Томирис Хуршедзода, иштирокчии озмуни «Мисс Душанбе 2026» ба садамаи нақлиётӣ дучор шуда, ҷароҳат бардоштааст.
Тибқи маълумоти дастрасшуда, бар асари ин ҳодисаи нохуш пойи Томирис каме лат хӯрда, ҳамзамон мағзи сараш осеби сабук дидааст.
Ёдовар мешавем, ки Хуршедзода Томирис блогери машҳур буда, ҳамчун актриса дар чандин филм нақшҳои ҷолиб офаридааст. Аз ҷумла дар филмҳои ҳаҷвии «Келини оча» ва «Домоди бонкир» Томирис нақшҳои асосиро бозида, байни тамошобинон маҳбубияти зиёд пайдо карда буд.