sebiston july new
"Ҳуқуқи ман" ҳамеша дар паҳлӯи ниёзмандон аст!
2509
"Ҳуқуқи ман" ҳамеша дар паҳлӯи ниёзмандон аст!

Лоиҳаи “Дастрасӣ ба адолат”-и Ҳукумати Швейтсария аз ҷониби Филиали Ассотсиатсия ХЕЛВЕТАС Свисс Интеркооперейшн дар Ҷумҳурии Точикистон дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ) амалӣ шуда истодааст.

Ҳадафи асосии лоиҳа беҳтар намудани дастрасӣ ба адолати судӣ барои шаҳрвандони осебпазир, алахусус занон ва оилаҳои онҳо тавассути машварат ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар суд, ҳамчунин тақвияти иқтидори ҷомеаи шаҳрвандӣ барои татбиқи ислоҳоти волоияти қонун мебошад.

Дар доираи ин фаъолият дар минтақаҳои ҷумҳурӣ марказҳои давлатии ёрии ройгони ҳуқуқӣ кушода мешаванд, ки дар он ҳар кас метавонад маслиҳати ройгон гирад.

Феълан дар 34 ноҳия ва шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 ҳуқуқшиносони  давлатӣ  фаъолият мекунанд.

Шумораи нафароне, ки дар давраи фаъолияти марказҳои ҳуқуқӣ ёрии ҳуқуқӣ гирифтанд, беш аз 60 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Ҳуқуқшиноси давлатие, ки дар шаҳри Конибодом фаъолият менамояд, аллакай дар самти фаъолияти хеш пешравиҳои назаррасро ба қайд гирифтааст.

Шаҳрванд Хӯҷаева Насиҳат, сокини шаҳри Конибодом, ҷамоати деҳоти Ортиқов, кӯчаи Пахтаобод №31 бо мушкилоти ба сарашомада ба ҳуқуқшиноси маркази мазкур муроҷиат намуда, дар муддати кутоҳ душвории худро ҳал намуд. Хуҷаева Насиҳат бо шавҳараш Туранов Турсунбой соли 1989 бе қайди ЗАГС оила барпо намуда, соҳиби 3 фарзанд мебошад, ки якеашро дар хона таваллуд кардааст ва фарзандаш маъюб мебошад. Фарзандаш 17-сола буда, бинобар бесаводияш зодномаи кӯдак надорад ва шиносномаи миллиро то ҳол нагирифтааст. Хуҷаева оиди гирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба шуъбаи САҲШ-и ш. Конибодом муроҷиат намудааст. Ба ӯ тавсия додаанд, ки ба суди ш. Конибодом муроҷиат намояд.

Бо кӯмаки ҳуқуқшиноси давлатӣ дар асоси гуфтаҳои боло ва бо дастрасии моддаи 269 КМГ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суди шаҳри Конибодом ариза “Дар бораи муқаррар намудани ҳолати таваллуди кӯдак нависонида шуд. Бо ҳалномаи суди шаҳри Конибодом ҳолати таваллуди Хӯҷаев Элёр муқаррар карда шуда, дар асоси ҳалнома зодномаи кӯдак дар САҲШ-и ш. Конибодом пешниҳод карда шудааст.

Мушкилоти ин зани муштипар, ки дигар дастгиру мададгоре надошт,  дар як муддати кутоҳ бо дастгирӣ ва кордонии ҳуқуқшиноси давлатӣ роҳи ҳалли худро пайдо намуд.

Шумораи занону модарон ва дигар нафароне, ки дучори мушкилоти ҳуқуқӣ гаштаанд, дар ҷомеаи мо кам нестанд, вале бо сабаби тангдастӣ ё надоштани саводи кофӣ наметавонанд аз вазъияти душвор берун шаванд.

Ҳуқуқшиносони давлатӣ омодаанд ба тамоми корафтодагоне, ки ба онҳо муроҷиат мекунанд, холисонаву сари вақт кумаки ҳуқуқӣ расонида, мушкилоти онҳоро ҳаллу фасл намоянд.

 

Агар шумо мушкилии ҳуқуқӣ дошта бошед, ба рақами 3040 занг занед ё ба сомонаи http://hukukiman.tj/ ворид шавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД