ТОЛЕЪНОМАИ 27-УМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2025
1598

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз орому бе ҳодиса аст, вале дилгир намешавед. Барои корҳои созанда, андеша ва нақшакашӣ вақти хуб аст. Дар хона эҳтиёт шавед, бо наздикон нофаҳмӣ имконпазир аст. Дар ҷои кор бо роҳбарон муносибати ором дошта бошед, то обрӯятон бештар гардад. Шояд каме хароҷот кунед, вале ин ба манфиати шумо мешавад. Барои нерӯ ва саломатӣ ғизои пурэнергия бихӯред.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз эҳсосоти ошиқонаатон пурқувватанд, вале кӯшиш кунед худро идора намоед. Агар бо наздикон нофаҳмӣ шавад, ором бошед ва диққатро ба кор равона кунед. Имрӯз барои иҷрои нақшаҳои пешина вақти мувофиқ аст. Дар хароҷот эҳтиёт кунед, то мушкил пеш наояд. Ба ҳолати рӯҳӣ аҳамият диҳед, асабонӣ нашавед. Шабро дар муҳити ором гузаронед, то қуввататон барқарор шавад.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз қарорҳои шитобкорона нагиред. Занон дар ҷодаи муҳаббат бояд эҳтиёткор бошанд, мардон бошанд метавонанд шиносоии ҷолиб пайдо кунанд. Аз дӯстдор ё ҳамсар дастгирӣ хоҳед гирифт, вале худ низ меҳрубонӣ нишон диҳед. Аз масъулиятҳои вазнин дурӣ ҷӯед. Имкони пайдо кардани даромади иловагӣ ҳаст. Хӯроки сабук бихӯред, зеро меъдаатон ҳассос аст. Бештар истироҳат кунед.

Саратон (21 июн-22 июл)

Имрӯз фаъолият ва сабр калиди муваффақият аст. Ба корҳои хонагӣ диққати ҷиддӣ диҳед, то баҳсҳо пеш наоянд. Дар тарбияи фарзандон нарм бошед. Корҳои душворро ба фардо гузоред, зеро имрӯз диққатнокиятон паст аст. Пулро зиёд сарф накунед. Агар худро хаста ҳис кунед, вақт ҷудо кунед ва истироҳат намоед. Хоб ва оромӣ барои саломатӣ заруранд.

Асад (23 июл-22 август)

Имрӯз пур аз эътимод ва нерӯ ҳастед. Муносибатҳои наздикон гарм мегарданд, муҳаббат ва эътибори шумо меафзояд. Корҳоятон натиҷа медиҳанд ва вазъи молиятон устувор мешавад. Имрӯз вақти хуб барои гуфтушунид ё шартнома аст. Ба саломатӣ аҳамият диҳед: варзиш, шиноварӣ ё пиёдагардӣ фоида меоранд.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз барои шиносоӣ ва суҳбати самимӣ вақти хуб аст, вале қарорҳои шитобкорона нагиред. Агар ҷои корро иваз карданӣ бошед, каме интизор шавед. Дар ҷодаи тиҷорат имконият ва фурсатҳои хуб пайдо мешаванд, муҳимаш масъулиятшинос бошед. Барои оромии асабҳо беҳтараш ба сафар ё истироҳат бароед, то фикрҳоятон тоза шаванд.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Имрӯз аз танқид нисбати наздикон худдорӣ кунед. Ба эҳсосоти ҳамсаратон эҳтиром гузоред ва ба суханаш бо сабр гӯш диҳед. Дар корҳои хона ё ҳуҷҷатгузорӣ эҳтимол мушкил сар занад, аз маслиҳати мутахассис истифода баред. Бо ҳамкорон муносибати хубро нигоҳ доред. Аз бозиҳои пулӣ ё баҳсҳои шубҳанок дурӣ ҷӯед.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Имрӯз имкони хуб барои шиносоии ошиқона доред. Агар муҷаррад бошед, шуморо муҳаббати нав интизор аст. Бо ҳамсар низ мушкилиҳои сарзадаи оилавиро бо оромӣ ҳал кунед. Барои таҳсил ё омӯзиш фурсати хуб фаро мерасад. Аммо саломатиро фаромӯш накунед, барои барқарор гаштани нерӯ хуб истироҳат кунед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Имрӯз атрофиён ба шумо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Занони муҷаррад шояд аз миёни чанд довталаб якеро интихоб карданашон лозим ояд. Ба оила ва наздикон ғамхорӣ зоҳир кунед, онҳо инро қадр мекунанд. Агар кори оғозкардаро идома диҳед, натиҷаи хуб мебинед. Имкони тағйири ҷойи зист ё кӯчидан ба манзили нав вуҷуд дорад. Энергияатон зиёд аст, аммо эҳтиёт бошед, аз захм бардоштан ё сӯхтан худдорӣ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Агар дар дил шубҳае дошта бошед, бо ҳамсаратон оромона суҳбат кунед, нофаҳмиро бо сухан ҳал кардан беҳтар аст. Ҳатто агар худро ҳақ шуморед ҳам, андешаи дигаронро гӯш диҳед. Нокомӣ шуморо қавитар месозад. Агар касе шуморо ранҷонида бошад, ӯро бубахшед, ин ба оромии рӯҳиатон кумак мекунад.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз барои бисёриҳо оғози марҳилаи осоишта аст. Дар ҷодаи муҳаббат имкони аз нав оғоз кардани муносибати ошиқона вуҷуд дорад. Ба корҳои хона диққат диҳед, бо дӯстон баҳс накунед. Кор зиёд аст, онро ба дигарон тақсим кунед. Агар чизе гум шавад, зуд меёбед. Дар 10-15 рӯзи наздик тағйироти муҳим пеш меоянд, вале ҳоло шитоб накунед. Қарорҳоро бо фикри ором гиред.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Имрӯз бахту барор ба шумо ҳамсафар аст! Дар ҷодаи муҳаббат ва зиндагӣ оромӣ меояд. Барои оиладорҳо рӯз бе ҷанҷол мегузарад. Пеш аз амал фикр кунед, то пушаймон нашавед. Даромад хуб мешавад, аммо аз хариди беҳуда худдорӣ кунед. Барои хонавода вақт ҷудо кунед. Шом эҳтиёт шавед, бо ашёи тез ё сӯзон кор накунед. Рӯзи пурбаракат ва ором дар пеш аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД