sebiston july new
Туҳмати хола бадбахтам кард
1402

“Хола ба ҷойи модар аст” мегӯянд, вале ҳамааш фақат гап будаасту халос. Ман инро аз таҷрибаи талхи зиндагии худам мегӯям. Дар ҳаёт ранҷу азобҳои бисёре кашида, фаҳмидам, ки на хола, на амма ва на ягон каси дигар ҳаргиз ҷойи модарро гирифта наметавонистааст.

Ман ятимдухтарам. Ҳанӯз дар батни модарам будам, ки падарам зери чархи мошин монда, ҷавонмарг шудааст. Падар чисту меҳру муҳаббати падарона чист, намедонам, чунки боре ҳам рӯйи гарми падарамро дида натавонистам.

Мегӯянд, ки сарсахттарин одамон сағера мешаванд. Дар ҳақиқат рост аст, мани бетақдир ҳанӯз 12 сола нашуда, модарам, ягона пушту паноҳам дар зиндагӣ ба бемории саратон гирифтор шуд ва ҳамагӣ шаш моҳ пас бо дили пурормон аз дунё гузашт.

Марги модар маро бе корд кушта, фиғонам ба фалак печид, рӯю мӯямро канда, бо ашки шашқатор зорӣ кардам, ки очаҷонамро набаред, аммо...

Модари берӯзиамро ба хок супориданду мани комилан ятим ва бесоҳиб мондаро холаам ба фарзандӣ қабул карда, ба хонааш бурд.
Духтарҳои холаам аз ман чандсолӣ калон бошанд ҳам, аз рӯзе, ки ман ба хонаашон рафтам, онҳо маликаю мани ҳанӯз кӯдак гӯё канизи ин хонадон гаштам.

Холаам ҳамаи кору бори хонаи калонашро ба гардани мани сағера бор карда, намемонд, ки нафасамро рост кунам, духтарҳои худаш бошанд, мисли малика рӯз то бегоҳ фақат бо орову торо саргарм буданд ва ҳатто барои худашон чой дам намекарданд. Холаам “духтара чию хонданаш чи” гӯён, намонд, ки ҳатто ба мактаб равам.

Ҳамин тавр солҳо дар хонаи холаам хизматгорӣ карда, як духтари зебои қадрас шудам. Ҷавонони деҳа аз пасам бо ҳавас нигоҳ карда, ба ман гап мепартофтанд, аммо сари хамамро боло карда, ба рӯяшон нимнигоҳе ҳам намекардам. Дар байни ин ошиқони шайдо Камол ном ҷавони қоматбаланди зебое буд, ки дар як донишгоҳи бонуфуз мехонд.

Холаам мегуфт, ки падари Камол раис аст ва онҳо зиндагии шоҳона доранд. Ана ҳамин писари раис ба мани ятимдухтар ошиқи зор шуда, аз пасам ҳамеша мисли Маҷнун кашола шуда мегашт. Дар гаппаронӣ устухон надошт, чунон суханҳои ширине мегуфт, ки духтар он тараф истад, дили санг ҳам обу адо шуда мерафт.

Ҳарчанд кӯшиш мекардам, ки ба гапҳояш аҳамият надиҳам, намешуд, вай боз аз сари роҳам мебаромаду қасам рӯйи қасам мехӯрд, ки дӯстам медорад ва бе ман зиндагӣ карда наметавонад. Ростӣ, чи хел ишқашро қабул кардам, худам ҳам намедонам.

Хулоса, ману Камол Лайлию Маҷнун шуда мондем ва ин овоза ба гӯши холаам ҳам расид. Холаам духтари худашро ба писари раис доданӣ будааст, аз ҳамин сабаб вақте мефаҳмад, ки Камол ба ман ошиқи зор шудааст, деви рашк дар дилаш бедор шуда, ба исён сар кард.

Вай таҳдидкунон мегуфт, ки поямро баробари кӯрпааам дароз кунам, чунки бачаи раис ҳаргиз ман барин духтари бесоҳиби почакандаро намегирад. Маро аҳмақ карда, муддате кайфу сафо мекунаду баъд мепартояд...

Азбаски дилам аз ошиқам пур буд, ба гапҳои холаам аҳамият надода дар дил орзуҳои ширини ошиқона мепарвардам. Хаёлан худамро дар хонаи дӯстдоштаам бо тоҷи арӯсӣ тасаввур карда, аз фараҳу шодӣ курта-курта гӯшт мегирифтам ва лабонам табассуми ширин гул мекард. Хушбахти ҷаҳон будам аз ишқ, бехабар аз он, ки тундбоди ғазаби холаам ниҳоли орзуҳоямро дар як лаҳза решакан хоҳад кард.

Холаам вақте мебинад, ки бо таҳдид маро аз писари раис ҷудо карда наетавонад, роҳи дигарро пеш гирифта, назди модари Камол рафтааст. Холаи худам маро туҳмат намуда, номамро доғдор карда, ба зани раис гуфтааст, ки “ин духтар ҷиянам бошад ҳам, айб дорад, пагоҳ баъди келин кардан аз ман домангир нашавед...”

Ин гапҳорор аз хоҳари Камол шунида, аз шарм замин накафид, ки дароям.
Ҳамин тавр холаам ба мақсадаш расид ва волидони Камол писарашонро бо таҳдиди он ки оқаш мекунанд, агар маро ба занӣ бигирад, аз ман ҷудо карда, маҷбуран бо каси дигар хонадор карданд.

Холаи золимам маро туҳмат карда, аз Камол ҷудо ва бадбахт гардонду боварӣ дошт, ки духтари худашро ба писари раис медиҳад, аммо тираш хок хӯрд. Волидони Камол на маро келин карданд ва на духтархолаамро, онҳо барои писарашон аз як оилаи ба мисли худашон бо обрӯ ва сарватманд арӯс ёфтанд ва тӯйи дакаданге ороста, Камолро зан доданд.

Аз вақте ки Камол зан гирифт, зиндагӣ дар назарам рангу маъниашро гум кардааст. Шабу рӯз оби дида мерезам, ки худоҷон ҷони маро бигир, ки аз чунин ҳаёти талх ва бе умед хастаю безор шудаам . Шабҳо рӯйи ҷонамоз бо худованд роз гуфта, дуо мекунам, ки ҷазои туҳматчиро диҳад.
Фариштаи навмед

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Ммм 2023-09-26, 04:40
Холата бехужа гунахкор наку. Бойбача камбагала намегирад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Ммм 2023-09-26, 04:40
Холата бехужа гунахкор наку. Бойбача камбагала намегирад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД