Дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими ифтитоҳи ҳуҷраи кории аввалин президенти Академияи фанҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, арбоби бузурги илму фарҳанг, асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Ифтитоҳи ҳуҷраи кории Садриддин Айнӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои бузурги устод ва арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули илм дар Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Таъкид шуд, ки фаъолияти илмӣ-адабии Айнӣ заминагузори давраи навин дар адабиёт ва худогоҳии миллии тоҷикон мебошад.
Ин иқдом барои ташаккули муҳити таърихӣ-фарҳангӣ дар академия, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ дар байни насли ҷавон ва омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси устод Айнӣ аҳамияти вижа дорад.