоред, беморӣ худ ба худ рафъ намегардад. Бо касе шинос шуданро тавсия намедиҳем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД