arzon replenishment
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ НОЯБРИ СОЛИ 2023
1952

Ҳамал

Дар ин рӯз ҳамалҳо бояд масъалаи вобаста ба хариду фурӯши хонаро ба таъхир гузаронд. Маблағи даркориро ҷамъ карданатон душвор мегардад, қарз гирифтанро маслиҳат намедиҳем. Муносибати самимона нисбати атрофиён мавқеатонро дар касбу кор мустаҳкам ва мушкилиҳоятонро рафъ месозад.

 

Савр

Ба ҳар коре, ки даст занед, ба таври олӣ ба анҷом мерасонед. Аз дастовардҳои худ фахр мекунед. Ба корҳои калон даст зада, дар оянда даромади хуб ба даст меоред. Ҳама корро яку якбора оғоз накунед, имкониятҳо ва вазъи саломатии худро ба эътибор гиред.

 

Ҷавзо

Ин рӯз дар хотираи шумо ҳамчун рӯзи беҳтарин нақши худро мегузорад. Дар ҷои кор бе ягон душворӣ ба комёбиҳо ноил мегардед. Ҳатто меҳнати душвортарин бароятон ҳаловат мебахшад. Бегоҳирӯзӣ нафареро вомехӯред, ки аз диданаш хеле шод мегардед. Ба дӯстдоштаи худ диққати бештар зоҳир намоед.

 

Саратон

Дар ин рӯз истироҳатро фаромӯш созед. Коратон зиёд гашта, аз ҳамкорони ботаҷриба кӯмак пурсиданатон лозим меояд. Роҳбарият супориши муҳиме медиҳад, ки онро дар муддати кӯтоҳ анҷом доданатон лозим аст. Ба вазъи ҳаво нигоҳ карда либос пӯшед, бегоҳирӯзӣ эҳтимоли шамол хӯрданатон зиёд аст.

 

Асад

Дар ин рӯз гуфтушунидҳо ва шартномаҳои нави корӣ бобарор анҷом меёбанд. Бо рафъ намудани муноқишаву баҳсҳои вазнин машғул нашавед. Агар мушкили пулӣ дошта бошед, аз пайи рафъ карданаш шавед. Рӯзи бобарорест барои табобати дандон.

 

Сунбула

Дар ин рӯз ба ҳунару истеъдод ва сатҳи саводнокии худ қоил мешавед. Корҳои бар дӯш доштаатонро эҷодкорона ба анҷом мерасонед. Дар назди сардор хоксорӣ накунед, вақте расидааст, ки дар масъалаи зиёд кардани маошатон сухан кунед. Агар гирифтори зуком гашта бошед, хӯроки равғанин истеъмол накунед.

 

Мизон

Дар ин рӯз бояд аз пайи анҷом додани корҳои нотамоматон шавед. Агар серҷоғӣ кардан гиред, шахси бароятон азизро меранҷонед. Гапу рафтор ва андешаҳоятонро зери назорат гиред. Ақидаҳоятонро дар амал татбиқ намуда, обрӯятонро зиёд мегардонед. Асабҳои харобатон ба табобат ниёз доранд.

 

Ақраб

Дар ин рӯз ақрабҳо чандон саховатманд намешаванд. Бо душворӣ пул сарф мекунед, ҳол он ки барои камбудиҳои сарзада пул сарф карданатон лозим меояд. Эҳтимол мушкилоти рӯзгор сабабгори сар задани муноқишаи ҷиддӣ бо пайвандон мегардад. Сабур бошед, бо наздикон муносибатҳоятонро вайрон накунед.

 

Қавс

Аз ҷиҳати молиявӣ рӯзи душвор аст. Қисми зиёди маблағатонро, ки бо душворӣ пайдо карда будед, аз даст медиҳед. Чунин вазъият бар асари фиребгарии шарикони кориятон рух медиҳад. Дар оянда кӯшиш намоед, бо чунин нафарон ҳамкорӣ накунед. Аз нафарони гирифтори зуком дурӣ ҷӯстанатон лозим аст.

 

Ҷаддӣ

Агар дар ин рӯз корҳои пешинаро ба анҷом расонед, ба муваффақият наздик мегардед. На танҳо ба касбияти худ, балки ба таҷрибаи бой такя намоед. Маслиҳати ҳамкоронро ба эътибор гиред. Барои ба мақсад расидан дар якҷоягӣ амал намоед. Дар муносибатҳои ошиқона аз ҳад зиёд зудбовар нашавед.

 

Далв

Дар ин рӯз хеле зудранҷ мегардед. Ҳамкорони ботаҷрибаатон бо ҳар сабаб неш зада, шуморо асабӣ месозанд. Барои ба муноқиша гирифтор нашуданатон худро аз нафароне, ки боиси асабонияти шумо мегарданд, дур гиред. Аз хомӯш истодан бурд мекунед. Бояд гуфт, ки қобилиятҳои касбии шумо беназир аст.

 

Ҳут

Дар ин рӯз бо наздиконатон муноқиша имкон дорад. Наздикон аз серкории пайвастаи шумо норозӣ ҳастанд. Агар бо тиҷорат машғул бошед, моҳияти кори худро ба онҳо фаҳмонед. Ба ҳар ҳол барои бо аҳли оила бештар вақт гузаронидан кӯшиш намоед. Ба саломатии гурдаҳо диққати хоса диҳед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД