Commerce bank may-june 2026
ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ИЮЛИ СОЛИ 2026
960

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз эҳтимол дорад шахсе аз гузашта дубора дар ҳаёти шумо пайдо шавад. Барои муҷаррадон бошад, вохӯрии ошиқона дар назар аст. Агар муносибататон вақтҳои охир сард шуда бошад, фурсат доред хатоҳоро ислоҳ кунед. Дар кор имкони пешрафти мансабӣ вуҷуд дорад. Аз гирифтани уҳдадориҳои молиявӣ худдорӣ намоед. Гаштугузор дар ҳавои тоза ба саломатӣ ва рӯҳияи шумо таъсири хуб мерасонад.

Савр (21 апрел-21 май)

Агар ба назаратон расад, ки шахси наздикатон камтар таваҷҷуҳ мекунад, шитобкорона хулоса набароред. Шояд ӯ бо мушкилоти корӣ ё саломатӣ рӯ ба рӯст. Имрӯз бештар бо аҳли оила вақт гузаронед. Дар мулоқотҳои корӣ идеяҳои нав ба шумо муваффақият меоранд. Барои ҷустуҷӯи кори нав сабр лозим мешавад. Варзиш ва фаъолияти ҷисмонӣ имрӯз барои шумо хеле судманд аст.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Дар муҳаббат имрӯз на ваъда, балки амал муҳим аст. Бо рафтори худ эҳсосотатонро нишон диҳед. Дастгирии наздикон ба шумо қувват мебахшад. Дар ҷои кор аз баҳсу нофаҳмиҳо бо ҳамкорон худдорӣ кунед ва ба иҷрои вазифаҳо диққат диҳед. Агар вазъи молиявӣ душвор бошад, наздикон метавонанд ёрӣ расонанд. Саломатӣ хуб аст, вале эҳтиёткорӣ ҳамеша фоида дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар дар муҳаббат мушкилӣ дошта бошед, вақти он расидааст, ки ҷасорат нишон диҳед. Имрӯзро бештар барои истироҳат ва хушҳол кардани худ сарф кунед. Дар кор дастгирии шахсони бонуфуз насибатон шуда, лоиҳаи наватон мавриди таваҷҷуҳи роҳбарият қарор мегирад. Даромади иловагӣ низ имкон дорад. Агар фишори хун баланд бошад, аз кори вазнини ҷисмонӣ худдорӣ намоед.

Асад (23 июл-23 август)

Ба зудӣ шахси махсусе вориди ҳаёти шумо мешавад, ки эҳсосоти шуморо хуб дарк мекунад. Дар муносибат бо хешовандон таҳаммулпазир бошед, то баҳсҳо пеш наоянд. Агар касе кори шуморо танқид кунад, оромона қабул намоед. Бозпас додани қарзро каме ба таъхир гузоред, зеро пул метавонад ба шумо лозим шавад. Барои зебоии пӯст истироҳати кофӣ ва нигоҳубини мунтазам муҳим аст.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Имрӯз шиносоии нав метавонад оғози як муҳаббати зебо гардад. Оиладорон бояд ҳангоми баён кардани фикри худ эҳтиёткор бошанд, то баҳс сар назанад. Дар кор нерӯи зиёд дошта, ба натиҷаҳои хуб мерасед. Давраи тангии молиявӣ ба анҷом мерасад ва имкониятҳои нав пайдо мешаванд. Бо одамоне, ки асабатонро хароб мекунанд, камтар муошират намоед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Муҷаррадон метавонанд муносибати шавқовареро оғоз кунанд, ки ҳарчанд ҷиддӣ набошад ҳам, хотираҳои хуб мегузорад. Кӯшиш кунед ҳамеша аз ҳад зиёд гузашт накунед. Дар кор омӯзиш ва мутобиқ шудан ба шароити нав барои шумо муҳим аст. Бо сабру меҳнат ба натиҷаҳои хуб мерасед. Энергияи зиёд доред, аммо эҳтиёт кунед, то осеб набинед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Баъзе муносибатҳои ошиқона метавонанд ба анҷом расанд, аз ин рӯ қарорҳои худро боандеша қабул кунед. Оила имрӯз сарчашмаи асосии хушбахтии шумост. Дар кор шитоб накунед ва нагузоред эҳсосот ба қарорҳои муҳим таъсир расонанд. Эҳтимоли сафари ғайричашмдошт низ вуҷуд дорад. Барои рафъи фишори асаб бештар ҳаракат кунед ва ба варзиш машғул шавед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз эҳтимол дорад шахсе, ки дер боз шуморо дӯст медорад, пешниҳоди ҷиддӣ кунад. Ба намуди зоҳирии худ аҳамият диҳед, зеро ин ба эътимоди шумо таъсири мусбат мерасонад. Барои расидан ба ҳадафҳо танбалиро канор гузоред. Вазъи молиявӣ хуб аст, аммо хариди гарон метавонад кисаро холӣ кунад. Масуниятро мустаҳкам намуда, аз ҷойҳои серодам дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар қадами аввалро нагузоред, имконияти хубро аз даст медиҳед. Аз ҷанҷол ва ҷавоби дағалона худдорӣ намоед. Имрӯз барои корҳои хеле душвор ва талабкунандаи диққати зиёд рӯзи муносиб нест. Хариди калон имкон дорад, вале ҳангоми хариди манзил ё амвол тамоми ҳуҷҷатҳоро бодиққат санҷед. Барои пешгирии бемориҳо бештар истироҳат кунед ва тарзи ҳаёти солимро риоя намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз кӯшиш кунед хоҳишҳои шахси дӯстдоштаатонро иҷро намоед, зеро маслиҳатҳои ӯ метавонад дуруст бошанд. Рӯзи пур аз илҳом ва идеяҳои нав аст. Ба дастовардҳои худ мағрур нашавед ва рушди шахсиро идома диҳед. Барои соҳибкорон имкониятҳои хуби молиявӣ ва шиносоӣ бо шахсони бонуфуз пайдо мешаванд. Оромиро нигоҳ доред ва асабҳои худро эҳтиёт кунед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Эҳсосоти сахт метавонад шуморо аз воқеият дур созад, бинобар ин қарорҳоро бо ақл қабул кунед. Тағйироти ғайричашмдошт нақшаҳоятонро дигар карда метавонад, аз ин рӯ корҳои бузургро ба таъхир гузоред. Дар кор идеяҳои худро озодона ба роҳбарият пешниҳод намоед, онҳо метавонанд қадр шаванд. Вазъи молиявӣ устувор мемонад. Барои нигоҳ доштани саломатӣ бештар истироҳат кунед ва фишори рӯҳиро кам намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД