arzon replenishment
Вали Ҳиҷозӣ: Бештар барои кишварам ғамгин мешавам
3342

Вали Ҳиҷозӣ бори дуюм барои дидор бо мухлисонаш ба Душанбе меояд. Ин хунёгари маъруфи Шарқ шоми имрӯз аз соати 19:00 то 21:00 дар Кохи Суруш консерт дорад.

Қабл аз шурӯи консерт мухбирони "Оила" бо хоҳиши мухлисону ҳаводорони сомона ва ҳунарманд барои дидору суҳбат бо ӯ рафтанд. Вали дар танзимгоҳи "Кохи Суруш" таронаҳои навашро бо мусиқӣ ҳамоҳанг мекард ва чун шунид, ки бо хоҳиши мухлисон ба суроғаш омадем, шод шуда, корҳояшро як сӯ гузошту ба суолҳои мо посух дод. Инак, фишурдаи суҳбати ӯ пешниҳодатон мешавад:

Oila: Бародари гиромӣ, Валӣ, шуморо ба Тоҷикистон хуш омадед мегӯем ва аминем, ки гармиҳои тобистони Тоҷикистон шуморо нороҳат накардаанд.

Вали: Хеле хушҳолам, ки баъди 12 сол дар Тоҷикистон ҳастам. Мардуми тоҷик мисли мардуми худамон ҳаст, бо онҳо мисли як оила ҳастем. Гармиҳои ин ҷо мисли гармиҳои ватанам ҳаст ва дӯст дорам гармиҳои Тоҷикистонро.

Oila: Замоне, ки сурудатон бо унвони “Амон, амон” тавлид шуд, мухлисонатон бештар онро зам-зам мекарданду дар кишвари мо шунавандаи зиёд ҳам дошт ва дар ҳамон замон то чанд муддат миёни сурудҳои сарояндаҳои берун аз марз хит гашта буд. Тавлидди ин суруд чи гуна сурат гирифт?

Вали: Матн ва оҳанги суруд аз худам аст, клипи онро дар Дубай сабт кардам. Хушҳолам, ки ин суруди ман дар тамоми дунё паҳн шуд ва тамоми мурдуми олам онро шуниданд.

Oila: Дар ютуб дар канали "Аванг музик" сурудҳоятон тамошобини зиёд доранд. Масалан, 6 моҳ қабл клипи сурудатон бо номи "Лале" беш аз 4 миллион тамошо  гирифтааст. Ба ғайр аз ин, шумораи бинандагони дигар сурудҳоятон то 30 миллион ва суруди "Амон" бештар аз 33 милион бор аст. Вале дар ин миён суруди "Духтари ҳамсоя", ки чанде қабл сароидед, тамошобини камтар дорад. Худи шумо боре чунин мукоиса кардед, ки тамошобини имрӯз аз сароянда кадом ритми сурудро интизор аст?

Вали: Мардум бештар оҳангҳои шодамро мепазиранд. Қиёс кардам, ки сурудҳои ҷаззоби ман маро бештар ташвиқ мекунанд. Аз ин хотир, чунин оҳангҳоро бештар месароям.

Oila: Саҳифаи шахсии шуморо дар ютуб надидем...

ҲАМЧУНИН, ХОНЕД:

ЛОИҚ: БАРОИ САБТИ КЛИП ТО РӮЗ БОРОНРО ИНТИЗОР ШУДЕМ, АММО ...

Вали: Ман, мутаассифона, саҳифаи шахсии худро накушодаам, вале шояд дар оянда кушояму сурудҳоямро онҷо гузорам.

Oila: Дар муқобили шунавандаҳои хеш, ки худатонро дӯст медоранду овозатонро меписанданд, чӣ қадар худро масъул фикр мекунед? Манзурам ин аст, ки шунаванда бояд он чизеро бишнавад, ки худаш дӯст медорад, ё он чизеро, ки шумо меписандед?

Вали: Ман бисёр кӯшиш кардам он чизеро, ки шунавандаи ман дӯст медорад, пешниҳод намоям, чунки ман дар хизмати онҳо қарор дораму баҳри онҳо месароям.

Oila: Дур будан аз зодгоҳ чӣ эҳсос дорад? Ҳисси ғурбат намекунед?

Вали: Албатта, зодгоҳ он ҷоест, ки ҳамеша дар ёду хаёли шахс аст ва фикр мекунам ҳар ҳунарманд ин эҳсосашро дар сурудаш нишон медиҳад.

Oila: Кадом ҳолате аз вазъи имрӯзи кишваратон шуморо бештар ғамгин месозад?

Вали: Дар ин бора чизе гуфтан намехоҳам.

Oila: Бештар ба кишварҳои дуру наздик сафар мекунед. Чӣ тафовуте ёфтед дар дигар кишварҳо нисбат ба Тоҷикистонд?

ИНЧУНИН:

АБДУРОЗИҚ ЗЕРИ БОРОН ВА БО ПОЙИ ИФЛОС ГАШТ

Вали: Пеш аз ҳама, Тоҷикистон кишвари ҳамзабон бо мост. Ҳар вақте ки ба Тоҷикистон, махсусан, ба Душанбе меоям, ҳис мекунам, ки дар Кобул ҳастам, чунки тоҷикон мардуми боэҳсосу бофарҳанганд ва аз ин хеле хушам меояд.

Oila: Зиндагии шумо бо аҳли пайвандон, манзурам волидон аст ё?

Вали: Танҳо зиндагӣ мекунам, чун падару модарам дар қайди ҳаёт нестанд.

Oila: Оҳангу сурудҳои шуморо кӣ интихоб мекунад?

Вали: Худам матн ва оҳанги сурудҳоямро интихоб мекунам.

Oila: Шуморо бештар чӣ ғамгин месозад?

Вали: Вақте мебинам, ки мардум имконоти пешрафтро надоранд. Бештар барои кишвари худам ғамгин мешавад, ки феълан аксари давлатҳои дунё онро ба расмият эътироф намекунанд. Хушҳол мешавам, ки мардуми мо хурсанду хушнуд ва соҳиби пешрафт бошанд. Умедворам, ки дар ояндаи наздик ин орзуҳои ман амалӣ хоҳанд гашт.

Oila:  Бо чӣ дастовезе ба Тоҷикистон омадед?

ҲАМЗАМОН:

ЗИКРИОЛЛОҲ ҲАКИМОВ: ФАРЗАНДОНАМ МАРО БА СЕРӢ НАМЕДИДАНД

Оҳангҳои наву ҷаззоб зиёд дорем, ки имшаб барои мухлисонам пешниҳод мекунам. Мехоҳам қайд намоям, ки онҳоро зиёд дӯст медорам ва интизорашон ҳастам.

Oila: Барои суҳбат ташаккур!

Вали: Ташаккур! Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар муқоиса ба 12 сол қабл хеле пешрафт кардааст, ки барои ман хеле хушҳолӣ бахшид. Тоҷикистон бисёр кишвари зебост.

Бояд гуфт, ин бори дуюм аст, ки Валӣ меҳмони Тоҷикистон мешавад. Қаблан, ӯ соли 2010 ҳамроҳ бо сарояндаи маъруфи эронӣ Бинямин Баҳодурӣ барои анҷом додани як барномаи ҳунарӣ ба кишвари мо омада буданд. Валӣ он замон зимни суҳбат бо расонаҳо роҷеъ ба кишвари мо ва сафари ҳунариаш ба Тоҷикистон гуфта буд, ки қаблан дар бораи Тоҷикистон аз дӯстони ҳунармандаш бисёр шунида буд,ки ҳама аз хубиҳояш ҳарф мезаданд ва ниҳоят нафарони боэътимоде пайдо шуданд, ки ӯро ба Тоҷикистон даъват кунанд.

Ӯ бо бисёре аз сарояндагони маъруфи Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамкорӣ дорад, чун Афшин, Садриддин Наҷмиддин, Баҳром Ғафурӣ ва дигарон. Валӣ бо Маҳваш низ чандин барномаи консертӣ дошт.

Ҳамзамон, шоми 12 сентябри соли 2010 дар толоре дар Лондон консерти муштараки Садриддини Наҷмиддин ва Валӣ бо ибтикори ширкати “Қиём Интернейшнал” доир шуд. Инчунин, ӯ соли 2014 ду суруди шодравон Баҳром Ғафурӣ - “Дар ин замона” ва “Духтари ҳамсоя”-ро бозхонӣ кард, ки ҳаводори зиёд пайдо карданд.

Ёдовар мешавем, ки Валӣ Ҳиҷозӣ 29-уми майи соли 1986 аз падар ва модари ҳиротӣ дар шаҳри Машҳади Эрон таваллуд шудааст. Падараш раиси Бонки миллии Афғонистон буд. Дар синни хурдсолӣ волидайни Валӣ ба шаҳри Ҳомбурги Олмон ҳиҷрат кардаанд. Ӯ ҳамакнун дар Олмон зиндагӣ мекунад. Падару модари Валӣ аз форсизабонони шаҳри Ҳирот буда, ба шеъру мусиқӣ таваҷҷӯҳи зиёд доштаанд. Устоди ӯ дар омӯзиши мусиқӣ марҳум Нусрати Порсо мебошад.

Аввалин албоми Валӣ соли 2007 зери номи «Баъд аз ишқ» мунташир шуд, ки фарогири 11 тарона буда, 4 таронаи он бо лаҳҷаи кобулӣ ва 7-тои дигараш бо лаҳҷаи теҳронӣ иҷро шудааст. Аввалин тури мусофиратии Валӣ бо номи «Пиону» дар таърихи 21-уми декабри соли 2007 то 5-уми январи соли 2008 дар кишварҳои Канада ва Амрико баргузор шуд. Тури ҷаҳонии ӯ аз таърихи 11-уми майи соли 2008 дар қораҳои Урупо, Австралия, Осиё ва Амрико оғоз шудааст, ки то кунун идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД