“Тоттенҳэм” бо Роберто барои панҷ сол шартнома имзо кард
05.04.2026
Oila.tj
31

Бошгоҳи “Тоттенҳэм”-и шаҳри Лондон расман мураббии итолиёвӣ Роберто Де Дзербиро ҳамчун сармураббии нави даста муаррифӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии клуб хабар додааст.

Муҳлати шартномаи ин мураббии 46-солаи итолиёвӣ ошкор нашудааст, аммо хабар дода шудааст, ки тарафҳо созишномаи дарозмуддатро имзо кардаанд. Тибқи баъзе сарчашмаҳои дигар бо мутахассиси итолиёвӣ шартномаи панҷсола имзо шудааст.

Де Дзерби дар курсии мураббигӣ аллакай чорумин мутахассис барои даста дар мавсими 2025/26 гардид. Пеш аз ӯ Игор Тудор, Томас Франк ва Анҷелос Постекоглу дар ин вазифа фаъолият доштанд.

Қобили зикр аст, ки Де Зерби моҳи феврал “Марсел”-ро тарк карда, бо ризоияти тарафайн шартномаашро қатъ намуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД