ТОЛЕЪНОМАИ 20-УМИ ДЕКАБРИ СОЛИ 2025
1224

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Аз корҳои хатарнок ва аз нафароне, ки дӯсташон намедоред, худро канор гиред. Дар касбу кор ба шитобкорӣ роҳ надиҳед, қабл аз он ки кореро ба анҷом мерасонед, хуб андеша намоед. Нисбати нафаре, ки пештар комилан ҳусни таваҷҷуҳ надоштед, дар дилатон меҳру муҳаббат пайдо мегардад. Мутаассифона муносибатҳои ошиқонаатон дер давом намекунаyд.

Cавр (20 апрел-20 май)

Аввали рӯз ба сафари роҳи дур баромаданро тавсия намедиҳем. Нафароне, ки дар соҳаи хизматрасонӣ кору фаъолият менамоянд, кисаашон бепул мемонад. Барои он ки бекор намонед, аз муноқиша дурӣ ҷӯед. Қабл аз он ки чизеро харидорӣ менамоед, то кадом андоза бароятон даркор будани онро муайян созед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Вақте расидааст, ки дӯстони деринаи худро ба ёд биёред. Аввали рӯз чанд мушкили дигаронро ҳал карданатон лозим меояду охири рӯз худатон ба маслиҳат ниёз пайдо мекунед. Миёнаи рӯз ҳангоми аз роҳ гузаштан ҳушёриро пеша намуда, аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода баред. Охири рӯз дӯстдоштаатон бо қаҳру нозаш ҷонатонро ба лаб меорад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Бо худомӯзӣ машғул шавед. Пулро бо осонӣ ба даст оварда наметавонед. Фаромӯш насозед, ки дар танҳоӣ маблағи хуб ба даст оварда наметавонед, вале дар якҷоягӣ бо дигарон ин кор имконпазир аст. Аз овозаву ғайбатҳое, ки табъатонро хира мегардонанд, эҳтиёт шавед. Дар ҷодаи муҳаббат бояд ҳушёртар бошед, баъзан ҳиларо ба кор баред.

Асад (23 июл-22 август)

Дар ин рӯз аз уҳдаи кори зиёде баромада метавонед, вале кӯшиши яку якбора ба анҷом расонидани чанд корро накунед. Нисбати эҳсосот ва табъи дигарон бодиққат бошед. Миёнаи рӯз хариди зиёд накунед ва бо нафарони ношинос ҳамсуҳбат нашавед. Дудилагиву беҷуръатиро бояд мустақилона аз худ дур созед. Дар оилаву ҷои кор сабабгори ҷангу муноқиша гаштанатон имконпазир аст.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Дар ин рӯз робитаро бо дӯстони пешина барқарор созед. Дар як вақт чанд корро ба анҷом расониданатон лозим меояд. Кӯшиш намоед, ки ҷои хобатон иваз нашавад. Баъзеҳо бо тамоми ҳастӣ ошиқ мешаванд. Эҳтимоли муҳаббат аз нигоҳи аввал дар назар аст. Бо саломатӣ бозӣ накунед, вақт ёфта, аз ташхиси пурраи табибон гузаред. Қарз гирифтану қарз додан тавсия дода намешавад.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Дар ин рӯз ба суоле, ки кайҳо боз шуморо азият медиҳад, посух меёбед ва ба осонӣ метавонед дигаронро ба фоидаи худ истифода баред. Ақли расо ва дурандешӣ аз мушкилоти зиёде раҳоятон мебахшад. Танбалӣ ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Табъи нохушатон танҳо баъд аз муошират бо нафаре, ки тамоми нохушиҳои зиндагиятонро бо шарофати ӯ фаромӯш карда метавонед, рафъ мегардад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Аввали рӯз бо мушкилоти оилавӣ ва рафъ сохтани камбудиҳои наздикон машғул шавед. Миёнаи рӯз маблағи хуб ба даст меоред. Аз кори зиёд худдорӣ намоед, вагарна бар замми серкорӣ саломатиро аз даст медиҳед. Баъзеҳо зиндагиро бо нафаси тозаи ишқ аз нав оғоз менамоянд. Даромади ногаҳонӣ орзуҳоятонро ҷомаи амал мепӯшонад. Ба нафароне, ки аз шумо кумак мепурсанд, рад накунед. Некиятон рӯзе ҳатман ба худатон бармегардад.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Норасоии пулро танҳо дар сурате рафъ карда метавонед, ки кори иловагӣ гиред. Айни замон ҷои кори худро иваз карда наметавонед. Бо варзиш машғул шудану кори вазнин карданро тавсия намедиҳем. Маслиҳатгари беҳтарини шумо худатон ҳастед. Ба даҳони худ нигоҳ карда гап занед, ғайриихтиёр шахси бароятон азизеро меранҷонед. Барои он ки дар тиҷорат фиреб нахӯред, ба касе имкон надиҳед, ки шуморо истифода барад.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Роҳҳои ба даст овардани маблағи иловагиро ҷӯё шавед. Агар бо дӯстдоштаи худ қаҳрӣ бошед, дар ин рӯз оштӣ мешавед. Ҷасурона аввалин шуда бахшиш пурсед, ин рафторатон ҳатман қадрдонӣ мегардад. Аввали рӯз вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Бо сабаби серкорӣ корҳои оилавиро фаромӯш насозед. Охири рӯз каме нотоб мегардед, вале ба зудӣ сиҳат мешавед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Аз пайи беҳтар сохтани вазъи саломатӣ шавед. Сафару робитаҳо ба ғайр аз дарди сар дигар чизе намедиҳанд. Ба нафаре, ки кумак мерасонед, ба гарданатон савор шудан мехоҳад. Аз қувва зиёд кори вазнин накунед. Мулоқоти ошиқона низ дар ин рӯз табъатонро болида месозад. Кӯшиш кунед, ки қарздор нашавед. Эҳтимоли фиреб хӯрданатон вуҷуд дорад.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Дар ин рӯз дастатон ба ҳама кор намерасад. Нафаре аз ошиқони пешина ба зиндагиятон баргаштан мехоҳад, вале муҳаббати ӯро дубора қабул накунед. Нафароне, ки дӯстдошта доранд, нотарсона ба ёри худ дарди дил кунед. Нимаи аввали рӯз худро нотоб ҳис мекунед, аз ин рӯ, бо корҳое, ки аз шумо нерӯи зиёдро талаб мекунанд, машғул нашавед. Қарз гирифтану ба касе қарз доданро тавсия намедиҳем, эҳтимол ин маблағро гум мекунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД