sebiston july new
Толеъномаи 25 марти соли 2020
2320

 

 

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз ба муноқишаи вобаста бо пул ҷалб мешавед. Мушкилоти рӯзгор ва норасоии пул сабаб мегардаду бо наздикони худ дар масъалаи сарфи зиёди маблағ ҷанҷол мекунед. Ба асабоният дода нашуда, оромиро пеша намоед, вагарна дар сари қаҳру ғазаб коре мекунед, ки баъдан боиси пушаймониятон мегардад.

 

Савр (21 апрел-22 май)

Дар нобарориҳои ҳаёт ҳамаро гунаҳкор накунед. Барои муваффақ гаштану суратҳисоби худро дар бонк пур кардан, бояд роҳҳои пешравии кор ва шарикони арзандаро пайдо намоед. Ҳатто баъди ба меҳмонӣ рафтан низ андешаҳои мағшуш шуморо тарк намесозанд.

Ҷавзо (23 май- 21 июн)

Дар ин рӯз ҳар кореро, ки ба шумо бовар мекунанд, аз уҳдааш мебароед. Ҳатто касбу кори навро аз худ кардан мехоҳед. Корҳои нотамомро ба анҷом расонида, аз сафари корӣ худдорӣ намоед. Шахси дӯстдоштаатон ё ҳамсафари ҳаётӣ хабаре мерасонад, ки нақшаҳоятонро тағйир доданатон лозим меояд.

 

Саратон (22 июн- 22 июл)

Аз пайи пайдо кардани манбаҳои нави даромад шавед, вагарна ба наздикӣ бо кисаи холӣ мемонед. Аз дӯстону шиносон пурсон шавед, дар ҳафтанома эълони худро ҷой намоед. Дар ҳаёти шахсӣ аз ҳад зиёд ба якравӣ роҳ надиҳед. Ташаббус ва ҷидду ҷаҳд ба ёратон хуш меояд.

 

Асад ( 23 июл- 23 август)

Имрӯз вазъи молиявиатон беҳтар гашта, ба қадами ҷиддӣ водоратон месозад. Пулро барои хариди чизҳои нодаркор сарф накунед. Азбаски муносибататон бо аҳли оила хуб нест, аз баҳсу мунозира худдорӣ намоед. Агар аз касе қарздор бошед, пулро ҳамин рӯз баргардонед.

 

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз ҳодисаҳои хуш шуморо интизоранд. Кори зиёд тамоми қуввату мадоратонро мегирад, баъзеҳоро мубталои яъсу ноумедӣ мекунад. Фаромӯш насозед, ки ҳар қадаре кӯшиши зиёд ба харҷ диҳед, ҳамон андоза маблағи хуб ба даст меоред. Агар мулоқоти ошиқонаро дар нақша дошта бошед, ҷойи барои ошиқон муносибро интихоб намоед. 

 

Мизон (24 сентябр- 23 октябр)

Бо корҳое машғул шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона сустӣ накунед. Дӯстдоштаатон аз шумо рафтори оқилонаро интизор аст. Нафароне, ки бо тиҷорат сару кор доранд, бо шарикони корӣ забон ёфта наметавонанд.

 

Ақраб (24 октябр- 22 ноябр)

Агар умре дар ҷустуҷӯйи шахси идеалӣ муҳаббати ҳамаро рад кардан гиред, имкони бо шахси хеле хуб вохӯрданро аз даст медиҳед. Шумо дӯстдоштаи худро дар ҷойи ғайриоддӣ вомехӯред, аз ин лиҳоз ҳушёриро аз даст надиҳед. Мушкили молиявиатон хуб анҷом меёбад. Минбаъд дар сарф кардани пул андозаро нигоҳ доред.

 

Қавс ( 23 ноябр – 21 декабр)

Дар давоми рӯз муносибатҳоятонро бо хешовандону ҳамсояҳо нисбатан беҳтар сохта метавонед. Таъмири хона ва харидани мебели нав бобарор анҷом меёбад. Робитаҳои кандашудаи дӯстонаатонро барқарор карда метавонед. Он пешомади бадеро, ки эҳсос мекардед, рӯзҳои наздик амалӣ мешаванд.

 

Ҷаддӣ (22 декабр- 20 январ)

Имрӯз дар роҳ ё ҷойи дигар пул меёбед. Корҳои дигаратон низ боиси ба даст овардани маблағи хуб мегардад. Бо суханпардозӣ на танҳо ҳамфикрон, балки нафареро пайдо месозед, ки барои пешравии корҳоятон маблағгузорӣ карда метавонад. Ҷаддиҳои муҷаррадро вохӯрии тақдирсоз интизор аст.

 

Далв (21 январ- 20 феврал)

Кореро, ки аллакай оғоз кардаед, набояд ба таъхир гузоред. Агар кӯмаки ҳамкорон лозим шавад, ба нафари ботаҷрибаву кордон муроҷиат кунед. Дар ҳаёти шахсиятон ҳодисаҳои гуворо рух медиҳанд. Бо нафаре шинос мешавед, ки баъдан ошиқ шуда, ҳатто издивоҷ мекунед. Бахти худро аз даст надиҳед.

 

Ҳут (21 феврал- 20 март)

Аз пайи орзуву ҳавасҳое, ки бе таъсири нафарони воломақом амалӣ намегарданд, надавед. Дар ин рӯз бояд тамоми қарзҳои худро баргардонед. Омадани меҳмононро интизор бошед. Аз маъракаҳои серодам дурӣ наҷӯед, маҳз дар чунин ҷойҳо бо нафаре шинос мешавед, ки таъсири некаш ба зиндагиятон мерасад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД