ТОЛЕЪНОМАИ 26-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1552

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз дар муносибат бо ҳамсаратон эҳтимоли рух додани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, беҳтараш оромона рафтор кунед ва аз баҳсу ҷанҷол худдорӣ намоед. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтиёткор бошед, саросема қарор қабул накунед. Дар муҳити корӣ аз андешаи худ дифоъ кунед, аммо бо эҳтиром. Рӯзи хубест барои истироҳат ва нигоҳубини саломатӣ, махсусан барои узвҳои ҳозима.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз барои кумак ба дигарон ва корҳои хайриявӣ мувофиқ аст. Дар муносибатҳои шахсӣ муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмӣ зиёд мешавад. Масоили оилавӣ диққати шуморо пурра фаро мегиранд, аммо онҳоро бо сабр ҳал кардан лозим аст. Хабари ногаҳонӣ метавонад нақшаҳоятонро тағйир диҳад. Имрӯз имконияти хуби пешрафт дар кор ва зиёд кардани даромади пулӣ пайдо мешавад. Ба саломатӣ ва оромии рӯҳӣ аҳамият диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Шумо пур аз эҳсосот ва орзуҳои ошиқона ҳастед, аммо дудилагӣ метавонад боиси нофаҳмӣ гардад. Шомро бо наздикон ё дӯсти кӯҳна гузаронед, танҳоӣ ба шумо фоида намеорад. Нимаи дуюми рӯз нерӯятон бештар мешавад ва мушкилиҳои рӯзро осон ҳал мекунед. Ба худ вақти истироҳат диҳед ва хӯроки безарарро истеъмол намоед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз аз баҳс бо ҳамсаратон худдорӣ кунед, зеро ҷанҷоли хурд метавонад ба сард шудани муносибатҳо оварда расонад. Дар оила эҳсосот зуд тағйир меёбанд, оромиро нигоҳ доред. Дар касбу кор обрӯ ва эътибори шумо меафзояд, аз ин фурсат дуруст истифода баред. Ба касе аз дӯстон қарз надиҳед, пул метавонад сабаби нофаҳмӣ шавад. Ба саломатӣ, хусусан парҳези сабзавотӣ аҳамият диҳед.

Асад (23 июл-22 август)

Агар танҳо бошед, ба маслиҳати дигарон аҳамият надиҳед, дилатон беҳтарин роҳро медонад. Дар масъалаҳои молиявӣ эҳтимоли ихтилоф вуҷуд дорад, аз ин рӯ имрӯз харидҳои калон накунед. Шиносоии нав метавонад нақши муҳим дар ояндаи шумо бозад. Имрӯз метавонед барои баланд бардоштани обрӯ ва зебоии зоҳирӣ маблағ сарф кунед. Энергияатон каме паст мешавад, асабро ором нигоҳ доред.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Агар ахиран аз дӯстдоштаатон ҷудо шуда бошед, онро ҳамчун таҷрибаи зиндагӣ қабул кунед. Бо наздикон нофаҳмиҳои хурд эҳтимол доранд, вале онҳоро бо хирад ҳал кардан мумкин аст. Аввали рӯз масъалаҳои зиёди ҷамъшуда шуморо асабӣ мекунанд. Имрӯз муҳим аст, ки аз мавқеи худ дифоъ кунед ва зери таъсири дигарон наафтед. Ба саломатӣ, махсусан бемориҳои кӯҳна диққат диҳед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз фурсат доред, ки муҳаббататонро мустаҳкамтар созед. Бо наздикон муносибат хуб аст, имкони оштӣ додани ду нафаре, ки кина доранд, вуҷуд дорад. Дар ҷои кор аз тағйирот наҳаросед, онҳо метавонанд сабаби пешрафти шумо шаванд. Харидҳои нодуруст имкон доранд, аз хароҷот эҳтиёт кунед. Барои беҳдошти саломатӣ вақт ҷудо кунед ва аз кори зиёд худдорӣ намоед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз нафаре пинҳонӣ ба шумо ошиқ мешавад. Аз эҳсосотатон боэҳтиёт бошед, зеро қарорҳои шитобзада метавонанд ба дилсардӣ оваранд. Ба наздикон бо меҳрубонӣ муносибат кунед, ҳар кас метавонад иштибоҳ кунад. Пас аз сафари корӣ имкони нав барои пешрафт пайдо мешавад. Ба нерӯ ва қобилияти худ бовар дошта бошед. Нишонаҳои ночизи беморӣ огоҳии муҳиманд, ба саломатӣ аҳамият диҳед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Рӯзи пур аз ҳаракату серкорӣ аст, гӯё ҳамеша дар ҷустуҷӯи чизе бошед. Ба мушкилиҳои дигарон аз ҳад зиёд дахолат накунед, то асабҳоятон ором монад. Имрӯз метавонед ба иқдомҳои нав даст занед, танҳо аз баҳс ва одамони манфӣ дурӣ ҷӯед. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ кунед. Дар охири рӯз эҳсоси хастагӣ эҳтимол дорад, бештар истироҳат кунед ва оромӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Шояд зиндагии шахсӣ якранг шудааст ва шумо тағйирот мехоҳед. Агар имконият дошта бошед, муҳити худро дигар кунед. Аз кору вазифаҳои сангин каме фосила гиред, то саломатиро нигоҳ доред. Имрӯз рақибон кӯшиш мекунанд монеа эҷод кунанд, вале шумо устувор бимонед. Дар масоили молиявӣ эҳтиёткор бошед, эҳтимоли хароҷоти ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Аз ғизои кӯчагӣ ва шириниҳои бозорӣ дурӣ ҷӯед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Дар ҷодаи муҳаббат ҷасур бошед, агар дилатон хоҳад, қадам гузоред. Яке аз шиносони кӯҳна эҳтимол аз шумо кумак хоҳад, кумак карданатон хуб аст. Имрӯз эҳтимол дучори тамасхури баъзеҳо шавед, вале онҳоро ҷиддӣ қабул накунед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкони пайдо кардани сарчашмаи нави даромад ҳаст. Ба саломатӣ диққат диҳед, ба хастагӣ роҳ надиҳед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз беҳтараш муҳаббати кӯҳнаро ҷамъбаст кунед ва дар бораи оянда фикр кунед. Дар хона эҳтимоли сар задани нофаҳмӣ вуҷуд дорад, пас аз гуфтани гапҳои сахт худдорӣ кунед. Хабари ногаҳонӣ метавонад рӯҳатонро ноором созад. Агар имрӯз зиёд кор кунед, зуд хаста мешавед, бинобар ин вақтро дуруст тақсим намоед. Ба хароҷоти худ диққат диҳед ва ғизои сабук бихӯред, меъдаатон нозук аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД