shoh palace
Устодони Донишгоҳи миллӣ соҳиби хона мешаванд
1596

Аз ҳисоби хобгоҳҳои маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба 25 нафар устодоне, ки бе манзили зист буданд, хона медиҳанд. Бахтиёр Қутбиддинов, устоди донишгоҳ дар ин бора дар саҳифаи шахсиаш дар фейсбук хабар додааст.


Номбурда қайд кардааст, ки ин хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, кӯмаки хубе хоҳанд гашт, барои онҳое, ки солҳои зиёд дар хонаҳои иҷора зиндагӣ карда, азобмекашиданд.
Бо дастгирии Қобилҷон Хушвахтзода, Ректори ДМТ аз ҳар як факултет як нафар устод бо хона таъмин карда мешавад. Дар маҷмӯъ 25 нафар устодони ин донишгоҳ бояд соҳиби хона шаванд.
Бахтиёр Қутбиддинов аз Қобилҷон Хушвахтзода ҳамчун роҳбари ҷавони хайрхоҳ ёд карда гуфтааст, ки роҳбари донишгоҳ ҳамеша дар фикри беҳбудии зиндагии кормандонаш аст.
Нақшаи дигаре, ки Хушвақтзода амалӣ кардан мехоҳад, ин дар маҳаллаи Лучоб бунёд намудани як бинои комплексии истиқоматӣ барои 140 нафар омӯзгорн мебошад.
Ногуфта намонад, ки ба наздикӣ барои аспирантҳову унвонҷӯён низ шароити таъмини хобгоҳ беҳтар мешавад, зеро хобгоҳи 12 ошёна барои духтарон дар маҳаллаи Лучоб пурра мавриди истифода қарор мегирад ва чанд хобгоҳҳои дигар холӣ мешаванд.
Мо ба ректори ДМТ Қобилҷон Хушвахтзода дар амалӣ гардонидани ниятҳои хайраш барору комёбиҳо таманно дорем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД