arzon replenishment
Вампири духтарбоз
1712

 

Даричаи ошноӣ
Ном: Йен Сомерхолдер ( Ian Somerhalder ).

Санаи таваллуд: 8-уми декабри 1978.
Мучал: ҷавзо. 
Сину сол: 40- сола.
Қад: 177 см.
Касб: ҳунарпеша, модел.
Вазъи оилавӣ:  оиладор.

Чашмони ошиқкуши марди хунхор

Йен Сомерхолдер бо шарофати силсилафилмҳои фантастикии “Дневники вампиров” ва “Остатся в живих” дар сар то сари ҷаҳон машҳуру маҳбуб гаштааст. Ин ҳунарпешаи ҷавони амрикоӣ кумири ҳазорон-ҳазор хонумҳои олам аст. Ин ягон ҷойи тааҷҷуб надорад, зеро чашмони сабзу нигоҳи ҷаззоби ин ҷавони зебо дили ҳар занро обу адо месозад.

Бачаи камбағал

Йен Ҷозеф Сомерхолдер 8 декабри 1978 дар шаҳраки Луизиана – Ковингтон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Вай дар ИМА ба дунё омада бошад ҳам, дар шараёнҳояш хуни англисию ирландӣ ҷорист. Ин номи аҷибро падару модараш ба ӯ ба шарофати нависандаи машҳур, муаллифи қаҳрамони нотакрор Ҷейс Бонд-Йен Флеминга гузоштаанд. Эҳтимол шумо гумон кунед, ки Йен дар оилаи ягон адиби номдор ё олими намоён ба дунё омадааст, вале дар асл чунин нест. Волидайни ҳунарпеша одамони одӣ буда, падараш сохтмончӣ ва модараш маҳсгар аст. Йен аз кӯдакӣ моҳидорӣ ва аспсавориро дӯст медошт, вале тақдир ин бачаи камбағалро ба роҳи дигар бурда, дар сар то сари олам машҳур гардонд.

Чеҳраи зебои ними давлат

Пас аз оне, ки оилааш ба шаҳри Мандевил кӯч баст, Йен Сомерхолдер ба олами мӯд завқ пайдо кард ва бо ҷиддият ба ин кор машғул гашт. Ҳанӯз дар 10 солагиаш ин модели хурдсол, вале бисёр зебову муваффақ машҳур гашта, ба Ню Йорк барои иштирок дар фотосёмкаҳо мерафт. Ин кӯдаки чашмонаш мисли баҳор сабз аз ҳамон айём бо агентиҳое, ки бо наврасони бомаҳорат ҳамкорӣ мекарданд, робитаи наздик ва шартномаҳои муфиди тиҷоратӣ дошт. Ин писараки 10- сола тез-тез ба саҳнаҳои ниҳоят баланди мӯди ҷаҳонӣ, дар Амрикою Аврупо, Милан, Париж ва Лондон баромада, ҳамаро бо чашмони афсунгараш мафтун мекард. Барои чеҳраи зебо ва чашмони ниҳоят ҷаззобаш машҳуртарин брендҳои олам аз қабили Calvin Klein, Versace, Persol, Esprit, Dolce & Gabbana, Gucci ба Йен маблағи калон медоданд, то ки симои ин ширкатҳо бигардад. Акнун ин бачаи камбағал бо шарофати ҳусни худододаш дар рӯи пул роҳ мегашт ва ба чизе ниёз надошт, аммо дилаш мехост боз ҳам баландтар парвоз намояд...

Ба як мард 40 ҳунар кам

Аз рӯйи мақоли машҳури “ба як мард чиҳил ҳунар кам аст” амал карда, хост худро дар ҷодаи актёрӣ низ санҷида бинад ва ба омӯхтани нозукиҳои ин пеша шуруъ намуд. Беҳуда “одами ҳунарманд дар ҳама кор бомаҳорат аст” нагуфта будаанд, Йен дар синни 17- солагӣ бори аввал ба синамо қадам ниҳода, дар як муддати кӯтоҳ тавонист зинаҳои баландтаринро фатҳ намуда, дар қатори ситора ҷой гирад.

Йен чӣ тавр Супермен шуд?

Аввалин коргардоне, ки Йенро ба мухлисони синамо ошно кард, Хэмилтона Флеминга буд, ки ин ҷавони маълумоти касбӣ надошта, вале табиатан актёрро ба филми «Молодые американцы» даъват намуд. Филми мазкур ба Йен ба он андозае, ки мехост, шуҳрату маҳбубият наоварда бошад ҳам, роҳи ӯро ба олами синамо кушод ва дигар коргардонҳои Голливуд ба ин ҷавони зебо таваҷҷуҳ мекардагӣ шуданд. Пас аз ин Йен Сомерхолдер дар «Тайны Смолвиля» ва “Супермен” нақш бозида, номаш вирди забони хурду калон гашт...

Зинаҳои шуҳрат

Дар соли 2004 Йен дар силсилафилми «Остаться в живых» нақши Бунро бозид. Қаҳрамони офаридаи ӯ яке аз аввалин шахсоне ҳаст, ки дар филм мемирад, аммо ба кӯтоҳии нақши ба зиммааш гузошташуда нигоҳ накарда, Йен чунон табиӣ ва таъсирбахш бозӣ мекард, ки тамоми мухлисон ӯро дӯст доштанд. Коргардонҳо маҷбур шуданд, ки ба хотири ин “любимчик”-и мухлисон дар қисматҳои баъдии филм қаҳрамони ӯро боз чанд бори дигар зинда кунанд. «Остаться в живых» дар тамоми дунё машҳур гашт, Йен бошад, баъди ин дар филмҳои “Турнир на выживание» ва «Ощущение видения» нақш офарида, актёри беҳамто будани худро бори дигар собит намуд...



Саркашии ҷавон боиси он гашт, ки пай дар ҳам 14 духтари ошиқ аз ишқи Руслан даст ба худкушӣ заданд. Рафтори беақлонаи ин духтарҳои дилдода актёри ҷавонро чунон аз ҷинси зан гурезон намуд, ки..
https://oila.tj/news/khudkushii-14-dukhtari-oshi-baroi-indubacha-10-aks


 

 

“Дневники вампира”

Дар байни филмҳое, ки Йен Сомерхолдер дар онҳо нақш бозидааст, “Дневники вампира” мақоми хоса дорад. Дар ин филми пурдаҳшат ӯ нақши демони хунхорро ончунон пуртаъсир бозид, ки дар сар то сари ҷаҳон валвала афканд. Қаҳрамони офаридаи Йен ҷавони бераҳму шафқат бошад ҳам, дар духтарбозӣ устухон надорад ва хонумҳоро ба осонӣ ба доми худ меафтонад.

Домоде, ки як миллион арӯс дорад

Саҳнаҳои филм бисёр даҳшатангез бошанд ҳам, чашмони сабзи ошиқкуши ин ҳунарманди маъруф дар дили миллионҳо хонумҳо оташи ишқу муҳаббатро аланга дод. Пас аз “Дневники вампира” миллионҳо хонумон шефтаву волаи нигоҳи чашмони сабзи Йен гашта, дар ҳасрати оғӯши гарми ин “вампири дилкаш” мисли моҳии аз об дур монда беқаророна метапиданд. Сарватмандтарин хонумҳои ҷаҳон тайёр буданд, ки тамоми дороии худро дар пеши пойи ин ҷавони ҳунарманд бирезанд. Ҳамарӯза ҳазорҳо мухлисдухтарон аз ҳар гӯшаву канори олам ба ӯ даста-даста мактубҳои ошиқона ва туҳфаҳои қимат мефиристоданд.

Машҳуртарин золими ҷаҳон

Нақши демон на танҳо ин актёри зебою бомаҳоратро ба азизи дили зебосанамҳо табдил дод, балки ба ҳунарпеша ҷоизаҳои зиёде овард. Баро иҷрои нақши Демон дар «Дневники вампира» Йен Сомерхолдер соҳиби ҷоизаи баланди Teen Choice Awards аз рӯйи номинатсияи «Лучший злодей» гашта, номи ин ҳунарпешаи ҷавон дар сархати ҳунарпешагони муваффақу серхаридори олам қарор гирифт…

 

Аз ҳавас то ишқи пок

Ҳаёти шахсии ин қаҳрамони булҳавасу духтарбоз албатта якранг нест. Йен Сомерхолдер бо бисёр зебосанамҳои машҳури олдам, аз ҷумла Сара Малейтеста, хоҳари сарояндаи шинохта Перис Хилтон Ники ва ҳунарпешаи зебо Мэгги Грейс муносибатҳои ошиқона дошт, вале ягонтои ин паричеҳраҳо дили ӯро ба даст оварда натавонистанд. Ҳангоми банаворгирии “Дневники вампира” дар дили Йен нисбат ба ҳамбозиаш Нина Добрев оташи ишқ аланга зад. Вай бо тамоми ҳастӣ Нинаро дӯст медошт, вале ин зебосанам аз паси шуҳрат давида, майли оиладор шудан надошт. Танҳо бо ҳамин сабаб ин қиссаи пур аз меҳру муҳаббати ошиқона ба зудӣ ба анҷом расид ва баъди як сол ин ҷуфти зебо аз ҳам ҷудо шуданд.

Қасоси бахтовар

Ин ҷудоиро Йен бисёр мушкил паси сар мекард, вале баъдтар ҳамбозии дигараш, зебосанам Никки ба дарди дили шикастаи ин ошиқи ноком малҳам гашт. Йен Сомерхолдер танҳо ба хотири аз Нина қасос гирифтан бо Никки муносибатҳои ошиқона сар карда бошад ҳам, оҳиста-оҳиста меҳри ин зани самимӣ дар дилаш ҷо шуд. Никки бо тамоми ҳастӣ Йенро дӯст медошт ва охири соли 2014 расман аз ҳамсараш ҷудо шуд, то риштаи тақдирашро бо ошиқаш пайвандад. Онҳо ишқу муҳаббати поки худро дигар аз касе пинҳон надошта, моҳи апрели 2015 тӯйи пушукуҳе оростанд ва расман зану шавҳар шуданд. Никки дугонаи наздиктарини Нина буд ва ӯ тоқати дидани хушбахтии собиқ дӯстдоштаашро бо дугонааш накарда, аз “Дневники вампира” рафт, зеро то ҳол дар як гӯшаи дилаш оташи ишқи Йен аланга мезад.

Йен танҳо ба хотири аз Нина қасас гирифтан бо Никки ишқбозиро сар карда бошад ҳам, ин интиқоми ширин ба ӯ хушбахтӣ овард. Имрӯз оилаи Йен ва Никки яке аз оилаҳои мустаҳкам ва беназири Голливуд ба шумор меравад. Ин ҷуфти зебо аллакай соҳиби духтарчаи нозанине гаштаанд, ки Боди Солэй ном дорад....

Шаҳло Ниёзова

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД