sebiston july new
Уксус ва чеснок “грибок”-и пойро шифо мебахшад?
10.04.2022
Оила
1473

”Грибок” бемории нохуше мебошад, ки сабаби хориш ва арақ кардан ва арақи пойҳо мегарданд. дар шумораи қаблӣ оиди арақ ва бӯйи бад кардани пойҳо мавод дарҷ намудем, бар асари бемориҳои замбурӯғӣ, махсусан замбурӯғи пой-грибок низ пойҳо арақ ва бӯй мекунанд. Нишонаҳои грибок инҳоянд:
1. Хориш ва сӯзиши кафи пойҳо ва байни ангуштон.
2. Ба машом расидани бӯйи бади дилбеҳузуркунанда аз пойҳо.
3. Тағйирёфтани шакл ва ранги нохунҳои пой.
4. Пӯст партоӣ ва ё ғафсшудани пӯсти пой.
5. Баромадани ярачаҳои хурд дар пойҳо ва байни ангуштон.
6. Дард кардани пойҳо ҳангоми роҳгардӣ.
7. Баромадани оби лачаҳо дар пой.

Усулҳои халқии табобати грибок
Албатта бемориҳои замбуруғӣ ва мағораи пойҳоро метавон бокӯмаки малҳам ва дорувориҳои махсус табобат намуд, вале имрӯз мо ба шумо дар бораи усулҳои хеле содаву осони халқие маълумот медиҳем, ки арақкунии пойҳоро кам карда, шуморо аз бӯйи бад наҷот медиҳанд.
1. Пойҳоятонро дар маргансовка бигиред!
Маргансовка ё перманганати калий воситаи беҳтарини халосӣ аз бӯйи бад ва арақкунии пойҳо мебошад. Барои ин кофист, ки ҳаршом тахминан 2 литр обро ба тағора андохта, ба он ҳамагӣ 1 грам хокаи перманганати калий андозед ва пойҳоятонро дар ин оби гарм 15-20 дақиқа нигоҳ доред.
2. Мӯъҷизаи сирко
Сиркои себин барои халосӣ аз бӯйи бади пойҳо мадад мерасонад. Ба оби гарм ҳамагӣ 200 грам сиркои себин, ки дар шакли тайёр фурӯхта мешавад, андозед ва пойҳятонро дар ин моеъ 15 дақиқа нигоҳ доред. Дар як рӯз ин амалро 3 мартиба такрор кардан лозим аст. Пас аз ин пойҳоятонро бо сачоқи махсус нағзакак хушк карда, ҷӯроби нав ё тоза пӯшед.
Мабодо нохунҳоятон ҳам бемории замбуруғӣ дошта бошад, метавонад шабона лӯлачаҳои пахтагинро дар сиркои себин тар карда, дар мавзеи мағора-грибок дошта монда нағзакак бандед ва аз болояш ҷӯроби тоза пӯшида хоб равед.
Сир-чеснок кӯмак мерасонад, агар...

Сир-чеснок хусусияти несту нобуд кардани мағораи пойҳоро дорад. Як калла сирро майда карда шираи онро фишурда гиред ва ба он ба миқдори баробар спирту об андозед. Обро гарм карда ба он як қошуқ собуни сиёҳи аз турбтарошак гузаронида шуда ва ду қошуқ содаи хӯрока андозед. Сиркои бо спирт омехта шуда ба ин об андохта, пойҳоятонро дар он муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз ин пойҳоятонро бо саҷоқ хушк карда, шарбати боз
Як калла сири бо спирт ва об омехта шударо ба пойҳоятон молед, баъдан ҷӯроби тоза пӯшида, хоб равед.

Воситаҳои дигари халосӣ аз арақи пой
Воситаҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки барои халосӣ аз арақкунӣ ва бӯйи бади пойҳо ёрӣ мерасонад. Аз ҷумла равғанҳои эфирии эвкалипт, розмарин, лаванда, дарахти чой барои табобати мағораи пойҳо бисёр муфид мебошанд. Ба 3 литр об ҳамагӣ 10 қатра аз ин равғанҳо андохта, пойҳоятонро дар ин об 15-20 дақиқа нигоҳ медоред. Равғани ҳайвон аз ҷумла равғани гӯсфанд, равғани буз, равғани хук ва равғани ғоз ҳам дар табобати мағора-грибок ва халосӣ аз бӯйи баду арақкунии пойҳо ба шумо кӯмак карда метавонанд.

Дар охир таъкид мекунем, ки маслиҳати мо танҳо ба шахсоне, ки солиманду пойҳояшон арақ ва бӯй мекунанд, дахл доранд, онҳое, ки касалии қанд ва дигар бемориҳои дар боло зикр шударо доранд ва иллати арақкунию бӯйи бади пойҳояшон аз ҳамин касалиҳоят, бояд ҳатман ба духтур муроҷиат карда, ҷиддӣ аз паси табобат шаванд, зеро саломатӣ ганҷи бебаҳост.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД