sebiston july new
Туҳфаи Зеваров ба сарояндагон чӣ буд?
617

Беҳрӯз Зеваров сароянда ва продюсери маҳбуб, ки бо сарояндаҳои саршиноси тоҷик ҳамкорӣ дорад ва барои муваффақ шудани онҳо саҳми босазо дорад, дар рӯзгораш навгоние ворид кард.

Санаи 20-уми майи соли 2023 бахшида ба 34-солагии худ Зеваров қаҳвахонаи бузурги худро бо номи “Ahsan coffee by Zevarov” дар кӯчаи С. Айнӣ 57 (рӯ ба рӯи Маркази тиҷорати "Business center" ва меҳмонхонаи "Хилтон") боз кард.

Дар арафаи кушодашавии ин қаҳвахона сарояндагону ҳунармандон ва блогерони машҳур - Зулайхо Маҳмадшоева, Ҷаҳонгир Зарипов, Сабринаи Назрӣ, Абдулло Шарипов, Набиҷон Пирматов ва дигарон иштирок намуданд.

Ба ҳамаи меҳмононе, ки ба ин ҷо ташриф оварданд, аз номи қаҳвахонаи Зеваров шириниҳои болаззат тӯҳфа карда шуд.

Аз идора: Мо Беҳрӯз Зеваровро ба муносибати ҷашни милод ва инчунин кушодашавии қаҳвахона табрик намуда, ба ӯ дар корҳояш бурдбориҳо хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД