arzon replenishment
УСТО МИРАМИНИ ИСТАРАВШАНӢ. Читгарӣ маро соҳиби медали тилло кард
1050

 

 

Читгарӣ яке аз қадимтарин ҳунарҳои мардуми Осиёи Марказӣ, хусусан тоҷикон ба ҳисоб меравад. Ин ҳунари дар гузашта хеле маъмул имрӯзҳо қариб аз байн рафтааст. Дар Осиёи Марказӣ танҳо оилаи Саидовҳо бо роҳбарии пири хонадон усто Мирамини читгар ин ҳунари бобоиро то имрӯз идома дода истодаанд. Қаҳрамони мо 66-сол дошта, солиёни зиёде бо ин касб машғул аст. Усто Мирамин чи гуна аз нав эҳё кардани ин ҳунари қадимиро чунни қисса кард: 

-Дар замони Шӯравӣ, баъди он, ки корхонаҳои истеҳсолӣ зиёд шуданд, мардум дар ин кархонаҳо ба кор даромада, ризқу рӯзии худро меёфтагӣ шуданд ва аз баҳри ҳунарҳои қадимӣ гузаштанд. Аз тарафи дигар бозору мағозаҳо пур аз молҳои истеҳсоли корхнаҳои саноатӣ шуда, талаботи мардум ба матоъҳои дастбоф торафи камтар мешуд. Устоҳое, ки бо ҳунарҳои мардумӣ машғул буданд, диданд, ки дигар аз пушти чунин корҳо нон ёфта намешавад, асбобу ускунаашонро ба осорхонаҳо фурӯхта, домони касбу корҳои дигарро гирифтанд. Ҳамин тавр ҳунарҳои мардумӣ оҳиста-оҳиста аз байн рафта, аз баъзе намудҳои ҳунарҳои дастӣ имрӯз танҳо ном боқӣ мондаасту халос. Устоҳои читгар ҳам бо сабаби бетаваҷҷӯҳӣ аз баҳри ҳунари худ гузашта, роҳҳои дигари даромадро ҷустуҷӯ ва пайдо карданд, вале бобои ман, ки марди дурандеш буданд, ба падарам гуфтаанд, ки тамоми асбобҳои читгариро дар ҷое пинҳон карда монад, зеро замоне ба кор меоянд. Падарам ба маслиҳати падарашн гӯш дода, оддитарин асбобҳоро маҳфуз доштаанд ва маҳз ҳаимн чиз бис гашт, ки мо тавонистем ин ҳунарро то ба имрӯз зинда нигоҳ дорем...

Аз нақли усто Мирамин чунин бармеояд, ки натанҳо асбобу ускунаи читгарӣ, балки ҳатто рангҳои омода кардаи бобояш солиёни зиёде дар хонаашон нигоҳ дошта шудааст. Падараш баъди муддати мадид, бо илтимоси як мӯйсафед матоъҳои читӣ омода карда медодааст: 

"Дар Истаравшан деҳае ҳаст, ки мардумаш анъанаҳои хеле аҷиб доранд. Сокинони ин деҳа. агар ҷиҳози арӯсию домодии духтар ё писар аз чит набошад, тӯй барпо намекарданд. Доштани кӯрпаву кӯрпача ва либосҳои чит барои тамоми сокинони ин деҳа ҳатмӣ буд. Аз ҳаимн сабаб як мӯйсафед аз ҳамон деҳа омада, аз падарам чит харидорӣ мекард. Баъди он ки мӯйсафед вафот кард, дигар ба моли мо ягон харидор намонд, чунки чити дастӣ истеҳсол шуда хеле қимматбаҳо аст. Мардум акнун арзон гуфта, матоъҳои истеҳсоли фабрикаҳои бофандагиро мехариданду моли ҳунармандони мардумӣ бе харидор мемонд"-қисса мекунад усто.  

Зани рус ҳунари тоҷикиро аз маҳвшавӣ наҷот дод

Аз рӯйи нақли Усто Мирамин, солҳои 1960-1970 дар Осиёи Марказӣ ҳунари читгарӣ қариб ба пуррагӣ аз байн рафта будааст, вале ҳамон солҳо як зани муҳаққиқи рус бо номи Тамара Ивановна барои пажӯҳиши худ оид ба ҳунари читгарӣ ба марказҳои асосии ҳунару ҳунармандӣ, яъне ба шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Панҷакент меояд, вале аз шаҳрҳои мазкур нафаре ёфт намешавад, ки бо ин ҳунар машғул бошад. Ин муҳаққиқи рус аз куҷое дараки дар Истаравшан зиндагӣ кардани чунин оилаи ҳунармандро ёфта, ба Истаравшан меояд ва бо оилаи Саидовҳо аз наздик шинос шуда, бо кору пайкори онҳо ошноӣ пайдо мекунад. 

" Баъди омадани ҳамон муҳаққиқзан падарам аз нав ба ҳунари читгарӣ рӯй оварданд. Тамара Ивановна моҳҳо дар Истаравшан истода, аз нозукиҳои ҳунари мо воқиф мешуданд. Баъди он ки маҳсулоти мо омода шуд, он кас боз ба Душанбе сафар карданд. Тамара Ивановна ҷараёни ҳунари читгариро то ба итмом расидани кор навишта мегирифтанд. Ҳамин тавр он кас дар кори илмии худ дар бораи ҳунари читгарӣ навиштанд ва бо шарофати ҳамин зан дар васоити ахбори умум ҳунари мо инъикос ёфт ва моро ба фестивал-озмунҳои ҳунарҳои халқӣ ҷалб мекардагӣ шуданд. Ҳиста-оҳиста аз дигар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз он харидорон бо мақсади харидани чити дастӣ моро суроғ мекардагӣ шуданд. Ҳамчунин барои осорхонаҳо аз мо матоъ мехариданд"– мегӯяд усто Мирамин.

"Рангҳои табии ва истифодаи он дар матоъ" 

Устои Мирамини читгар мегӯяд, барои ранг кардани матоъ ва мунаққаш сохтани он аз рангҳои табии худсохт истифода мебарад.

 

“Ҳамаи рангҳое, ки барои гулҳои чит истифода мешаванд, мо он рангҳоро худамон аз решаҳои гиёҳҳо тайёр мекунем. Рангҳои сурх ва зардро аз "рӯян" гуфтани як гиёҳ ва ранги сиёҳро аз "буҷум" - и дарахти писта омода мекунем. Солҳои охир ранги зард тамоман аз байн рафта буд, аммо падарам ин навъи рангро ҷустуҷӯ намуда, боз аз нав тайёр карданд. Солҳои пеш барои чит мо аз карбос, ки дастӣ омода мешуд, истифода мебурдем. Имрӯзҳо аз хомсуфе, ки дар корхонаҳои Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, чит омода мекунем. Қолибҳои мунаққаш аз ҳамон давраи бобову бобокалонам, то ба мо расида омадааст. Қолибҳои хеле зебое, ки кандакорӣ шудааст ва на ҳар кандакор аз ӯҳдаи сохтани он мебарояд, зеро чунин кандакориро кандакории дарунӣ мегӯянд, ки дар гузашта танҳо читгарон месохтанд.

Ҳунаре, ки соҳибашро ба сайри ҷаҳон бурд

Шайх Саъдӣ барҳақ фармудааст: “Ҳунарманд ҳар куҷое, ки равад, қадр бубинад ва дар садр нишинад. Усто Мирамини читгар низ аз пушти ҳунараш ба кишварҳои зиёди Осиёву Аврупо сафар кардааст. 

"Маҳз ҳамин ҳунар боис гашт, ки тез-тез ба сафарҳои хориҷӣ баромада, ҷаҳондида шавам. Дар бисёр фестивал ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Русия, Олмон, Фаронса, Англия, Амрико, Уммон, Дубай, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ба сифати устои читгар иштирок кардам. Мардумони он кишварҳо маҳсулоти дастии моро дида дар ҳайрат меафтоданд, ки то ҳол чунин ҳунарҳои қадимӣ дар Тоҷикистон побарҷост"-мегӯяд бо ифтихор усто. 

   Имрӯзҳо низ талабот ба матоъҳои читӣ ҳаст, аммо ин навъи матоъҳоро бештар сайёҳон харидорӣ мекунанд. Маҳсули дасти усто Мираминро дар осорхонаҳо низ дидан мумкин аст. 

Чити дастиро имрӯзҳо бештар ҳамчун сӯзанӣ барои зебоии хонаву корхона истифода мебаранд, вале дар гузашта аз чит либос, ҷойнамоз, кӯрпаву кӯрпача тайёр мекарданд. 

  Меҳнати пурмашаққаати ин марди ҳунарманд бе подош намонда, ҳанӯз соли 1982 усто Мирамин Саидовро ба аъзогии фонди бадеии Иттифоқи рассомони СССР пазируфтанд. Баъдан аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмиллалии рассомон гашт. 

Бино ба гуфти худи усто Мирамин дар бисёр фестивал-озмунҳо соҳиби медали тилло низ гашта, ҳамзамон бо диплом ва сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудааст. Мо ба ин марди ҳунар умри дароз ва рӯзгори пурнишот хоҳонем.  

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД