formula
Ҳунар беҳтарин сармоя аст
1806

 

Беҳтарин сармоя барои инсон ҳунар аст, зеро онро на касе аз ӯ рабуда метавонаду на дуздида. Ҳунарманд ҳар куҷое, ки равад, ҳамеша бологузар ва соҳибэҳтиром хоҳад буд.

Қаҳрамони мо Беҳзод Аслонов ин нуктаро кайҳо дарк карда, ҳамеша дар талоши омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун аст. Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, Беҳзод аллакай роҳи худро дар олами рангини ҳунар пайдо кардааст. Ин ҷавони панҷ панҷааш ҳунар бо рассомиву армуғонсозӣ машғул аст, ҳамзамон ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар шаҳри Истаравшан роҳбаладӣ мекунад.

Меросбари ҳунар

Беҳзод аз хурдӣ ба санъати тасвирӣ рағбати зиёд дошта, ҳамеша манзараҳои зебои расми табиат, ҳайвоноти гуногун ва чеҳраҳои зеборо рӯйит коғаз тасвир мекард. Меҳри беандозаи писарашро ба ҳунари рассомӣ дида, падараш ҳанӯз дар синни 6-солагӣ Беҳзодро ба мактаби санъати бачагона гузошт. Он ҷо ҳунарманди маъруф Эргашбой Ғафуров ба хонандагон асрори ҳунари рассомӣ ва армуғонсозиро меомӯзонд. Ҳамин тавр бо роҳнамоии устодаш рассомӣ ба шуғли асосии Беҳзод табдил ёфт.

"Аксари тасвиру армуғонҳоямро ба сайёҳон тӯҳфа кардаам. Ҳамзамон бархе аз сайёҳон онҳоро харидорӣ кардаанд. Ман бештар бо қалами сиёҳ тасвир карда бо он рангпардозӣ мекунам. Ин намуди рангдиҳиро "штрих додан" мегӯянд, ки аз кас маҳорати баландро талаб мекунад,"-мегӯяд ин ҷавони боистеъдод.

Беҳзод бисёртар мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, чеҳраи шоирону нависандагони машҳур ва қаҳрамонони филмҳои дохиливу хориҷиро тасвир мекунад, ки ҳамагӣ бо қалами сиёҳ ранг карда шудаанд. Дар армуғонҳои омодакардааш низ аксҳои таърихӣ, урфу одат ва анъанаҳои халқи тоҷик инъикос ёфтаанд. Ӯ мегӯяд, бо ин амалаш мехоҳад таваҷҷӯҳи сайёҳонро ба Тоҷикистон ҳарчи бештар ҷалб намояд.
Армуғонҳои Беҳзод тавассути сайёҳон ба кишварҳои бузургтарини олам аз қабили Русия, Амрико, Туркия, Ҷопон, Фаронса, Эрон, Лаҳистон, Ҳиндустон, Покистон, Австралия ва ғайраҳо рафтааст.

"Вақте сайёҳон армуғони мавзеъҳои таърихӣ тасвирёфтаро ба кишвари худ мебаранд, завқи ҳаммиллатонашон ба дидани чунин ёдгориҳо меафзояд. Ин албатта боиси зиёд гардидани сайёҳон мешавад,"-мегӯяд Беҳзод Аслонов.

 

                Донандаи се забон

Қаҳрамони мо дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии шаҳри Истаравшан ҳамчун ёвар фаъолият менамояд. Мавсуф ба сайёҳоне, ки ба ин макон меоянду ба роҳбалад ниёз доранд, хизмат расонида, ёдгориҳои таърихию меъмории шаҳри Истаравшанро ба онҳо муаррифӣ менамояд.

"Аксарияти сайёҳон бо забони англисӣ ҳарф мезананд, аз ҳамин хотир кӯшиш карда истодам, ки ин забони ҷаҳониро бадараҷаи аъло омӯхта фаъолиятамро боз ҳам васеътар созам”-иброз дошт ҳамсӯҳбати мо.

Беҳзод мегӯяд имрӯз олами бемайлони интернет дастгири одамон ва осонкунандаи ҳама гуна машкил гардидааст. Ин ҷавони ҳушёру зирак тавассути навордарсҳои омӯзгори рус Дмитрий Петров дар муддати 6 моҳ забони ҳиндиро низ аз худ кардааст.

"Мехоҳам шарқшинос шавам!"

Айни ҳол қаҳрамони мо дар синфи 10-ум таҳсил мекунад ва яке аз хонандагони фаъоли мактаб буда, дар озмунҳои гуногуни мактабиву шаҳрӣ иштирок менамояд. Дар даври шаҳри озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон ватани азизи ман" Беҳзод сазовори ҷойи дуввум гардидааст.
"Аз рӯйи ҳунари рассомӣ дар бисёр озмунҳо ширкат варзидам. Аз ҷумла дар озмуни "Тоҷикистон-ватани азизи ман", "Кӯдакон", "Артиши миллӣ", "Соли нав", "Наврӯз", "Бехатарӣ аз сӯхтор" ва ғайра бо тасвири расмҳои беҳтарин сазовори ҷойҳои намоён гаштам,"-бо ифтихор қисса мекунад Беҳзод.

Қаҳрамони мо ният дорад, ки минбаъд таҳсилашро дар донишгоҳ идома дода, шарқшинос шавад ва ба кишвари Ҳиндустон сафар карда, аз дидаву шунидаҳояш китобе таълиф намояд.

"Шарқшиносиро хеле дӯст медорам. Пайваста китобҳоеро, ки марбут ба ин соҳаанд, мехонам, ҳамзамон ба воситаи интернет ва марказҳои забономӯзӣ забонҳои хориҷиро аз худ карда истодаам, то ки дар оянда шарқшиносӣ муваффақ гашта, ба халқу ватанам хидмат намоям,"- таъкид намуд ин ҷавони ташнаи илму ҳунар.

Дуои сафед

 

Беҳзод Аслонов набераи шоири истаравшанӣ Наимҷон Назирӣ ва бонуи шеърдону суханвар Раънои Сафарзод аст. Вай ҳар саҳар аз бибиаш дуо мегирад, то кораш пешрав гашта, ба муроди мақсадаш расад. "Бибиям доимо дуо мекунанд, ки Илоҳо мисли Камолиддин Беҳзод рассомӣ номӣ шавӣ ва бо ҳунарат парчамбардори давлату миллат гардӣ"-қисса мекунадБеҳзод.
Қаҳрамони мо иброз дошт, ки ҳама муваффақиятҳояш дар зиндагӣ аз дуои неки бибӣ ва дастгириҳои пайвастаи падар мебошад. Мо низ дуо мекунем, ки Беҳзод ба қуллаҳои баланди зиндагӣ бирасад ва рассоми моҳир шушад, дили миллионҳо одамонро бо ҳунараш тасхир намояду миллионер гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД