Arzon march 2024
Торти “Идона”
1823

Маҳсулоти лозима:

  • 6 дона – тухм
  • 1,5 стакон – шакар
  • 1 стакон – равған
  • 2 қошуқ – асал
  • 1 қошуқ – сода
  • 10 грам – маводи коковкунанда
  • 5 грам – ванелин
  • 200 грам– орд

Барои ороиш:

  • 400 грам – маска
  • 300 грам – шири қиёмшуда
  • Дилала ва шир
  • Қаймоқ ва хокаи шакар

Тарзи таҳия:

Дар зарфе тухм ва шакарро илова карда, 5 – 10 дақиқа бо миксер лат мезанем. Равған илова карда боз лат мезанем. Баъдан дар тоба 2 қошуқ асалро бо 1 қошуқ сода сурх мекунем ва тез – тез мекобем. Асалро зуд ба зарф мерезем ва тез – тез бо миксер лат мезанем

Торт хеле нозук аст аз ҳамин сабаб хеле бодиққат бошед дар вақти пӯхтан. Баъдан ба он 8 стакон орд, ванелин ва маводи ковокунанда илова карда, лат мезанем. Хамири тортро мулоимак тайёр мекунем ва ба 7 зуволача тақсим мекунем ва болои зуволаҳоро мепӯшонем мемонем 10 дақиқа дам гирад.

Ба тоба равған молида ба он қоғази пергамент тунук мекунем ва зуволаҳоро як – як бо орд тунук мекунем. Дар тафдон дар ҳарорати 220 дараҷа то сурх шуданаш меистад. Барои ороиш дар зарф маскаро бо миксер 2 – 3 дақиқа лат мезанем ва ба дарунаш шири қиёмшуда илова карда, бо миксер лат заданро давом медиҳем.

Дар зарфи дигар қаймоқро бо хокаи шакар лат мезанем то қаймоқ сафед ва дам карданаш. Дар зарфи дигар бошад дилаларо бо 1 пиёла шир лат мезанем. Баъдан ҳамаи малҳамҳоро дар як зарф мегирем ва лат мезанем. Мувофиқи табъи худ метавонед пеш аз малҳам молидан ҳар як қабати кулчаҳои тортро қандоб кунед.

Баъдан, ба ҳамаи қабатҳо малҳам (крем) мемолем. Аз барҳои кулчаҳои торт барои ороиши болояш мегирем ва майда карда, тортро оро медиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД