new banner new years
Зоҳиди муҳоҷир: Аз ҷабри моиндар ба Русия рафтам, аммо...
2095

Ман Зоҳид, зодаи шаҳри Қайроқум, се сол боз дар муҳоҷират ҳастам. Баъди сари модарам падарам ба хона зан оварду рӯзи ману хоҳаронам сиёҳ гашт. Аз ҷабри моиндар ҷонам ба лаб расиду мактабро партофта роҳи Русияро пеш гирифтам. Вақте шунид, ки кори даромаднок ёфтаам, муомилаи моиндарам бо хоҳараконам хуб шуд. Ҳар рӯз телефонро ба онҳо дода “ба акаатон гӯед, ки пул фиристад” мегуфтааст. Ҳар моҳ барояшон 800 доллар мефиристодам, то хоҳаронам аз ягон чиз танқисӣ накашанд. Моиндари морсифатам онҳоро ба бозор бурда, либосҳои арзонак мехаридаасту боқимондаи пулро ба кисааш зада, кайфу сафо карда мегаштааст. Ин гапро аз забони хоҳари калониям Моҳрӯ шунида аз ғазаб хун ба сарам зад.

 


Бечора Абдулхайр ҳамеша аз дигар муҳоҷирон пул қарз гирифта ба хонааш мефиристаду баъд худаш дар ҳамин шаҳри хунук бо либосҳои тунук мудом нимсеру нимгурусна мегардад.


 

Дилам батамом аз моиндарам монд ва қарор додам, ки дигар баҳудаю беҳуда пул намефиристам. Дар ин миён падарам занг зада, хоҳиш намуданд, ки барои таъмири хона ва харидани орду равғану аловӣ пул фиристам. Чизе нагуфта қадри имкон пул фиристодам ва илтимос кардам, ки рафта духтари ҳамсояамон Нилуфарро побанд карда монанд, ҳамин, ки сиҳату саломат баргаштам, албатта ҷиҳози арӯсиашро харида, аз пайи тӯй мешавем. Падарам “ба ҷону дил гуфта” гӯшакро монд. Рӯзи дигар Нилуфар ба ман занг зад ва гириста-гириста найрангҳои моиндарамро нақл кард. Аз афташ падарам сирри муҳаббати ману ҳамсоядухтарро ба занаш гуфтааст, ки модарандарам ба таҳлука афтида, ба сари падари Нилуфар рафтааст. Ин худобехабар ба падари маҳбубаи ман гуфтааст, ки пеши роҳи духтаратонро бигиред, ин қадар сари бачаи гӯли моро гаранг накунад. Мо ҳоло Зоҳидро зан доданӣ нестем. Корҳояш дар Россия хубанд, намехоҳем барои духтари шумо шуда, писарамон аз ҷойи кораш маҳрум гашта, ба як тини пучак зор шуда монад. Бо умеди Зоҳид нашавед! Мо духтаратонро келин намекунем, метавонед ягон домоди дигар ёфа, Нилуфарро ба шавҳар диҳед...”
Волидонаш аз шунидани ин гап девона шуда, бечора духтарро зери мушту лагад гирифтаанд. Нилуфар зорӣ кард, ки занг заданашро ба моиндарам нагӯям, зеро боз шаттоҳӣ карда ба хонаи онҳо меояду падараш рӯзи ӯро мисли шаби тор сиёҳ месозад. Оҳи сард кашида гӯшакро мондам. Лаҳзае пас моиндари рӯбоҳам занг зада гуфт, ки Нилуфарро аллакай ба як бачаи хешашон номзад карда будаанд. Дилам мехост тамоми сирру асрорашро фош намуда, ӯро боб кунам, вале ба хотири зери шатта намондани Нилуфар лаб фурӯ бастам. Медонам, ки моиндарам ба хотири пул шуда намехоҳад ман аз Русия ба Ватан баргардам. Барои вай ман не, пулҳоям азизанд. Ба хотири хоҳараконам тоқат карда гаштаам, аммо дилам дардманду хиҷил аст. Ҳайронам, ки чӣ кор кунам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, то роҳи дурустро пайдо намоям. Ба Ватан баргашта худам ба назди падари Нилуфар равам ё умрамро дар ғарибӣ бо хорию зорӣ гузаронида, барои моиндари морсифати гурусначашмам пул кор карда гардам?
Зоҳид, аз шаҳри Самара

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД