Sebiston new 2024 october
Ӯ улуми ислом ва фиқҳро аз худ мекунад
2158
Ӯ улуми ислом ва фиқҳро аз худ мекунад

Аслигул Тиллохонова, тоҷикдухтари забондон, имсол таҳсилашро дар факултети илмҳои гуманитарӣ ва санъати Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср давом медиҳад.

Ӯ зимни суҳбат ба сомонаи “Оила” гуфт, ки дар ин донишгоҳ забони арабиро як сол меомӯзад ва меҳоҳад соли оянда ба дигар факултет гузарад, чун забони англисиву арабиро медонад.

“Барои донишҷӯёни хориҷӣ соли аввали таҳсил шартномавӣ аст. Агар дар ин сол фаъолияти хуби дарсӣ нишон диҳам, метавонам барои буҷҷавӣ намудани таҳсил ба ректори донишгоҳ ариза нависам. Як имкони дигар низ дорам, ки бинобар дар Озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони англисӣ ва забони арабӣ” иштирок намуданам ва ҷоиза гирифтанам, пардохти шартномаи соли аввали таҳсилро 50 фоиз гардонанд”,-иброз дошт Аслигул.

Аслигул мегӯяд, ки таҳсил фосилавӣ ҷараён мегирад ва он аз моҳи октябр оғоз ёфта то моҳи июн давом мекунад.

“Дар сместри аввал улуми ислом, шариат, фиқҳ, филологияи араб, забони англисӣ, география ва таърих хоҳам хонд ва соле як маротиба ба донишгоҳ рафта имтиҳон месупорам”,-афзуд ҳамсӯҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки Аслигул зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар Озмуни байналмилалии “Беҳтарин донандагони забони англисӣ ва забони арабӣ” дар Донишгоҳи “Ал-Азҳар”-и шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср ширкат намуда, дар миёни 43 давлати дунё баррандаи мақоми аввал гардид.

Ӯ аз хурдӣ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ шавқ дошта, соли 2017 Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо ихтисоси тарҷумони забони англисӣ хатм кард. Ҳамон сол Аслигул дар шаҳри Вашингтони Амрико дар барномаи “Flex” иштирок карда, миёни 35 давлат ҷойи 3-юмро соҳиб шуда буд, ки ин оғози масири комёбиҳои ин духтараки куҳистонии забондон буд.
Хонандагони азиз, шумо метавонед асрори муваффақиятҳои Аслигулро аз забони худаш дар барномаи “Фурӯғ” тамошо кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД