formula
Тӯй дар хоб нишонаи мотам аст ё хушбахтӣ?
1986

Ду шаб боз пай дар пай тӯй хоб мебинем. Мегӯянд, ки тӯй дар хоб хосияти хуб надошта, аз сар задани ягон ҳодисаи нохуш ё ғаму андӯҳ дар ҳаёти шахси хобдида дарак медиҳад, вале намедонам ин гуфтаҳо то куҷо ҳақиқат доранд. Илтимос, таъбири хоби маро бигӯед. Тӯй дар хоб дар ҳақиқаи нишонаи мотам аст ё рамзи хушбахтӣ?

Меҳрона, сокини шаҳри Турсунзода

Посух
Хоҳари азиз Меҳронабону! Ташвиш накашед, зеро дар хобномаҳо омодааст, ки тӯй дар хоб нишонаи мотам не, балки пайки хушбахтӣ мебошад.

Ғайбдони машғури булғорӣ Ванга тӯйро дар хоб таъбир намуда, гуфтааст, ки агар кас арӯсӣ кардани хешу табори наздикашро хоб бубинад, ба он шахс кӯмаки одами хобдида зарур мешавад, вале хоб бинад, ки худаш домод ё арӯс шудааст, сари дуроҳаи тақдир қарор мегирад. Ҳаёти минбаъдаи шахси хобдида ба қароре, ки қабул мекунад, вобастагӣ дорад.

Таъбиргарони дигар низ тӯйи арӯсӣ ва пӯшидани либоси сафедро дар хоб рамзи оғози як ҳаёти нави пур аз шодию хурсандӣ хондаанд. Аммо дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки агар мард тӯйи арӯсӣ хоб бинад, дар ҳаёти оилавиаш мушкилиҳо ба вуҷуд омада, байни ӯ ва ҳамсараш аз рӯйи рашк нофаҳмӣ ва ҷангу ҷанҷол сар зада метавонад. Зан тӯй хоб бинад, бояд дар қабул кардани қарори муҳим дар ҳаёташ саросема нашавад.

Дар бештари хобномаҳо тӯй дар хоб ҳамчун як пайк ё хабари хуш арзёбӣ гашта, онро нишонаи оғози зиндагии тоза дар ҳаёти шахси хобдида мешуморанд. Кас дар хобаш дар тӯйи арӯсии ягон одами бегона иштирок кунад, хабари хуш мешунавад, вале тӯйи худро хоб бинад, бояд “сюрприз”-ҳои хуб ва хурсандиовари зиндагиро интизор бошад.

Тақдир ба ӯ туҳфаи бузургеро тақдим хоҳад кард, ки кайҳо дар интизораш буд. Ин тӯҳфаи тақдир метавонад давлату сарват, соҳиби мансаб ва обрӯ гаштан, пайдо кардани бахти худ ё фарзанддор шудан бошад.

Кас хоб бинад, ки дар тӯйи арӯсӣ дар канори арӯси ба зару зевар печида нишастааст, соҳиби мансабу вазифаи баланд мешавад ва ё давлату сарвати зиёде ба даст оварда, бообрӯ ва дар байни мардум ба қавли маъруф “бологузар” хоҳад шуд.

Мувофиқи хобномаи исломӣ тӯй дар хоб фоли нек буда, нишонаи беҳтар шудани шароити иқтисодии шахси хобдида ва раҳоӣ ёфтани ӯ аз ғаму дард мебошад. Шахс хоб бинад, ки бо ҳамсараш дубора арӯсӣ кардааст, нишонаи он аст, ки вай дар инӣихоби ҷуфти ҳаётии худ хато накардааст.

Дар маҷмӯъ тӯй дар хоб фоли нек буда, аз кушода шудани саҳифаи нави сафед дар ҳаёти шахси хобдида ва оғози зиндагии хурсандона дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД