Ҳунарпешаи мардумии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, яке аз овозхонони номвари мақом мақоми Донишкадаи санъати мусиқии миллии ӯзбек ба номи Юнус Раҷабӣ, профессор Матлуба Дадабоева яке аз чеҳраҳои номвари олами санъат аст, ки ҳам дар Ӯзбекистон ва ҳам дар Тоҷикистон мухлисони сершумор дорад. Шоир ва рӯзноманигор Абдулло Субҳон бо ин ҳунарманди мумтоз суҳбате анҷом дод, ки онро манзури шумо мегардонем.
Вақте ӯ ҳамроҳи дугонаҳояш зочабозӣ мекард, дар кӯчаҳои Варзик мисли бод медавид ё ба кӯҳ лолачинӣ мерафту баъд аз як даста лола чидан, вуҷудаш ташнаю тафта ба оби шаффофи чашмаҳои зоянда менигарист, вуҷудашро завқу шавқи гунге фаро мегирифт, василае меҷуст, ки он завқи гунг ба забон ояд. Ва пора-пора сурудҳои халқӣ ба имдодаш мерасиданд:
Шабпариё, шабпарӣ,
Мора куҷо мебарӣ.
Ҳавзи Калон мебарам,
Кафши калон мехарам...
Чунин сароишҳои ибтидоӣ атрофиёнашро мутаваҷҷеҳ месохт. Дар хона радиёе доштанд, ки падараш дар сутуни пешайвон насб карда буд. Тавассути радио, вақте дар иҷрои овозхонҳои шуҳратёри касбӣ Саодат Қобулова, Зайнаб Полвонова, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова сурудҳои дилангези миллӣ садо медоданд, Матлубаи наврас аз назди радио дур намешуд. Сурудҳои онҳоро пора-пора ба дафтараш кӯчонда, дар тақлидашон замзама мекард. Дар мактаби тоҷикии таълими ҳамагонии деҳа яке аз иштирокчиёни фаъоли маҳфили ҳаваскорони ҷавон буд.
Он солҳо дар назди телевизиони давлатии Ӯзбекистон, ба мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон, маҳфил-озмунҳои «Марҳабо, талантлар» («Марҳабо, талантҳо»), «Куйланг, ёш хонандалар!» («Бисароед, овозхонҳои ҷавон») амал мекарданд.
- Пас аз ғолиб омадан дар зинаи вилоятии озмуни «Марҳабо талантлар» ба зинаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтам, - гуфт зимни суҳбат бо мо хонум Матлуба. – Дар зинаи ҷумҳуриявӣ бо «Ушшоқи Самарқанд» бар ғазали Зебуннисо ширкат ҷуста, пирӯз гардидам.
Ёдам ҳаст, он солҳо Матлуба бо суруди «Намедонам чӣ мекардам?» дили мухлисонашро тасхир намуда буд. Бале, дар он солҳо Матлуба, ба маънои густарда, «чӣ кор карданро намедонист». Дар ҷодаи зиндагӣ раҳкушо ва мушкилкушои ягонааш садои дилангезаш буд. Басе мехост, ки нозукиҳои ҳунари овозхониро амиқтар биомӯзад. Ин орзу ӯро соли 1973 ба даргоҳи Донишкадаи театрӣ ва ҳунарҳои тасвирии Тошканд овард. Вақте дар курси сеюм мехонд, ӯро ба ансамбли Кумитаи телевизион ва радиои Ӯзбекистон пазируфтанд.
Дар ин мактаб Матлуба аз Орифхон Ҳотамов, Эҳсон Лутфуллоев ва Турғун Алиматов барин устодони соҳа асрори мусиқӣ ва овозхониро омӯхт.
Орифхон Ҳотамов дид, ки Матлуба соҳиби диапазони фарохи овоз аст, ба ӯ пешниҳод кард, ки роҳи мақомро пеш гирад.
Вақте аз ҳунари мақомсароӣ меандешем, ҳунари шеърсозӣ, кандакорӣ дар чӯбу зарфҳои мисин, созҳои мусиқӣ, гаҷкориву наққошӣ, кулолгарӣ ва дигар ҳунарҳое, ки як олам нафосату зебоӣ дар ниҳон доранд, аз пеши назар мегузарад.
Шояд суоле пайдо шавад, ки ҳунарҳои мазкур ба «Шашмақом» чӣ рабте доранд? Фикр мекунам, умумияти ҳунари шеърсозӣ, кандакорӣ дар чӯбу зарфҳои мисин, сохтани созҳои мусиқӣ ва зарфҳои гилин, наққошиву гаҷкорӣ ва мақомсароӣ дар он аст, ки аз офаранда дониш, маҳорат, диди нозук, резакорӣ ва бурдбории кӯҳворро тақозо мекунанд.
Ва дар ин росто кори на ҳар буз хирманкӯбӣ аст. Ба ин маънӣ аз мақомсарои моҳир суол кардем:
- Хонуми Матлуба, ҳар ҳунар, аз ҷумла, иҷрои сурудҳои мақом ё «Шашмақом» мушкилиҳои худро дорад. Мақомхонон сурудҳои эстрадӣ ё попиро бароҳат иҷро мекунанд, вале на ҳар овозхон аз ӯҳдаи иҷрои сурудҳои классикӣ мебарояд...
– Оре, иҷрои сурудҳои классикӣ мушкилоти худро доранд, бояд дар ин маврид ҳар як овозхон бори масъулиятро бар дӯш гирад, ба умқи маъниҳои ҳар ғазале, ки тибқи оҳангҳои мақом интихоб менамояд, биравад. Биёед, бо масал ба нукта рӯшанӣ андозем. Фикр мекунам, иҷрокунандагони сурудҳои попиву эстрадӣ агар дар сатҳи баҳр шино кунанд, мақомсаро ба масал ғаввосест, ки бо диапазони фарохи овоз ба умқи баҳр меравад ва дурру марворидҳои рахшонро берун меорад.
Инҷониб беш аз ним аср аст, ки дар деги мақом меҷӯшам. Вале фикр намекунам, ки пухтаам. Шояд дар қадамҳои аввал камина низ ҳангоми иҷрои сурудҳои классикӣ, волаву шефтаи оҳанг гардида, аз қолаб берун баромадаам.
«Ҳар овозхон дар ин росто, баъд аз понздаҳ-бист соли таҷриба, ба хатоҳои худ сарфаҳм меравад. Мақомсаро, ба ҷуз истеъдоди фитрӣ, бояд дорои диапазони фарохи овоз низ бошад», – мегуфтанд устодам Орифхон Ҳотамов.
Сурудҳои попиву эстрадӣ низ сабки иҷро ва душвориҳои худро доранд, вале аз нигоҳи банда агар ҳунарпеша ҳангоми иҷрои сурудҳои классикӣ задаро дар ҷояш нагузорад, ба қавле, аз катак берун равад, нолаву кашишҳои тоҷикиву ӯзбекиро дар ҷояш нагузорад, ба мақсад намерасад.
– Саволи анъанавӣ: дар оила нахустин овозхон ҳастед ё қабл аз Шумо низ сарояндагон буданд?
– Аз хонишҳои модари раҳматиам, ки ҳангоми дарзудӯз ва лаганда кардани кӯрпаву кӯрпачаҳо, сурудҳои халқиро замзама мекард, хушам меомад. Модарам доираро низ хуб менавохт. Ӯ бисёр мехост, ки ман овозхон бошам. Шукр, ки орзуи модари биҳиштиям пиёда гардид...
– Дар як вохӯрӣ бо сарҳофизи муосири тоҷик, овозхони камназир, устоди ҳунар Ҷӯрабек Муродов иброз доштед, ки он кас гӯё гуфтаанд, ки Шуморо ба Тоҷикистон мебаранд. Ин гуфтаро батафсил шарҳ медодед. Умуман, Шумо кай ва дар кадом ҳолат бо устод вохӯрдаед? Ҳунари устодро ба сифати як овозхони касбӣ чӣ хел арзёбӣ мекунед? Кадом ҷиҳатҳои он кас Шуморо писанд аст?
– Овони донишҷӯӣ дар Театри калони давлатии опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ консертҳои ҳукуматӣ баргузор мешуданд. Ба яке аз консертҳои шоми дӯстӣ инҷонибро низ даъват намуданд. Вақте навбатам расид, бо ҳаяҷони ба навшогирдон хос, «Ушшоқи Самарқанд»-ро иҷро кардам. Вақте аз саҳна поин меомадам, Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС, устод Ҷӯрабек Муродов наздам омада табрик карданд ва пурсиданд, ки аз куҷоям, оё тоҷикиро медонам? Гуфтам: «Бале, ман яке аз шогирдони мактаби тоҷикии деҳаи Варзики ноҳияи Чусти вилояти Намангон ҳастам». Гуфтанд: «Борҳо меҳмони варзикиёни меҳмондӯст будам. Сурудро хуб иҷро кардед, баъди хатми донишкада ман шуморо барои кор ба Ансамбили мақоми Тоҷикистон даъват менамоям. «Ёдам ҳаст, ба ин даъвати устод мани донишҷӯ кӯдаквор: «Не-не, ман ба Тоҷикистон намеравам!» гуфта посух додам. Гуфтанд: «Чаро, метарсед?». Гуфтам: «Устод, наметарсам. Дар он ҷо касе надорам, барилова, падару модарамро пазмон мешавам...»
Ин даъват аз ҷониби ҳунарпешаи хушсадо ва инсони бузург дили кӯчаки маро ба ҳунари овозхонӣ гармтар сохт. Аз он ифтихор дорам, ки тоҷики Ӯзбекистони кунуниям, ҳафт пуштам дар ин марзу бум ба сар бурдааст, ҳарчанд сурудҳои ӯзбекиву тоҷикиро бо дилбастагии зиёд месароям, дар рагҳоям хуни тоҷикӣ ҷорист...
Устод Ҷурабек Муродов инсони бисёр хоксоранд, одоби муошираташон ҳавасангез аст, барилова, овозхони нотакроранд, садои махмалинашон дили ҳар гуна сомеъро тасхир менамояд. Дар тӯли ҳаёт аз устод бисёр чиз омӯхтаам ва меомӯзам...
Бо эшон равуои оилавӣ дорем. Бо ҳамсари устод телефонӣ суҳбат мекунам. Як духтарамон, бо тақозои тақдир дар Душанбе оила барпо кард.
– Ба шуҳрати зодгоҳ, мисли Шумо, фарзандони обрӯмандаш меафзояд. Варзик зодгоҳи нависандаи бузурги тоҷик – Сотим Улуғзода низ ҳаст...
– Бале, варзикиён бо ин фарзанди бузурги худ ифтихор доранд. Повести «Субҳи ҷавонии мо», романҳои «Восеъ» ва «Фирдавсӣ»-и устоди сухан китобҳои рӯйимизии ҳар як варзикии худшиносанд. Ёду ёдгорашон гиромӣ ва манзили охираташон обод бод!
– Дар боло гуфтед, ки сурудҳои тоҷикиро низ бо дилбастагии зиёд месароям. Мехостем бидонем, ки кадом сурудҳои тоҷикиро месароед?
– Аз овони ҷавонӣ, дар баробари сурудҳои ӯзбекӣ, ба забони тоҷикӣ низ суруд мехондам. «Насруллоҳӣ» (бар ғазали Ҳофиз), «Талқини уззол» (бар ғазали Восифӣ), «Муғулчаи Дугоҳ» (бар ғазали Фурӯғӣ), «Сарахбори ороми ҷон» (бар ғазали Ҳофиз), «Ҳусайнӣ» (бар ғазали Ҳофиз), «Насри Баёт» (бар ғазали Ҳилолӣ), «Нимчӯпонӣ» (бар ғазали Бедил), «Чоргоҳ» (бар ғазали Ҳилолӣ), «Ушшоқ» (бар ғазали Рӯдакӣ) аз он ҷумлаанд.
– Овозхон вақте дар бар либосҳои милливу зебо таҳти мусиқии дилнишин бо чеҳраи шукуфта суруд мехонад, мардум гумон мекунанд, ки зиндагии бароҳат дорад. Оё дар асл ҳамин тавр аст?
– Ин тавр нест. Дигаронро намедонам, вале инҷониб дар хона мисли як бонуи қаториям. Хӯрок мепазам, меҳмононро пешвоз мегирам, дегу коса мешӯям, ҷомашӯйӣ мекунам, палос метаконам... Мани деҳотӣ ин ҳамаро аз модарам омӯхта будам.
Гоҳе мешуд, ки пул ба пуламон намерасид. Лозим меомад, ки баъзан, ғайриихтиёр, бо гурӯҳи ҳамсарам (Худо раҳмат кунад), ки ӯ низ санъаткор буд, бино ба даъвати мардум, дар тӯйҳо хидмат кунам. Дар ҳавои сурудҳоям вақте мастҳо ба рақс медаромаданд, маро ҳолати ногуворе фаро мегирифт...
– Ҳунарпешаи халқии Ӯзбекистон будед, дертар сазовори Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон гардидед. Чанде қабл, бино ба фармони сарвари мамлакат соҳиби ордени «Эл-юрт ҳурмати» шудед. Табрик мекунем. Басе мехостем донем, ки аз дили овозхони касбӣ ва дӯстдоштаи халқҳои ӯзбеку тоҷик дар лаҳзаи супурдани унвону мукофотҳо чиҳо гузаштанд?
– Дар гӯшаи хаёлам набуд, ки сазовори унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мегардам. Фикр мекунам, ҳар ҳунарваре, ки се-чор сурудро иҷро кардааст, аз унвон намеандешад. Ҳар як комёбӣ натиҷаи меҳнати пайгирона ва садоқат ба касби худ аст. Аз устодон, хоссатан, аз Орифхон Ҳотамов сипосгузорам, ки овони фаъолият дар ансамбли мақом ба камина асрори сурудани мақомҳои тоҷикиро омӯхта буданд. Аз ин рӯ, унвону мукофотҳо ҷоизаҳои онҳо низ ҳаст. Аз эътибори роҳбари мамлакат ба меҳнатҳои инҷониб, ба қавле, сарам ба осмон расид.
Шукр, ки бо ибтикори ду Президенти хирадпеша гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд, рафтуои шаҳрвандони ду халқи аз азал дӯсту бародар ба роҳ монда шуд. Ҳунарпешагони Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва Ӯзбекистон дар Тоҷикистон мухлисони зиёд доранд.
Чанде қабл дар Хуҷанди бостонӣ таҳти роҳбарии устод Ҷӯрабек Муродов Озмуни байналхалқии мақомсароён баргузор шуда буд. Дар он аз Ӯзбекистон камина ва Соҳибҷон Бекматов ширкат ҷустем. Дидорбинӣ бо дӯстон ва овозхони хушадо, устод Мастона Эргашева бароям хеле хушоянд буд...
– Баъд аз соҳиби истиқлол гардидани ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар ҳар ду ҷумҳурӣ доир ба рушди мақом чорабиниҳои зиёд андешида шуданд. Ба сифати як мақомхони касбӣ ин дигаргуниҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Бале, Истиқлол барои эҳёи урфу одат, анъана ва арзишҳои миллӣ дари имкониятҳои навро боз намуд.
Дар тӯли солҳои истиқлол дар Ӯзбекистон эҳё, ҳифз ва рушди санъати мақом ва «Шашмақом», ки тоҷи мероси мусиқии халқҳои мо ба шумор меравад, ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфт.
Бо ибтикори сарварони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон соли 2003 мусиқии «Шашмақом» аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун «Шоҳкори мероси ғайримоддии фарҳангии башарият» эътироф гардид ва соли 2008 ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият ворид карда шуд.
Қарори Президенти мамлакат аз 17 ноябри соли 2017 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи санъати мақоми миллии ӯзбек» марҳилаи нави равнақи соҳаро оғоз бахшид.
Дар шаҳри Тошканд Донишкадаи санъати мусиқии миллии ӯзбек ба номи Юнус Раҷабӣ таъсис ёфт. Инҷониб дар ин даргоҳ, қатори устодони соҳа, ба ҳунарпешагони ҷавон асрори мақом меомӯзам.
Бо мақсади муаррифии санъати мақом дар арсаи ҷаҳон Анҷумани байналмилалии санъати мақом таъсис дода шуд ва мунтазам баргузор мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои фарҳанг қонун ва барномаҳоеро қабул намуд, ки барои боло бурдани жанрҳои мусиқӣ, аз ҷумла «Шашмақом», заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
Бо талошу заҳматҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба жанри «Шашмақом» мақоми давлатӣ дода шуда, Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов таъсис ёфт ва ҳар сол 12 май дар сартосари кишвари ҳамсоя Рӯзи «Шашмақом» ҷашн гирифта мешавад.
– Дар ин хусус бисёр гуфтаанд. Мехостем, назари Шуморо низ доир ба қаробати халқҳои тоҷику ӯзбек донем.
– Садсолаҳост, ки халқҳои тоҷику ӯзбек дар канори ҳам ба сар мебаранд. Аз ин рӯ, оила ва ҷиҳатҳои муштарак ба маротиб афзудаанд. Ин гуфта: «Халқҳои тоҷику ӯзбек як халқеянд, ки ба ду забон ҳарф мезананд», бешубҳа, заминаи воқеӣ дорад. Бигирем, агар бигӯем «Шашмақом», «Бузрук», «Рост», «Наво», «Дугоҳ», «Сегоҳ», «Ироқ» ё номи созҳои мусиқӣ: най, танбӯр, қӯшнай, ғижжак, тор, дутор, сетор, чанг ва доираро ба забон гирем, намояндагони ҳар ду халқ медонанд, ки сухан дар бораи чист. Ба ҷуз ин, рахти хона, таом, тарзи либоспӯшии занону мардон ва тӯю маъракаҳои мо яксонанд. Танҳо фарқ дар забони мост. Бигузор, ҳар ду халқ урфу одат, арзишҳои миллӣ ва забони модарии худро пос доранд.
Халқҳои мо амиқ дарк намудаанд, ки дӯстиву ҳамбастагӣ омили пешрафту тараққиёт аст. Ба дӯстиву ҳамбастагии мо чашм нарасад.
– Омин.