Arzon april 2022
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: Солимии модар ва кӯдак, солимии ҷомеа аст
97

 

“Масъалаи модару кӯдак яке аз масъалаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ маҳсуб меёбад, зеро тансиҳативу осудагии онҳо шаҳодат аз он медиҳад, ки ҷамъият солим аст.”

Ин нуқта дар чорабиние, ки бахшида ба 30-юмин солгарди муносибатҳои ду кишвар Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, дар Сафорати Шоҳигарии Арабистон бо иштироки Сафири Арабистони Саудӣ ва рӯзноманигорони тоҷик баргузор гардид, қайд шуд.

Сафир ҳамчунин аз дастовардҳои 30 соли ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҷомеа, ба монандӣ, илму маориф, тандурустӣ, саноат, иқтисодӣ, авиатсионӣ ва дигар самтҳои муҳими ҷомеа ёдовар шуданд.

Лоиҳаи “Беҳтарсозии хизматрасонии тиббӣ барои модар, навзод ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон” бо сарпарасти се фонди бузург таъсис дода шудааст. Дар оянда лоиҳаҳои дигаре роҳандозӣ мешавад, ки ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон равона хоҳанд шуд. Як ҳайати баландпояи Шоҳ Салмон ба Тоҷикистон ташриф оварданд, дар назар аст, ки намояндагони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мулоқот намуда, дар басти дуюм лоиҳаи сарпарасти ятимон баррасӣ шуда, амалӣ мегардад.

Тибқи маълумоти Вазорати молияи Арабистони Саудӣ қисми даромади буҷа дар нимаи аввали соли ҷорӣ 39 дарсад афзоиш ёфтаааст. Шоҳигарӣ дар доираи "Дурнамои саудӣ-2030" дастовардҳои бештарро амалӣ хоҳад кард, ки ба рушди бемайлони иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо равона карда шудааст. 

Шоҳигарии Арабистони Саудӣ яке аз аввалин кишварҳоест, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро 9-сентябри соли 1991 ба расмият шинохт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД