Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 25-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
834

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз дар масъалаҳои ошиқона эҳтиёткор бошед. Эҳтимол касе бо мақсади манфиати шахсӣ ба шумо наздик шудан мехоҳад. Барои тағйири рӯҳия ба меҳмонӣ рафтан ё бо дӯстони дерина вохӯрдан муфид аст. Дар кор диққату сабри зиёд лозим мешавад. Аз эҳтимоли даромади ғайричашмдошт истифодаи оқилона кунед. Азбаски вақтҳои охир хаста шудаед, ҳатман барои истироҳат вақт ҷудо намоед.

Савр (21 апрел-20 май)

Рӯз барои истироҳати фаъол, мулоқот бо наздикон ва сафар бисёр мувофиқ аст. Агар нияти хариди муҳим дошта бошед, имрӯз вақти муносиб аст. Дар хона оромиву тартиб ҳукмфармо мешавад ва мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ ҳал мекунед. Ба маслиҳати дӯст ё ҳамкор гӯш диҳед. Даромади ғайричашмдоштро беҳуда сарф накунед ва танҳо фикрҳои некро дар дил нигоҳ доред.

Ҷавзо (21 май-21 июн)

Эҳтимол муҳаббат шуморо сахт мафтун созад. Пеш аз хариди калон бо аъзои оила машварат кунед. Дар ҷои кор имконият пайдо мешавад, ки маҳорати худро нишон дода, мавқеи худро беҳтар созед. Барои муҷаррадон давраи шиносоиву эҳсосоти нав оғоз меёбад. Аз хароҷоти нолозим худдорӣ кунед ва барои саломатӣ имрӯз аз хӯрокҳои ғайриодӣ парҳез намоед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар танҳо бошед, беҳтараш имрӯз дар масъалаҳои ошиқона шитоб накунед. Ғаму ташвишҳои худро ба сари наздикон нарезед ва бештар аз ояндаи хуши оилавӣ андеша кунед. Касоне, ки кори нишастаро анҷом медиҳанд, бояд ба гардану пушташон аҳамияти бештар диҳанд. Баҳсҳои молиявиро ба рӯзи дигар гузоред. Аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед, эҳтимоли шамолхӯрӣ вуҷуд дорад.

Асад (23 июл-22 август)

Барои расидан ба орзуҳо танҳо интизор нашавед, балки худ қадам гузоред. Ба аҳли оила бештар меҳру эҳтиром нишон диҳед. Мушкилоти корӣ ва молиявӣ метавонад шуморо аз масъалаҳои ошиқона дур созад. Дар муносибат бо шарикон бахилӣ накунед, то баҳс пеш наояд. Агар муддате боз дарди дандон доред, ташрифи духтурро дигар ба таъхир нагузоред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз шояд хоҳиши иштирок дар кори хавфнок пайдо шавад, вале беҳтараш эҳтиёткор бошед. Дар оила вазъият ором мемонад ва вақти хубест, ки корҳои нотамомро анҷом диҳед. Дар ҷои кор ихтилофи назар имкон дорад, аммо бо ҷасорат аз ҳаққи худ ҳимоят кунед. Пешниҳодҳои хуби тиҷоратӣ низ эҳтимол доранд. То дер назди компютер ё китоб нанишинед, то чашму асабҳоятон осеб набинанд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Беҳтараш имрӯз тамоми ҷузъиёти ҳаёти шахсии худро ба калонсолони хонавода нақл накунед. Барои беҳтар шудани фазои хона як дастархони оилавӣ ташкил кунед. Дар кор тағйироти хуб ва хабарҳои хуш интизоранд. Шом барои сайругашт ва истироҳати ором мувофиқ аст. Аз масъалаҳои молиявӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли талафоти пулӣ вуҷуд дорад. Ҳангоми хастагӣ ҳатман истироҳат кунед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Ба эҳтиёҷоти шахси дӯстдоштаатон диққати бештар диҳед, то муҳаббати худро нишон диҳед. Оила такягоҳи асосии шумост, бинобар ин ғамхорӣ карданро фаромӯш накунед. Барои омӯзиш ва такмили дониш вақти хуб фаро расидааст. Агар дар бораи иваз кардани касб фикр дошта бошед, имрӯз барои банақшагирӣ муносиб аст. Дар масъалаҳои молиявӣ танҳо ба таҷрибаи худ такя кунед ва аз стресс дурӣ ҷӯед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Рӯйдоди муҳиме ба зиндагии шумо наздик мешавад ва эҳсосоти зиёд ба вуҷуд меорад. Имрӯз аз истеъмоли зиёди машрубот ва рафтори дағалона худдорӣ кунед. Агар бо касе нофаҳмӣ дошта бошед, бо суҳбати ором онро ҳал карда метавонед. Ҳангоми муроҷиат ба муассисаҳои молиявӣ хеле бодиққат бошед. Агар вақтҳои охир бисёр таҳсил карда бошед, барои барқарор кардани қувва ҳатман истироҳат кунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Имрӯз ба худ вақт диҳед, то дар бораи орзуҳо ва хоҳишҳои дилатон андеша кунед. Барои истироҳати муштарак бо аҳли оила рӯзи муносиб аст. Бо кӯдакон будан ба шумо рӯҳияи хуб мебахшад. Дар бораи самтҳои нави фаъолияти касбӣ фикр кунед, дар оянда тағйирот мумкин аст. Бахт бо шумост, бинобар ин бо боварӣ пеш равед ва барои истироҳат низ вақт ҷудо намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Шумо мехоҳед дар ҳама кор пешсаф бошед, ҳатто дар муносибатҳои ошиқона. Имрӯз беҳтараш ҳама корро бе шитоб анҷом диҳед, зеро ҳам мушкилоти худ ва ҳам наздиконро ҳал кардан лозим мешавад. Бо роҳбарон одобро риоя кунед. Барои ҳалли масъалаҳои молиявӣ рӯзи муносиб аст. Буғумҳоятонро эҳтиёт кунед ва худро аз кори аз ҳад зиёд хаста насозед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз ишваю ноз метавонад оғози муносибати ҷолиб гардад. Дар хона аз шумо иҷрои корҳои зиёдро интизор мешаванд, вале камбуди вақт эҳтимол дорад. Агар имконият бошад, муҳитро иваз кунед, бо одамони нав шинос шавед ё барои рухсатӣ нақша кашед. Дар кор бодиққат бошед, имконияти хуби муваффақият пайдо мешавад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед ва аз хастагии зиёд худдорӣ намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД