Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 15-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2026
1540

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар ҳаёти шахсӣ баъзе нофаҳмиҳо ба миён омада метавонанд. Шояд эҳсос кунед, ки боз бо ҳамон мушкили кӯҳна рӯ ба рӯ шудаед. Аммо худро гунаҳкор ё қурбонии вазъият ҳисоб накунед. Беҳтараш вақти худро ба корҳои хона, ба тартиб овардани муҳити зист ё нав кардани фазои хона сарф намоед. Шиносҳои нав метавонанд барои пайдо кардани кори беҳтар ва сердаромад мусоидат кунанд. Барои оғози нақшаҳо ва корҳои нав рӯзи мусоид аст. Саломатӣ низ шуморо нигарон намекунад.

Савр (21 апрел-21 май)

Имрӯз метавонед кореро анҷом диҳед, ки муддати дароз онро ба таъхир мегузоштед. Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти муҳим рух дода метавонанд. Кӯшиш кунед барои шахси дӯстдоштаатон вақт ҷудо намуда, шоми хотирмонеро якҷо сипарӣ кунед. Ин ба мустаҳкам шудани муносибатҳо мусоидат мекунад. Дар масъалаҳои корӣ ва молиявӣ имкониятҳои нави даромад пайдо мешаванд. Барои омӯзиши донишҳои молиявӣ рӯзи хуб аст. Дар варзиш низ таҷрибаи наверо санҷед.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Имрӯз беҳтараш эҳсосоти шахсии худро ба ҳар кас ошкор накунед. Баъзе сирру розҳоро танҳо барои худ ва шахси наздик нигоҳ доред. Қабули қарорҳои муҳим метавонад каме душвор шавад, аз ин рӯ шитобкорӣ накунед. Роҳбарият фаъолияти шуморо зери назар дорад, вале барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ ҳанӯз бояд бештар талош намоед. Дар ҷойҳои серодам эҳтиёткор бошед ва аз нигоҳубини ашёи шахсӣ ғофил намонед. Рӯз орому муътадил мегузарад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз эҳсосоти ошиқона ва хоҳиши муошират дар шумо бештар мешавад. Кӯшиш кунед аз корҳои зиёд каме фосила гирифта, бо наздикон ва дӯстони худ бештар вақт гузаронед. Агар миёни шумо ва хешовандон нофаҳмие вуҷуд дошта бошад, онро ҳарчи зудтар ҳал намоед. Дар кор бодиққат ва масъулиятшинос бошед. Барои гуфтушунидҳо, ҳамкорӣ ва бастани созишномаҳо рӯзи мусоид аст. Агар мушкили саломатӣ дошта бошед, муроҷиат ба духтурро ба таъхир нагузоред.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз муносибатҳои шумо бо шахси дӯстдошта диққати бештар талаб мекунанд. Андеша кунед, ки оё меҳру ғамхории шумо ба ҳамон андоза қадр мешавад ё не. Аз шикоятҳои зиёд ба наздикон худдорӣ намоед ва пеш аз хулоса баровардан вазъиятро бодиққат арзёбӣ кунед. Барои мулоқотҳо ва муоширати шахсӣ рӯзи хуб аст. Дар кор ва масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои ҷолиб пайдо мешаванд. Аз тағйири ҷиддии намуди зоҳирӣ ё таҷрибаҳои нав дар ин самт худдорӣ намоед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз барои муҳаббат ва муносибатҳои ошиқона рӯзи хеле мусоид аст. Метавонед бо шахси дӯстдошта оштӣ кунед, муносибати кӯҳнаро барқарор намоед ё бо нафаре шинос шавед, ки дар ҳаёти шумо нақши муҳим мебозад. Дар муҳити оилавӣ эҳтимоли баҳсҳои ночиз вуҷуд дорад, бинобар ин оромиро нигоҳ доред. Нақшаҳои худро пешакӣ тартиб диҳед, ҳарчанд баъзе ҳолатҳои ғайричашмдошт метавонанд онҳоро тағйир диҳанд. Дар масъалаҳои молиявӣ ҳам фоида ва ҳам хароҷоти ногаҳонӣ имконпазир аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз рӯҳияи ошиқона шуморо ҳамроҳӣ мекунад. Хотираҳои муносибатҳои гузашта метавонанд дубора дар зеҳнатон зинда шаванд. Хушбахтона, нофаҳмиҳои мавҷуда тадриҷан бартараф мегарданд ва дар хона фазои оромтар ҳукмфармо мешавад. Барои анҷом додани корҳои душвор ва ҳалли масъалаҳои ба таъхир афтода рӯзи мувофиқ аст. Бахт дар бисёр корҳо ёратон мешавад, аммо аз ҳад зиёд таваккал накунед. Машғулиятҳои ҷисмонӣ ва корҳои хона ба шумо нерӯ мебахшанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нимаи дуюми рӯз барои нишон додани истеъдод ва қобилиятҳои шумо вақти беҳтарин хоҳад буд. Соатҳои аввали рӯз барои мулоқотҳои ошиқона ва суҳбатҳои самимӣ мусоиданд. Аз таҷрибаи гузашта хулоса бароред ва барои мустаҳкам кардани муносибатҳои оилавӣ кӯшиш кунед. Дар муҳити корӣ пешниҳодҳои муфид пайдо мешаванд. Дар тиҷорат ва масъалаҳои молиявӣ низ имкони муваффақият зиёд аст. Дастгирии наздикон имрӯз ба шумо нерӯи бештар мебахшад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Агар ҳанӯз шахси дӯстдоштаи худро наёфта бошед, ба зудӣ шиносоии ҷолибе дар пеш аст. Ин нафар метавонад ба зиндагӣ ва ҷаҳонбинии шумо таъсири мусбат расонад. Дар муносибат бо хешовандони дур эҳтиёткор бошед ва аз баҳсҳои нолозим канорагирӣ намоед. Барои қабули қарорҳои ҷиддӣ ва қадамҳои далерона рӯзи хуб аст. Агар муддати дароз роҳи ҳалли масъалаеро меҷустед, имрӯз эҳтимоли пайдо кардани ҷавоби дуруст зиёд мебошад. Ба ғизои солим аҳамияти бештар диҳед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз дилатон аз эҳсосоти гарм ва муҳаббат саршор мешавад. Барои ҳал кардани ҳамаи мушкилоти хона якбора кӯшиш накунед. Аввал масъалаҳои муҳимро анҷом диҳед ва боқимондаро ба вақти дигар гузоред. Дар кор ростқавлӣ ва масъулиятшиносӣ ба шумо муваффақият меоранд. Аз гирифтани қарз ё уҳдадориҳои нави молиявӣ худдорӣ намоед. Агар дарди буғумҳо ё хастагии ҷисмонӣ эҳсос кунед, ба худ бештар истироҳат диҳед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ҳаёти шахсӣ фаъолтар бошед, имрӯз имкони ошиқ шуданатон зиёд аст. Дар оила сарчашмаи меҳрубонӣ ва оромиш хоҳед шуд. Наздикон ғамхорӣ ва дастгирии шуморо хеле қадр мекунанд. Барои муроҷиат ба роҳбарият бо дархостҳои муҳим рӯзи мувофиқ нест. Аз иштирок дар корҳои шубҳанок ё таваккалҳои беасос худдорӣ намоед. Оббозӣ, шиноварӣ ё рафтан ба ҳаммом барои беҳтар шудани ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ муфид хоҳад буд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз шахси наздик бо меҳрубонӣ ва таваҷҷуҳи худ шуморо хушҳол мекунад. Нафарони муҷаррад эҳсос хоҳанд кард, ки таваҷҷуҳи атрофиён нисбат ба онҳо бештар шудааст. Барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарра фаъолона амал кунед, вале худро бо чандин кор ҳамзамон машғул насозед. Агар дар кори ҳозира дурнамои рушд набинед, вақти муносиб барои ҷустуҷӯи имкониятҳои нав фаро расидааст. Ҳисси ботинӣ қавӣ мешавад ва ба шумо дар қабули қарорҳои дуруст кумак мерасонад. Аз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД